Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳи молҳои саноати сабуки «Интерлегпром» дар Душанбе ба далели дар қаламрави Узбакистон дармондани колоҳои ширкатҳои эронӣ оғоз нашуд.

Намоишгоҳи «Интерлегпром» мебоист рӯзи 5-уми июн дар Кохи Борбади Душанбе оғоз шуда, то 8-уми июн давом мекард.

Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, қарор буд дар ин намоишгоҳ беш аз 50 ширкати саноати сабуки Эрон, Маҷористон ва ширкатҳои нассоҷии худи Тоҷикистон ширкат кунанд: «Мутаассифона, борҳое, ки ширкатҳои эронӣ барои намоишгоҳ оварданӣ буданд, дар кадом минтақаи Узбакистон боздошт шудаанд.» Асаналиев гуфт вай огоҳ нест, ки ба чӣ далел ҷониби Узбакистон молҳои ширкатҳои эрониро боздошт кардааст.

Аммо Алиакбар Умронӣ, мудири кулли ширкати «Роҳи рушди Осиё» ва масъули баргузории ин намоишгоҳ гуфт, ки колои ширкатҳои саноати сабуки ин кишвар ҳанӯз рӯзи шанбеи гузашта бояд ба Тоҷикистон мерасид: «Дар Узбакистон то ба ҳол ба ин ҳад тафтиш шудани колоҳоямон собиқа надорад. Мо қаблан ҳам бо вагон ба Тоҷикистон молҳои зиёдеро ворид кардем, аммо чунин тафтиш намешуд. Аммо ин бор аввал мошинҳои ҳомили коло дар марзи Туркманистуону Узбакистон ва бори дувум дар Сариосиё тафтиш мешаванд. Мақомоти гумруки ин кишвар колоҳои ҳар комюнро холӣ карда, як ба як ҳар як молро бо санадҳояш муқоиса мекунанд.»

Ҷаноби Умронӣ афзуд, ки мувофиқи қоидаҳои боркашонӣ моле, ки тариқи қаламрави як кишвар ба кишвари саввум интиқол дода мешавад ба ҷуз колоҳои низомӣ бояд чунин мӯшикофона тафтиш нашаванд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки имрӯз чанде аз тоҷирони эронӣ, ки тариқи нақлиёти автомобилӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон мол ворид мекунанд, дар интиқоли колояшон аз Узбакистон ба мушкил дучор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар сафорати Узбакистон ба Озодӣ гуфтанд, ки аз ин қазия хабар надоранд ва бинобар ин сабаби боздошт шудани колоҳои Эрон дар қаламрави Узбакистонро наметавонанд шарҳ диҳанд. Аммо муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон Владимир Собкалов ба Озодӣ гуфт, ҳоло тамоми боре, ки ба воситаи қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон меояд, мавриди таҳқиқи мӯшикофона қарор мегирад.

Ин барои нахустин бор нест, ки молу коло барои намоишгоҳи Эрон дар Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон бидуни шарҳу тавзеҳ боздошта шуда, иҷозаи вуруд ба марзи Тоҷикистонро намедиданд ё инки пас аз таъхири чандрӯза онҳоро раҳо мекунанд.

Соли гузашта низ дар марзи Узбакистон бо Тоҷикистон мошинҳои борбари Эрон, ки барои як намоишгоҳ мол ворид мекарданд, аз ҷониби кормандони гумруки Узбакистон манъ шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG