Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дили тоҷикдухтаронро ба мактаб гарм мекунад


Сюзан Эллиот дар маросими ифтитоҳи барномаи USAID дар ноҳияи Данғара.

Сюзан Эллиот дар маросими ифтитоҳи барномаи USAID дар ноҳияи Данғара.

Амрико барои ҷилавгирӣ аз тарки таҳсил кардани духтарон дар Тоҷикистон, барномаи вижаеро рӯи даст гирифтааст.

Имрӯз, 12-уми декабр, дар ноҳияи Данғара маросими муаррифӣ ва ифтитоҳи расмии Барномаи озмоишии ҷилавгирӣ аз тарки мактаб кардани мактаббачаҳо дар вилояти Хатлон баргузор шуд. Дар маросими муаррифии барномаи мазкур, ки бо пуштибонии молии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва ё USAID амалӣ мегардад, Сюзан Эллиот сафири Амрико дар Тоҷикистон, Карен Тиетҷен, раҳбари барнома, Маҳмадулоҳ Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара ва намояндагони вазорати маорифу толибилмон ширкат доштанд.

Карен Тиетҷен, раҳбари барномаи озмоишии ҷилавгирӣ аз тарки мактаб кардани толибилмон дар USAID, гуфт, ҳадафи аслии тарҳи мазкур бо усулҳои ҷолиб, дарсҳои сабуки иловагӣ, машқу бозиҳои мухталифи шавқовар гарм кардани дили хонандагон ба мактаб ва таълиму тадрис аст. Ба гуфтаи ӯ, иҷрои барномаи мазкур дар ду самт,- муайянсозии сабабҳои мактабгурезии хонандагон ва бо усулҳои мухталиф ҷалби толибилмони синфҳои 9 барои идомаи таҳсил сурат мегирад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон давоми таҳсили 11- сола, се дарсади хонандагон мактабро тарк мекунанд. Ин шумора аз бисёр кишварҳои ҷаҳон паст аст ва сабаби аслии кам будани мизони тарки мактаб дар Тоҷикистон таҳсили ҳатмии 9-сола арзёбӣ мешавад. Аммо пас аз синфи 9, шумораи хонандагоне, ки мактабро тарк мекунанд, якбора меафзояд.

Тибқи маълумоти масъулони барномаи USAID, тарки мактаб кардани хонандагон дар Хатлон, Душанбе ва навоҳии тобеи марказ зиёд ба мушоҳида мерасад.

Тибқи таҳлилҳо, омилҳои аслии тарки мактаб кардани хонандагон, мушкилоти иқтисодӣ, бе назорат мондани фарзандон бо иллати муҳоҷирати волидайн ва иваз кардани маҳалли зист мебошад.

Оҷонсии ИМА оида ба рушд дар зимни иҷрои тарҳи мазкур 165 мактабро интихоб кардааст. Дар доираи барномаи озмоишӣ барои ҷилавгирӣ аз тарки мактаб кардани хонандагон дар 82 мактаб чорабиниҳои гуногун гузаронда мешавад, вале дар 83 мактаби дигар ҳеҷ иқдоме сурат намегирад. Пас аз анҷоми барномаи мазкур, ки барои се сол тарҳрезӣ шудааст, нишондиҳандаҳои 82 мактаби фарогири барнома бо 83 мактаби дигар муқоиса мешавад ва натиҷаи барномаи озмоишӣ муқаррар мегардад.

Барномаи озмоишии ҷилавгирӣ аз тарки мактаб кардан аз ҷумлаи он кӯмакҳое мебошад, ки мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ анҷом дода мешавад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироа намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG