Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҳамла ба бемористони Кундузро маҳкум кард


Комиссарияти олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе ҳамлаи ҳавоӣ ба як бемористон дар Кундузи Афғонистонро, ки боиси ҳалокати 19 нафар шуд, маҳкум кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Созмони табибони бидуни марз дар баёнияе эълом кардааст, ки 12 тан аз коркунони ин созмон ва ҳафт бемор дар ҳамлаи ҳавоӣ ба бемористони шаҳри Кундуз дар шимоли Афғонистон кушта шуданд.

Созмони табибони бидуни марз ҳамчунин гуфтааст, дар ин ҳамла, ки соати 02:10 дақиқаи шаби ҷумъа ба шанбе сурат гирифт, ҳади ақал 37 тан захмӣ шудаанд. Дар ин баёния омадааст, ки қаблан Созмони табибони бидуни марз ҷои дақиқи ин бемористонро ба мақомҳои низомии эътилофи байналмилалӣ иттилоъ дода буданд, то аз ҳар гуна хатар эмин бошанд.

Дар ҳамин ҳол Зайд Раъд Ал-Ҳусайн, комиссари ҳуқуқи башари СММ рӯзи шанбе бо нашри як баёния таъкид кардааст, ки агар дар додгоҳ собит шавад, ки ҳамла барқасдона будааст, ҳамла ба як бемористон метавонад як ҷиноятӣ ҷангӣ ҳисоб шавад: "Ин ҳодиса амиқан таассуфбарангез, тавҷеҳнопазир ва эҳтимолан ҳатто метавон онро ҷинояткорона донист."

Дар ҳамин ҳол, Эштон Картер, вазири дифои Амрико дар вокуниш ба ҳамлаи ҳавоӣ ба бемористон дар Кундуз гуфтааст, ки "таҳқиқоти комил" дар ин замина оғоз шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки қаблан нерӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон эълом кардаанд, ки тақрибан дар ҳамон лаҳзаҳое, ки бинои бемористон дар Кундуз ҳадаф қарор гирифта буд, дар наздикии он ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд.

Ба дунболи тасарруфи шаҳри Кундуз дар шимоли Афғонистон дар рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта аз сӯи гурӯҳи Толибон, нерӯҳои давлатӣ бо пуштибонии нерӯҳои эътилофи байналмилал амалиёти берунсозии Толибон аз ин шаҳрро оғоз карданд.

Ҳукумати Афғонистон шоми панҷшанбе эълом кард, ки нерӯҳои давлатӣ тавонистанд Толибонро аз қисматҳои марказии Кундуз берун кунанд. Тасарруфи Кундуз ба дасти Толибон, муҳимтарин пирӯзии ин гурӯҳ дар Афғонистон дар 15 соли гузашта ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG