Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи шашуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия натиҷагирӣ шуд.

Дар маҷмӯъ то имрӯз дар садри феҳрасти ҷоизадорҳои олимпӣ – мунтахаби ИМА бо 16 медали тилло, 12 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ қарор дорад. Дар ҷои дуюм Чин бо 11 медали тилло, 8 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ, дар ҷои сеюм Ҷопон бо 7 медали тилло, 2 нуқра ва 13 биринҷӣ мебошанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Австралия (5-4-6), Кореяи Ҷанубӣ (5-2-4), Венгрия (5-1-1), Русия (4-8-7), Британияи Кабир (4-6-6), Олмон (4-3-1) ва Италия (3-6-3) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 57 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 36 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ҳашт кишвар - Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 12-ум), Украина (2 медали нуқра ва як биринҷӣ – ҷойи 38-ум), Озарбойҷон (2 медали нуқра – ҷойи 39-ум), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 43-юм), Литва (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 43-юм), Узбакистон (2 медали биринҷӣ – ҷойи 49-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ – ҷойи 51-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 51-ум)- ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.

Аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, се нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг)) ва Олим Қурбонов (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Чаҳор нафари дигар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо), Анастасия Тюрина (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.

Тақвими мусобиқоти минбаъдаи варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

12 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG