Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эронро ба нишасти сулҳи Сурия "роҳ надоданд"


Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Сурия. Акс аз бойгонӣ.
Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Сурия. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳоле, ки даъват аз Эрон барои ширкат дар нишасти сулҳи Сурия бо мухолифати Амрико ва мухолифони Сурия рӯбарӯ шуд, СММ рӯзи душанбе эълом кард, ки ин даъват лағв шуда ва конфронси Женева-2 бидуни Эрон доир мешавад.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", сухангӯи дабири кулли СММ рӯзи душанбе гуфт: "Дабири кулли СММ амиқан аз тағйири изҳороти мақомҳои Эрон ба ваъдаҳои ахирашон дилсард шудааст... ба ин далел Бан Кӣ Мун тасмим гирифтааст то нишасти Женева-2 бидуни ҳузури Эрон баргузор шавад". Сухангӯи дабири кулли СММ афзуд, ки мақомҳои баландпояи Эрон қаблан ба Бан Кӣ Мун итминон дода буданд, ки шартҳои ин даъватро дарк карда ва пазируфтаанд.

Дабири кулли СММ ду рӯз қабл зимни даъват аз Эрон барои ширкат дар конфронси сулҳи Сурия гуфт, ки ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Теҳрон худро муваззаф ба иҷрои нақши мусбат ва созанда дар ин бӯҳрон нишон дод.
Вай афзуд, дар гуфтугӯҳое, ки дар рӯзҳои гузашта бо вазири умури хориҷии Эрон доштааст, Теҳрон нишасти Женева-1-ро ба унвони поя ва асосе барои конфронси сулҳи Женева-2 пазируфта аст.

Бо ин ҳол вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе бо таъйиди дарёфти даъватномаи Бан Кӣ Мун, эълом кард, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳеҷ гуна шартеро барои ширкат дар иҷлоси Женева-2 намепазирад. Дар айни ҳол Муҳаммад Хазоӣ, намояндаи Эрон дар СММ ҳам дар баёнияе гуфт, ки шарти ҳимоят аз натиҷаҳои нишасти Женева -1, барои Теҳрон пазируфтанӣ нест. Сухангӯи Бан Кӣ Мун рӯзи душанбе ин изҳоротро "ноумедкунанда" хонд ва таъкид кард, ки мавзеъгирии Эрон дар ин замина, он чизе набуд, ки дабири кулли СММ интизорашро дошт.

Ба дунболи даъвати рӯзи якшанбеи Бан Кӣ Мун аз Эрон барои ширкат дар конфронси сулҳи Сурия, Эътилофи миллии Сурия, Амрико ва Арабистони Саудӣ бо ширкати Эрон дар ин нишаст, бидуни пазируфтани натоиҷи конфронси Женева-1 мухолифат карда буданд. Дар нишасти Женева-1 бо ташкили давлати интиқолӣ дар Сурия мувофиқат шуда буд.

Конфронси Женева-2, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои поён додан ба наздик ба се сол ҷанги дохилӣ ва бӯҳрон дар Сурия ба он умед бастаанд, қарор аст 22-юми январ дар Шведсария баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG