Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони украинӣ ҳайкали Ленинро "чаппа" карданд


Ҳазорон тан аз эътирозогарон шомгоҳи рӯзи якшанбе дар маркази шаҳри Киев ба тазоҳуроти худ идома доданд ва биноҳои давлатиро дар муҳосира қарор доданд.

Тазоҳуркунандагони рӯзи якшанбе, ки шумораи онҳо то ним миллион нафар гуфта мешавад, шиорҳое алайҳи ҳукумат медоданд ва хостори интихоботи зудҳангом буданд. Теъдоде аз эътирозкунандагони рӯзи якшанбе муҷассамаи Ленин, бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравии собиқро ба зер андохтанд. Раҳбарони мухолифон гуфтаанд, ки ба ин амал иртиботе надоштаанд ва нахуствазири Украина низ онро иқдоме "ваҳшиёна" хондааст.

Юлия Тимошенко-нахуствазири зиндонии Украина дар номаи худ хостааст, ки Виктор Янукович аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ин номаро Евгения Тимошенко-духтари вай ба эътирозгарони Майдон қироат кард. Арсений Ятсенюк аз ҳизби Баткившинаи Тимошенко аз ҳозирин хост, ки ҳамаи биноҳои ҳукуматӣ ва давлатиро дар Киев ба муҳосира бигиранд.

Акнун аз се ҳафта ба ин сӯ майдони Истиқлоли Киев ба маҳали эътирозҳои мухолифон табдил ёфтааст. Якшанбеи ҳафтаи гузашта дар чунин эътирозҳо ҳудуди 300 ҳазор нафар ширкат ҷустанд ва он бузургтарин тазоҳурот аз замони инқилоби норинҷии соли 2004 дар Украина буд. Рӯзи шанбе Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон дар баробари 20 ҳазор нафар суханронӣ кард ва онҳо хост, ки тазоҳуроти худро барои наздиктар шудан бо Аврупо идома диҳанд.

Эътирозҳои ҳафтаҳои ахир дар Украина пас аз он оғоз шуд, ки раиси ҷумҳури ин кишвар "бинобар фишорҳои Русия" аз имзои паймони ҳамкории иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупо худдорӣ кард. Хабаргузории "Интерфакс" гузориш додааст, ки дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва раиси Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо телефонӣ бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина гуфтугӯ кардаанд. Катрин Эштон масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ қарор аст тайи рӯзҳои оянда ба Киев биравад.

Эътирозгарон дар Киев ҳайкали Ленинро сарнагун карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
XS
SM
MD
LG