Пайвандҳои дастрасӣ

Украина таҳдид кард, ки аз "Газпром" ба додгоҳ шикоят мебарад


Украина рӯзи шанбе зимни мухолифат аз афзоиши нархи гази содиротии Русия таҳдид кард, ки аз ширкати "Газпром" ба додгоҳ шикоят хоҳад кард.

Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк Русияро муттаҳам кард, ки бо афзоиши қимати гази содироташ, даст ба таҷовузи иқтисодӣ алайҳи ин кишвар задааст.

Нахуствазири Украина рӯзи 5-уми апрел зимни нишасти ҳукумати ин кишвар гуфт, ки Русия аз роҳи низомӣ натавонист кишварашро ба тасарруф дарорад ва ҳоло барномаҳоеро амалӣ мекунанд, ки Украинаро аз роҳи таҳдидҳои иқтисодӣ аз пой дарорад. Нахуствазири Украина дар ин нишаст гуфтааст, фишорҳои сиёсиро қабул надоранд, ҳатто агар Русия қимати газро барои ҳар ҳазор метри мукааб ба 500 доллар расонад.

Ин изҳори назари нахуствазири Украина дар ҳоле баён шуд, ки ҳафтаи гузашта Русия ду дафъа қимати гази содиротии худро бо Украина афзоиш дод ва ҳоло нархи гази содироти барои Киев сари ҳар ҳазор метри мукааб, ки дар оғози ҳафта 285,5 доллар буд, дар поёни ҳафта ба 485,5 доллари амрикоӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол вазири энержӣ ва саноати ангишти Украина гуфтааст, ки талошҳояшонро барои дарёфти газ аз Русия бо нархи арзон идома медиҳанд ва дар ҳолати нокомӣ ба додгоҳи Стокҳолм шикоят хоҳанд бурд.

Ширкати "Газпром"-и Русия чанд рӯз пеш нархи ҳар ҳазор метри мукаааб гази содиротии худро ба Украина дар ҳаҷми 117 доллар афзоиш дод. Раиси ин ширкат дар ин маврид гуфт, ҳаҷми қарзҳои Украина ба хотири дарёфти газ аз Русия беш аз 1 миллиарду 700 миллион доллар аст.

Дар ҳамин ҳол ширкати “Газпром”-и Русия мегӯяд, ки Украина бояд 11,4 миллиард доллар пуле, ки аз ҳисоби фурӯши арзони газ ба Украина ҷамъ шуда буд, ба Русия пардохт кунад. Фурӯши арзон бар асоси қарордоди ҷонибҳо сурат гирифтааст.

Алексей Миллер-раиси ширкати “Газпром” гуфт, бар асоси қарордоди соли 2009, ки дар Харков ба имзо расида буд, Украина 4 сол ҳақ дошт, ки бо нархи арзон газ бигирад. Миллер гуфт, ин нархи арзон дар ивази истиқрори нируҳои дарёии Русия дар Симферопол дар баҳри Сиёҳ иртибот дошт, ки то соли 2017-ро дар бар мегирифт.

Ба гуфти Миллер, акнун бандари Симферопол ва умуман минтақаи Қрим дар ихтиёри Русия даромадааст ва Украина бояд фарқияти пешомадаи пешпардохти нархи газро ба Русия баргардонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG