Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Twitter-бозӣ: Гулнораи воқеӣ куҷост?


Овозаҳо дар бораи вазъи саломатӣ ва макони будубоши духтари калонии президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов, ки баъди олудашавиаш ба моҷарои фасод якбора нопадид шуд, баъди марги падараш боз ҳам доғтар гардид. Таваҷҷӯҳ ба сарнавишти Гулнора Каримова баъди он афзоиш ёфт, ки дар маросими дафни падар аз ӯ аслан хабаре нашуд ва аз миёни аъзои хонавода мардум танҳо модар ва хоҳари хурдиаш Лоларо диданд.

Дар чанд муддати охир дар шабакаи иҷтимоии Твиттер як саҳифаи наве боз шуд, ки иддао мекард, соҳибаш Гулнора Каримова аст ва аз вазъи имрӯзааш хабар медод. Бахши ӯзбакии радиои озодӣ - радиои Озодлик барои мушаххас кардани ҳуввияти воқеии шахсе, ки худро дар Twitter ҳамчун Гулнора муаррифӣ кардааст, як таҳқиқоти журналистӣ анҷом дод. То замони боздошт ва таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифтанаш тирамоҳи соли 2014 худи Каримова пайваста дар Twitter изҳорот медод. Вале баъди боздошт, саҳифа ғайрифаъол шуд.

Саҳифаи наве бо номи handle @Zabitaya1972, ки маълум нест моли кист, бовар меравад аз ҷониби сохторҳои махсуси Ӯзбакистон таъсис шудааст. Ин саҳифа дар марҳилае боз шуд, ки Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбакистон баъди марги Ислом Каримов масъулияти раҳбарии кишварро то замони баргузории интихоботи президентӣ ба ӯҳда гирифт.

То имрӯз худи Мирзиёев ҳарфе дар бораи вазъи Каримова нашр накардааст, вале воқеият ин аст, ки чизе ё касе ӯро нагузошт ҳатто дар маросими худоҳофизӣ бо падари президенташ иштирок кунад.

Оғози кор

Саҳифаи наве, ки гӯё марбут ба Гулнора Каримова аст, 2 октябри соли ҷорӣ пайдо шуд ва муаллифи он – нафаре бо исми Афина овозаҳо дар бораи аз ҳабси хонагӣ ба утоқи бемористони амрози рӯҳӣ дар Тошканд интиқол ёфтани ӯро пахш кард. Ин нафар ҳарчанд ба таври мустақим худро ҳамчун Каримова муаррифӣ накардааст, вале ишора кардааст, ки алорағми хоҳишаш ба фарзандон дастрасӣ надорад ва гӯё номаашро ба модараш чоп кардааст.

Вокуниш дар интернет хеле тунд шуд ва ҳама – тарафдорон ва ҳам мухолифони ӯ ба таҳлили ин овозаҳои нави интернетӣ шурӯъ карданд.

Бисёриҳо бовар карданд, ки бо номи мустаори Афина дар асл Гулнора Каримова аз дардҳояш менависад. Дар марҳилае, ки гӯё ба ӯ иҷозати дидор бо духтарашро додаанд, Афина ба сиёҳ кардани Шавкат Мирзиёев ва аъзои дигари хонаводаи Каримовҳо пардохт. Зимнан, Лола Каримова ҳамоно як шахси фаъоли ҷамъиятӣ дар Ӯзбакистон боқӣ мемонад.

Баъдан, рӯзи 9 октябр, Афина ба забони русӣ навишт: “Меҳмон омад... Шояд ба куштор мебаранд”. Рӯзи дигар ҳам навиштаҷот идома ёфт, вале лаҳни ин сӯҳбатҳо дигар шуд. Дар ин саҳифа баъдан хоҳари Гулнора Каримова – Лола, мисле, ки ду-се соли пеш буд, дар фасоду ҷинояткорӣ, аз ҷумла даст доштанаш дар ғуломии шаҳвонӣ муттаҳам мешуд.

Тамос

Дар ин муддат Афина бо чандин шабакаҳои бонуфузи иҷтимоӣ ва ҳам мухолифион сиёсӣ аз роҳи мукотибаҳои мустақим дар тамос шуд. Рӯзи 12 октябр бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) ҳам каме мукотиба кард. Вай аз Озодӣ дархост кард, ки бар асоси маводи таҳиякардаи ӯ мақолаҳо чоп кунанд. Дар чандин пайғомаш вай пофишорӣ мекард, ки воқеан ҳам Гулнора Каримова аст.

Баъдан хабарнигорони РАО/РО хостанд, ки чанд маълумоти хусусии ӯро ба чолиш бикашанд, ва ӯ ин санҷишро нагузашт. Аз ҷумла, Афина гуфт, ки дар шаҳри Бостон, дар Донишгоҳи технологии мӯд, ки замоне Каримова он ҷо дарс хондааст, таҳсил кардааст. Дар ҳоле, ки ин донишгоҳ дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир аст. Баъдан РАО/РО барои санҷиши ӯ дубора саволи гумроҳкунанда дод ва гуфт, ки ин донишгоҳ марбут ба Донишгоҳи технологии Массачусетс аст, ки дар қисмати ғарбии соҳилҳои дарёи Потомак ҷойгир аст? Афина дар посух саволи иштибоҳиро тасдиқ кард.

Дар ниҳоят, РАО/РО аз ӯ хост, ки ба хотири исботи ҳуввияташ дар Twitter акси худро бо се ангушти рӯ ба боло фиристад. Дар ҷавоб Афина акси дасти занеро фиристод, ки чаҳор ангушташ дар канори ноутбук гузошта шудааст. Дар ин ноутбук дастнависи шеъре ба чашм мерасид, ки шабеҳи навиштаҳои соли 2015-и худи Гулнора Каримова дар Twitter буд.

Ба саволи ин ки ин шеъри зебо аз худи ӯст? – Афина гуфт: “Бале, ташаккур”. Дар асл, ин матн аз як шеъре гирифта шудааст, ки соли 2015 дар блоги нашрияи Huffington Post чоп шуда буд.

Дар ниҳоят, Афина эътироф кард, ки Гулнора Каримова нест, вале ӯ ба кӯмак ниёз дорад. Баъдан корбари ин саҳифа ба забони русӣ гузашт ва иддао кард, ки ӯ Имон, духтари Гулнора мебошад. Барои исботи ин ақида акси чанд сол пеш дар шабакаҳо пахшшудаи духтари навраси Гулнора Каримоваро фиристод.

Бо ҳамин мукотибаҳо бо РАО/РО қатъ, вале рӯзи 14 октябр дубора пайдо шуд ва матолиби марбут ба зиндагиномаи Гулнора Каримова бо иштибоҳҳое, ки ба он Радиои Озодӣ ишора кард, ислоҳ ва нашр кард.

Калидвожаи тамосро намедонист

Бо ин вуҷуд, ки ҳуввияти муаллифи саҳифаи мазкур маълум нест, вале чандин корбари Twitter, ки бо Афина мустақиман дар мукотиба буданд, бовар доранд, ки дар пушти ин метавонад Кумитаи амнияти миллии Ӯзбакистон истода бошад. AkhmadxonUSA, як корбари фаъоли ин шабака гуфт, ки барои хадамоти махсус ҷалби тарафдорони Каримова зарур аст.

​Аҳмадхон - як тарафдори имоми маъруф Обидхонқорӣ Назаров аст, ки дар хориҷа ба сар мебарад. Вай гуфт, Гулнораи воқеӣ ҳанӯз 2 сол пеш дар авҷи моҷарои фасод бо ӯ дар тамос шуда аз ӯ кӯмак хост, то як паёми ӯ дар хориҷа нашр шавад. Вай гуфт, ки вақти мукотибаи охираш бо Афина “100 дар сад бовар ҳосил кард, ки ӯ Гулнора нест”, чунки ҳеҷ иттилое дар бораи ҷузъиёти сӯҳбатҳои ду соли пеши онҳо надошт. Зимнан, ду сол пеш ин ду нафар аз роҳи тамоси видеоӣ бо ҳам сӯҳбат карда буданд, вале ин навбат Афина чунин пешниҳодро рад кард. Инчунин Афина ба забон овардани калидвожаи махфии тамос ва эътимод бо Аҳмадхонро рад кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG