Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмадсолӣ Исмоилов дар ҳабси хонагӣ аст


Маҳмадсолӣ Исмоилов

Маҳмадсолӣ Исмоилов

Додгоҳ сардабири нашрияи ӯзбакии “Ӯш садосӣ”-ро ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Ҳукми додгоҳи шаҳри Ӯш танҳо ба Маҳмадсолӣ Исмоилов тааллуқ дорад. Дигар муттаҳамони куштори як шаҳрванди нопадидшудаи Қирғизистон, ки гӯё аз ҷониби ин афрод дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 рӯй додааст, то моҳи май дар боздошт мемонанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, афроди боздоштшуда се рӯз аст бо наздиконашон дар тамос нестанд. Ба нишони эътироз аз ин иттиҳомот, хешу наздикони онҳо дар назди Сарраёсати минтақавии Вазорати умури дохилаи Қирғизистон дар Ӯш ҷамъ омадаанд. Онҳо мегӯянд, ки азизонашон ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.
Дирӯз додситонии вилояти Ӯш гуфт, ки ҳамроҳ бо журналист, се нафари дигар боздошт шудаанд, вале ҳуввияти онҳо ошкор намешавад.

Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки Исмоилов аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунад.


Маҳмадсолӣ Исмоилов, сардабири рӯзномаи “Ӯш садосӣ”, яке аз раҳбарони ҷамъияти ӯзбактаборони ҷануби Қирғизистон рӯзи 31 март дар маҳаллаи Имомотаи шаҳри Ӯш боздошт шуд. Вай тӯли ҳафт соли охир дар мақоми сардабирии нашрияи давлатии ӯзбакӣ кор мекунад.

Дар ҳоле, ки масъулин аз додани тафсилоти бештар худдорӣ мекунанд, ҳамсараш Зоҳида дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи 31 март ходимони милиса ба хона омада Маҳмадсолӣ Исмоиловро суроғ карданд. “Онҳо чизе нагуфтанд, вале дертар, баъди боздошти шавҳарам маълум шуд, ки ӯро бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як мард гумонбар медонанд“, гуфт ҳамсари Исмоилов.

Ба иттилои ӯ, эҳтимолан сухан дар бораи куштори марди ӯзбактаборе бо исми Анвар Маҳмудов меравад, ки баъди ҳодисаҳои июни соли 2010 нопадид шудааст. Ҳамсари Исмоилов гуфт, ки ин мард шояд зинда аст ва дар Ӯзбакистон панаҳ мебарад. Айни замон, мақомоти тафтишотӣ аз овардани исми шахсе, ки дар куштори ӯ рӯзноманигори нашрияи ӯзбакӣ муттаҳам мешавад, худдорӣ мекунад. Ҳамсари Маҳмудов Аҷар Маҳмудова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки баъди нопадидшавии шавҳараш тобистони соли 2010 дигар аз ӯ дараке нест. Феълан ҳеҷ иттилое роҷеъ ба Анвар Маҳмудов дар даст нест.

Тобистони соли 2010 дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон дар паи барканор шудани президент Қурмонбек Боқиев хушунатҳои байниқавмии миёни сокинони ӯзбак ва қирғизтабор сар зад. Дар натиҷа, тибқи ҳисобҳои мухталиф, беш аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар бораи садҳо ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон, лату кӯб, таҷовуз ва дигар ҷиноятҳои сангин хабар доданд. Ба андешаи онҳо, на ҳама мурофиаҳои додгоҳии муттаҳамони ҳодисаҳои тобистони соли 2010 мунсифона ва бо мурооти ҳуқуқи инсон баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG