Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шаби гузашта ба қатл расидаанд ва як ҳамсабақи онҳо ҳамчун гумонбар дар ин куштор боздошт шудааст.

Тибқи иттилои шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб, шаби гузашта ду донишҷӯи Донишгоҳи давлати Кӯлоб дар утоқи иҷораашон аз сӯи як ҳамсабақи худ ба қатл расидаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи курси панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз ноҳияи Темурмалик, Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров, донишҷӯёни соли савуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии ҳамин донишгоҳро, ки аз маҳаллаи Даҳанаи Кӯлоб будаанд, бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Як масъули шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб бидуни овардани номаш, шанбеи 22-юми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Амирхон Ҳотамов дар як дорухона посбон буда ва шабҳо онҷо мехобидааст. Вале вай рӯзи гузашта ба утоқи иҷораи Наврӯз ва Ҳокимхон омада, аз боми он кафтар меқапанд ва ҳамроҳ хӯрок мепазанд: “Амирхон маст будааст. Вақте кафтар меқапанду онро мепазанд, бачаҳоро маҷбур мекунад, ки онҳо низ ҳамроҳаш аз гӯшти кафтар бихӯранд. Наврӯз хоҳишашро рад намуда, мегӯяд, гӯшт бӯй мекунад, намехӯрем. Барои ҳамин Амирхон асабӣ шуда, чоқуро гирифта ба гулӯи Наврӯз мезанад. Ҳокимхон мехоҳад Наврӯзро наҷот диҳад, аммо Амирхон кордро гирифта, дар дили Ҳокимхон мезанад. Дар натиҷа яке дар ҷой ҳодиса ва дигарӣ дар даромадгоҳи бино мефавтанд.”

Ба қавли ин масъули корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб, дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Амирхон гуноҳи худро пурра эътироф кардааст. Ҳатто кордеро, ки ду донишҷӯро бо он ба ҳалокат расонидааст худаш ба пулис нишон додааст. Тавре гуфта мешавад, ин се донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо ҳам риштаи дӯстӣ дошта, ба дидори ҳамдигар низ мерафтаанд.

Шарофат Худойдодова, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ бо тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, шаби гузашта дар хонаи 23 дар маҳаллаи Борбади ҳамин шаҳр ҳодиса рух додааст ва ҳар ду донишҷӯи кушташуда муҳассилони ин донишгоҳ буданд. Хонум Худойдодова мегӯяд, сар задани чунин ҳодиса мусибати сахт аст ва онҳо ҳамеша миёни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда чунин ҳодиса сар зад.

Шарофат Худойдодова

Шарофат Худойдодова

Вай мегӯяд: “Ду рӯзе пеш кормандони гурӯҳи фаврии Кумитаи амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлоб бо тамоми донишҷӯён мулоқот доштанд, ки ду донишҷӯи ҳалокшуда низ он ҷо ширкат доштанд. Ҳардуи ин донишҷӯён бачаҳои фаъол буда, якеашон сардори гурӯҳ мебошад. Амирхон Ҳотамов, ки ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, солҳои пеш чандин маротиба қоидаҳои донишҷӯиро вайрон карда, дар хобгоҳи донишгоҳ дигар ба ӯ ҷой надода буданд.”

Ин масъули Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ накарда, иҷоранишин мебошанд, маъмулан ҷойе кор мекунанд. Бинобар ин, онҳо ҳама нафарони болиғ ҳастанд ва худашон бояд ба гуноҳашон ҷавоб диҳанд.

Холаи Зеварбону, ки ҳодисаи куштор дар наздикӣ манзилашон сар задааст, мегӯяд, дар хонае, ки ин ду донишҷӯ зиндагӣ мекарданд, ҳароҳашон инчунин 4 ҷавони дигар низ ҳаст, ки намедонем он шаб куҷо будаанд. Онҳо шаш нафар буда ва ба қавли холаи Зеварбону, се моҳ инҷониб дар ин макон зиндагӣ мекунанд, аммо ба касе кордор набудаанд.

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамакнун дар мавриди ин ҳодиса парванда боз шуда ва расидагӣ ба куштор давом дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG