Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтаи гузашта дар Варзоб хабари марги ҷавонзане наздиконашро такон дод. Дар ноҳияи Фархор осори ҷасади арӯси ҷавони дигаре пайдо шуд, ки беш аз як сол дар ҷустуҷӯ буд.

Саломати 24-сола аз Варзоб

Марги фоҷиавии ҷавонзани 24-сола дар ноҳияи Варзоб аксарияти сокинони ин минтақаро такон дода, сару садои зиёдеро ба миён овардааст. Саломат Мӯсоева, сокини деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ва модари ду фарзанд шаби 25-уми марти соли равон ба таври мармуз аз ҷаҳон гузашт. Дар фарзияи марги ӯ ҳам худсӯзӣ ва ҳам куштор ҷой дорад. Мақомоти интизомӣ бо далели халал наёфтани раванди тафтиш ҷузъиёти воқеаро шарҳ намедиҳанд, аммо шавҳари Саломат - Фаррух Баротови 25-сола ҳоло дар борздоштгоҳ ба сар мебарад.

Ба қавли пайвандони Саломат, ӯ се сол пеш оиладор шуда, ахиран аз ҷониби хонаводаи шавҳараш мавриди озору латтукӯб қарор мегирифтааст.

Наздикони Саломат.

Наздикони Саломат.

Нигорбӣ Мӯсоева, модари Саломат, ба Раиои Озодӣ гуфт, азбаски ӯ ду бор сактаи қалб шудааст, духтараш на ҳамеша мушкили зиндагияшро ба вай мегуфт. Аммо ба қавли ин сокини деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб, чанд рӯз пеш аз маргаш Саломат аз ҷониби шавҳар ва падарарӯсаш шадидан латукӯб шудааст. Он рӯз тамоми аъзои бадани Саломат сиёҳ шуда, аз сараш зарба хӯрда буд. Он вақт кор то ба милиса кашида буд.

Ба нақли пайвандони Саломат, зиндагии ӯ бо шавҳараш қаблан хуб буд. Танҳо баъди таваллуди духтари нахустинаш ва аз зиндон озод шудани падарарӯсаш моҷароҳои зиндагияшон оғоз шудааст.

Модари Саломат мегӯяд: “Писари калонам ҳамсояи хушдомани Саломат аст. Ҳафтае пеш аз маргаш намози шом хусураш зада аз хона берун мекунад. Аз ин кор акааш хабардор шуд. Ба мо занг зада гуфт, чӣ кор кунад. Вақте телефонро ба Саломат доду падараш ҳамроҳаш гап зад, гуфт «инҳо маро мекушанд. Агар соҳибӣ кунеду омада баред, майлаш, агар не худамро мекушам. Ба дарё мепартоям». Падараш ҳам шабона хеста рафт. Полис ҳам даъват карданд. Ҳама хешу таборҳо буданд. Хушдоману шавҳараш ваъда доданд, ки ҳама муолиҷаашро худашон ба дӯш мегиранд ва иҷоза надоданд, ки падараш духтарамро гирифта биёрад. Аз байн ду рӯз гузашт боз рафта овардем, чунки ҳолаш хуб набуд. Се рӯз дар хонаамон буд. Шавҳараш ҳар рӯз занг зада, «хона биё» мегуфт. Рӯзи 25-уми март духтари калониам гуселаш кард. Ҳамон рӯз рафту шабаш худашро алов задааст. Шаби сар задани ҳодиса моро хабардор накарданд. Субҳи рӯзи 26-уми март чанд лаҳза пеш аз маргаш моро хабар карданд.”

Падари Саломат.

Падари Саломат.

Нигорбӣ Мӯсоева мегӯяд, вақте дар беморхона аз Саломат пурсидааст, ки чаро чунин кард, гуфтааст, ки хушдоманам зиёд таъна зада, шавҳарам дубора латукӯб кард. Дигар ҳеҷ илоҷе наёфтаму худамро оташ задам: “Фақат бо ишора гап мезад. Аввал гуфт, обаш диҳам. Бо шпритс обаш додам. Каме қувват гирифт, гуфт, гӯшамро ба назди даҳонаш барам. Вақте наздик кардам худамро гуфт: “Очаҷон, шири додагиятонро бахшед. Духтаронамро аз он хона гиред.”

Вале, ба нақли пайвандони Саломат, сарӯ рӯяш осеб надида, бештар пушташ сӯхта буд. Бо ин далел, онҳо гумон надоранд, ки вай худаш худашро оташ зада бошад.

Маҳина, хоҳари хурдии Саломат мегӯяд, вақте апааш духтари аввалашро таваллуд кард, тахқиру хушунат нисбаташ оғоз гардид. Ҳамеша ӯро таъна мезадаанд, ки ту мисли модарат “духтарзо” ҳастӣ. Ҳамсояҳои падари Саломат низ ҳоло бо таассуф мегӯянд, ӯ як зани хеле зиндадилу қавӣ буд. Аммо азбаски зиндагияш душвор буд, ба ин кор даст зад.

Наздикони Саломат мегӯянд вай соати 20:00 оташ гирифтааст, аммо ӯро танҳо баъди ба ҳуш омаданаш дар соати 00:00 ба беморхона интиқол додаанд.

Аммо Маърифат Ғаффорова, хушдомани Саломат мегӯяд, дақиқан намедонад, ки ҳодисаи сӯхтани келинаш чӣ гуна сар задаст. Хонум Ғаффорова мегӯяд, шаби 25 ба 26-уми март соати 00:00 танҳо баъди шунидани додзании писараш аз ҳодиса огоҳ шудааст.

Маърифат Ғаффорова, ки ду духтари Саломатро нигоҳбонӣ мекард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз бо писараш сӯҳбат накардааст, ки асли воқеаро пурсад. Зеро, ба қавли ин хонум, кормандони додситонӣ аз беморхонаи рақами 3-и Душанбе писараш Фаррух Баротовро боздошт кардаанд ва ҳанӯз иҷозаи мулоқотро барояшон надодаанд.

Маърифат Ғаффорова, ки аслан ин қазияро шарҳ додан намехост, танҳо ҳамин қадар гуфт: “Зиндагияшон хуб буд. Писарам занашро дӯст медошт, намедонам барои чӣ ин корро кард. Чанд вақт пештар либосҳои шавҳарамро нашушта буд. Вақте шавҳарам камтар сарзанишаш кард, ману шавҳарам даъво шудем, ки кордор нашавад. Ба хотири ҳамин чиз шавҳарам 18 рӯз мешавад аз хона баромада рафтаасту даракаш нест. Лекин дигар ҳеҷ мушкиле надоштем.”

Мақомоти додситонии ноҳияи Варзоб низ дар робита ба марги Саломат Мӯсоева танҳо гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ оғоз карда тафтишот идома дорад, вале феълан бо сабаби халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот аз шарҳи бештари қазия худдорӣ мекунанд.

Назокати 22-сола аз Фархор

Устухонҳои як зани 22-солаи сокини ноҳияи Фархор аз дохили бомпӯши хонаи шавҳараш дар ҳоле пайдо шуд, ки ӯро як солу ду моҳ ҷустуҷӯ доштанд. Аз ин зани гумгашта танҳо устухон ва пораҳое аз либосаш боқӣ монда буд, ки далеле барои шиносоии шахсияташ гашт.

Пайвандони Назокати Ҷамшед баъди нопадид шудани ӯ фавран ба Шӯъбаи умури дохилӣ хабар доданд, вале ҷустуҷӯ натиҷа надод. Шавҳари ин зан мегӯяд, ин манзил дар канораи деҳаи «Ламан» нимсохт буд ва пас аз ғайб задани зан, ҳамсараш он ҷоро тарк карда, дар манзили падараш мезист.

Зеваршоҳ, яке аз наздикони Назокат чоршанбеи 1 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ замоне нопадид шуд, ки шаваҳарш талоқ дод ва бо як фарзандаш ба хонаи падар оварда шуд. Ба гуфтаи хонуми Зеваршоҳ, баъди ду рӯзи зиндагӣ дар хонаи падар Назокат ғайб задааст. Ӯ мегӯяд, хонаводаи Назокат баъди ғайб заданаш ду ҳафта рӯи ҳам рафта болои бом ва ин манзили зистро ба хотири эҳтимоли паноҳ бурдани зан дар он ҷо аз болову поини ин хона хабар гирифтанд, аммо он ҷо касе дида нашудааст.

Хонуми Зеваршоҳ афзуд: «Тасаввур кунед, ки як худаш танҳо дар онқадар баланди чигуна метавонад барояду худро ба дор овезад. Боз бар замми ин сохти хона ҳозиразамон аст. Шояд дар ин кор як ё ду кас даст дошта бошад. Вақте духтар нопадид мешавад дар хоби модараш медарояд, ки маро аз болои бом гирифта баред, модар дар ин замон худ намераваду ду ҳамсоя ва духтари амакашро равон мекунанд, то ки аз хона дидан кунанд, аммо ӯ дар ду ҳафтаи кофтукоб пайдо намешавад. Шояд инро касе ташкил карда бошад, зеро мурдаро вақте ёфтанд, дар таги пояш курсӣ будааст».

Дар ҳоле, ки наздикони Назокат бо эҳтимоли зиёд даст доштани шавҳари ӯро дар маргаш кам намедонанд, наздикони шавҳари ӯ мегӯянд, ин иддао асосе надорад. Аммо Шариф Саидов, яке аз бародарони шавҳари Назокат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса замоне рух додааст, ки дигар бародараш бо ин зан зиндагӣ намекард. Бо ин вуҷуд, ӯ мегӯяд, вақте аз нопадид шудани янгаашон огаҳӣ пайдо карданд, дарҳол ба полис хабар доданд, то полис ҷустуҷӯ карда дар куҷо будани ӯро пайдо кунанд.

«Ӯ дар ҳамон хона зиндагӣ мекард, вақте шавҳараш ӯро талоқ кард, ба хонаи падару модараш бурда мондем. Баъди бурда мондани мо ӯ нопадид мешавад ва як солу ду моҳ мо ӯро кофтем, билохира аз боли бом ҷасади ӯ пайдо гардид»,-гуфт мусоҳиби мо.

Ин ҳарфҳои ду ҷониб дар ҳоле гуфта мешаванд, ки мақомоти тафтишотӣ бар асоси хулосаи коршиносони судиву тиббӣ сабаби маргро худкушӣ унвон карданд.

Ғолибҷон Шарифов, сардори ташхиси судиву тиббии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҷасади ёфтшуда ташхис шуда, хулосаи он ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод шудааст.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор гуфтанд, ки ин ҳодиса ба худкушӣ бештар шабоҳат дорад, аммо ба ҳар ҳол, тафтишот тамоми паҳлӯҳоро омӯхта, баъдан хулосаи ниҳоии худро хоҳад гуфт.

Аммо Наврӯзи Ҷамшед, бародари Назокат дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, хоҳари ӯ ба ҳеҷ далел наметавонист худкушӣ кунад, зеро ҳолати рӯҳиаш хеле хуб буд.

Равоншиносон: худкушӣ аз ноилоҷист

Равоншиносон бар инанд, ки худкушии занон дар натиҷаи каммаърифатӣ, иродаи суст ва дурии онҳо аз дин аст. Анвар Шарипов, як равоншиноси ҷавон мегӯяд, занҳо аз мардҳо фарқ мекунанд. Ба гуфтаи Шарипов занҳо ҳар мушкилиро пеш аз ҳама бо эҳсос қабул мекунанд ва вақте чизеро аз даст доданд, фикр мекунанд танҳо худкушӣ роҳҳали масъала буда метавонад.

Зарина Кенҷаева, равоншинос.

Зарина Кенҷаева, равоншинос.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик мегӯяд даст ба худкушӣ задани сокинон, ба хусус занон, пеш аз ҳама сабабҳои иҷтимоӣ дорад. Вақте зан зери хушунат қарор мегираду эҳсос мекунад, ҷои рафтан надорад, наметавонад аз ҳуқуқи худаш дифоъ кунад, худаш худашро таъмин кунад ва ё нафаре пайдо намешавад, ки ӯро дар ин лаҳзаҳо дастгирӣ кунад, даст ба худкушӣ мезанад.

Хонум Кенҷаева меафзояд: “Ҳангоме шахс роҳи ҳалли мушкилашро намеёбад, бо нишони эътироз даст ба худкушӣ мезананд. Худкушӣ ин эътироз ба атрофиён аст. Аксаран онҳо атрофиёнашонро, ба хусус нафареро, ки зиёд хушунат мекунад, ҷазо додан мехоҳанд. Онҳо гумон мекунанд худкушӣ карданашон боис мегардад, ки одамон аз фишор овардан ва хушунат кардан пушаймон мешаванд.”

Дар соли 2014 дар саросари Тоҷикистон 458 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, аксари онҳо занон мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG