Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, имсол дар зиндонҳои ин кишвар 45 маҳбус вафот кардааст, аммо дар нимаи аввали соли 2014 дар маҳбасҳои кишвар ягон мавриди худкушӣ сабт нашудааст.

Вазорати адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, дар нимаи аввали соли 2014 дар зиндонҳои кишвар 45 маҳбус фавт кардааст.

Рустами Шоҳмурод (қаблан Менглиев), вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи23-уми июл дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, марги ин зиндониён асосан ба иллати бемориҳои мухталиф буда, имсол дар зиндонҳои Тоҷикистон, ба фарқ аз солҳои гузашта ягон ҳодисаи худкушӣ сабт нашудааст.

Бино ба маълумоти вазиир адлия, феълан дар маҳбасҳои кишвар, беш аз 10 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз ин теъдод 307 нафараш занонанд. Шумораи ноболиғони зиндонӣ 61 нафар гуфта мешавад.

Рустами Шоҳмурод ҳамчунин афзуд, дар назар аст, то соли 2016 маҳбаси нав, воқеъ дар шаҳраки Ваҳдат, ки бунёдаш соли 2008 оғоз шуда буд, ба истифода дода шавад. Ҳамзамон дар ояндаи наздик бунёди ду зиндони нав дар нақша гирифта шудааст. Сохтмони ин зиндонҳо дар чаҳорчӯби барномаи ислоҳоти низоми зиндонҳои Тоҷикистон аст

Вазири адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ никоҳ бо хориҷиён дар кишвар коҳиш ёфта, ҳамагӣ 95 мавриди бо атбои кимшварҳои дигар издивоҷ кардани шаҳрвандони тоҷик сабт шудааст. Соле пеш ин рақам ба 137 маврид баробар буд. Гуфта мешавад, асосан шаҳрвандони тоҷик бо шаҳвандони Русия, Узбакистон ва Афғонистон издивоҷ мекунанд.

Ҷаноби Шоҳмурод кам шудани чунин никоҳҳоро ба амалӣ шудани қонуни издивоҷ бо хориҷиён рабт дод, ки он хориҷиёнро вазифадор мекунад, пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дастикам як соли охир дар Тоҷикистон зиста бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG