Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе тайи маросиме аз 239-умин солгарди истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷлил шуд.

Маросими таҷлили рӯзи истиқлолият Амрико шоми панҷшанбеи 4 июн дар меҳмонхонаи “Ҳаячт Реҷенси” ба ибтикори сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.Дар ин маросим масъулони сафорати ИМА, мақомоти давлати Тоҷикистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, раҳбарони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва дигарон ширкат доштанд.

Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе зимни ифтихор донистани истиқлолият, густаришу равобити кишвар бо Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кард. Ба таъкиди хонум Эллиотт, ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар арсаҳои мухталиф тақвият меёбад, ки ин омили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо аст.

“Муносибот дар марҳалаи рушди устувор”

Ба навбаи худ Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, “муносиботу ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад ва минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.”

Ба гуфтаи ҷаноби Аслов, “дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон як зумра барномаҳои муштарак амалӣ мешаванд ва Тоҷикистону Амрико ҳамкориҳои худро дар умури таъмини амнияти марзҳо, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва маҳви силоҳи қатли ом, таҳким мебахшанд.

Ба хусус вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамкории муштарак бо ИМА дар Эътилофи зидди террористӣ ва ифротгароиро зикр кард ва гуфт, ки “ҳар ду кишвар талошҳоеро барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва эҳёи иқтисодии ин кишвари ҷангзада анҷом медиҳанд.”

Ин аст, ки ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамасола брифинги сиёсии мақомоти Тоҷикистон ва ИМА дар робита ба Афғонистон баргузор мешавад. Ҳамчунин, Сироҷиддин Аслов дар иртибот ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба ИМА дар заминаи ҷонибдорӣ аз тарҳи КАСА –1000 изҳори сипос кард.

Машваратҳои солонаи сиёсии Тоҷикистон ва ИМА

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузории машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрикоро дар тақвияти муносибот ва ҳамкориҳои байни ду кишвар хеле арзишманд хонд ва гуфт, ки даври навбатии ин нишаст ба таърихи 16 июн дар шаҳри Вашингтон доир мешавад.

Сироҷиддин Аслов гуфт, ки дар даври навбатии машваратҳои сиёсӣ, ҷонибҳо маҷмӯи масоили мавриди таваҷҷӯи тарафайнро баррасӣ хоҳанд кард. Вай ибрози умедворӣ намуд, ки “созишҳое, ки дар машварати навбатии сиёсии миёни Тоҷикистон ва ИМА дар Вошингтон ба даст меояд, дар тӯли сол амалӣ шаванд.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки давраи сеюми машварҳои сиёсии Тоҷикистон ва ИМА аввали моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Ҷониби ИМА дар ин машварат Ниша Бисвал, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва ҷониби Тоҷикистонро Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар намояндагӣ карда буданд.

Хонум Ниша Бисвал дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ натоиҷи машвари сеюми сиёсии миёни ИМА ва Тоҷикистонро хеле муассир хонад буд. Вай гуфт буд, ки “мо муколамаҳои хеле ошкору самимона ва фаъолона доштем. Мо имконоти фаровонеро барои тақвияти равобити ҳарду кишвар мебинем.Дар ҷараёни машваратҳои дуҷониба мо дар бораи ҳамкориҳои амниятӣ миёни ҳарду кишвар, аз ҷумла дар бораи давраи гузариш дар Афғонистон, сӯҳбат кардем. Мо бо дӯстону ҳамкоронамон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, то онҳо дар мавриди тавоноияшон ба ҳифозати марзҳо, коҳиши қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароии хушунатомез мутмаин бошанд. Мо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ низ сӯҳбат кардем. Иёлоти Муттаҳида хеле мехоҳад, ки шукуфоӣ ва пешрафти мардуми тоҷикро бубинад. Мо ҳамчунин дар бораи иқдомоте сӯҳбат кардем, ки метавонанд сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро ташвиқ кунанд.”

Зимнан, нахустин даври машварати сиёсии Тоҷикистон ва ИМА моҳи феврали соли 2010 дар Вошингтон шурӯъ шуда буд, ки дар он ҳамкориҳо дар бахшҳои амниятӣ, молиявӣ, энержӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шуда буданд. Тоҷикистон бо ИМА аз соли 1992 равобити дипломатӣ оғоз кардааст. Муддати беш аз 20 соли ахир ИМА ба Тоҷикистон тавассути барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои ҳимоят аз ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ихтисос додаанд.

XS
SM
MD
LG