Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди маъмурияти низомии Амрико дар Афғонистон


Раиси ҷумҳурии Амрико маъмурияти низомии кишварашро дар Афғонистон то охири соли 2017 тамдид кард.

Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи 15 октябр гуфт, ки 9800 низомии амрикоӣ то охири соли 2016 ва пас аз он 5500 сарбози ин кишвар то охири соли 2017 дар Афғонистон хоҳанд монд. Обама мегӯяд, ки "маъмурияти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон тағйир нахоҳад кард ва онҳо ба омӯзиш ва ҳимояти нерӯҳои амниятии афғон идома хоҳанд дод."

Саранҷом вазъияти Афғонистон раҳбари Амрикоро водор кард, ки маъмурияти ин кишварро дар Афғонистон то поёни соли 2017 тамдид кунад. Вай гуфтааст, ки нерӯҳои амрикоӣ дар беш аз ду соли оянда ба омӯзиши нерӯҳои афғон ва мубориза бо терроризм саргарм хоҳанд буд.

Оқои Обама гуфтааст, ки "ба унвони фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ намегузорам, ки аз Афғонистон бори дигар ба ҳайси як паноҳгоҳи террористон барои ҳамла ба кишвари мо истифода шавад. Нерӯҳои мо ба ҳамин манзур ба ду маъмурияти хурд ва дар айни ҳол душвор ворид хоҳанд шуд - нахуст барори таълими нерӯҳои афғон ва дуввум ба хотири ҳимоят аз амалиёти зидди терроризм алайҳи боқимондаҳои Ал-Қоида."

Дар бахше аз изҳороташ, раиси ҷумҳурии Амрико гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон дар ҷараёни амалиёти Кундуз тавоноии худро нишон доданд. Аммо оқои Обама таъкид кардааст, ки то ҳанӯз ин тавоноии нерӯҳои афғон ба ҳадди зиёд нарасидааст ва ин нерӯҳо ба ҳимоят ниёз доранд. Ба қавли Обама, бо вуҷуди кӯмакҳо, Афғонистон як кишвари комил нест ва ҳанӯз пурхатар боқӣ мемонад.

Барак Обама гуфт, бо он ки маъмурияти низомии Амрико дар Афғонистон поён ёфтааст, аммо Вашингтон худро ӯҳдадор меҳисобад, ки ба Ағонистон кӯмак намояд.

Раиси ҷумҳури Амрико аз ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ситоиш намуд ва гуфт, ки аз талошҳои сулҳ таҳти раҳбарии афғонҳо ҳимоят мекунад.

Ҳоло тасмими ниҳоӣ ба Барак Обама вобаста аст, ки пас аз интихоботи соли 2017 дар Амрико дар ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон чӣ хоҳад кард. Шуморе аз номзадҳои интихоботи президентии Амрико қаблан аз тасмими Обама барои хуруҷи комили нерӯҳо аз Афғонистон интиқоди шадид карда буданд. Аммо Ҷеб Буш, раиси пешини иёлоти Флорида ва аз номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико мегӯяд, ки аз барномаи президент Обама дар мавриди Афғонистон хурсанд аст.

Ба гуфтаи шуморе аз мақомҳои амрикоӣ, Барак Обама ҳузур ва шумораи нерӯҳои кишвараш дар Афғонистонро бо дархости фармондеҳони баландпояи низомии кишвараш таъйид кардааст. Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳҳои низомии Кобул, Багром, Ҷалолобод ва Қандаҳор мустақар мебошанд.

XS
SM
MD
LG