Пайвандҳои дастрасӣ

Расо бист сол қабл дар Тоҷикистон нархи молу маҳсулот ва хадамот озод эълон шуда буд.

Девони вазирони Тоҷикистон 8-уми январи соли 1993 бо қабули қарор «Дар бораи озодии нархҳо» давлатро аз масъулияти таъин намудани нархҳо дар бозор озод намуд.

Сар аз он таърих Тоҷикистон роҳи иқтисоди бозориро интихоб кард ва нархи молу коло ва хадамотро бозор муайян мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо гузашти 20 сол то куҷо дар кишвар бозори мутамаддин ташаккул ёфта, мардум аз озодии нархҳо то куҷо ризо ҳастанд?

Гаштугузор ва сӯҳбатҳои мо бо сокинони кишвар собит сохт, ки онҳо аз вазъи бозорҳои Тоҷикистон қонеъ нестанд ва тез- тез боло рафтани нархи молҳо, хусусан масолеҳи хӯрокворӣ онҳоро нигарон мекунад.

Гавҳар Ҳасанова, ки 30 сол аст ҳамчун омӯзгор фаъолият мекунад, мегӯяд, замоне ки нархи маҳсулотро давлат таъин мекард, зиндагии ӯ муътадил ва бонизом буд: «Замоне, ки давлат нархи маҳсулотро танзим мекард, ман худамро амнтар ҳис мекардам. Ҳоло он маоше, ки ман мегирам, ҳамчун омӯзгор комилан бо нархи бозор рост намеояд. 900 сомонӣ маошеро, ки мегирам, намедонам маводи хӯрокӣ харам ё пули таҳсили фарзандонамро пардохт кунам.»

Хонум Ҳасанова афзуд, ки давлат ақалан нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро назорат кунад, то ҳар дам нархи он болову поин наравад.

“Шумо моро асири чорто қассоб кардед!”

Биноан Ҳукумати Тоҷикистон ҳам пас аз афзоиши нархи маҳсулот ва нигаронии мардум кӯшишҳои алоҳидаеро барои танзими нархи маводи хӯрока ба харҷ додааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 пас аз якбора боло рафтани нархи гушт дар дӯконҳои Душанбе, дар як вохӯриаш бо кишоварзон хитоб ба Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир гуфт, ки “Шумо моро асири чорто қассоб кардед!”

Пас аз ин гуфтаи президент, шаҳрдории Душанбе низ дар арафаи идҳо талош мекунад нархи ниҳоии гӯшт ва дигар маводи хӯрокаи ниёзи аввалияро муқаррар карда аз гароншавӣ нигоҳ дорад. Вале ин тасмимҳои шаҳрдорӣ умдатан ба баста шудани дӯконҳо ва ё пайдо шудани нархҳои ғайрирасмӣ боис мешавад.

Бозорҳо мисли парашют ҳастанд...

Аммо иқтисодонҳои тоҷик мегӯянд талоши давлат дар шароити иқтисоди бозорӣ барои назорати нархи молҳо иштибоҳ аст. Нозим Эшонқулов, роҳбари иҷроияи “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” мегӯяд, вазифаи Хукумат дар ин росто на танзими маъмурии нархҳо, балки фароҳам овардани шароити баробар барои ҳамаи соҳибкорон дар бозор аст: “Мутасифона дар Тоҷикистон бозори мутамаддин вуҷуд надорад. Бозори мутамаддин замони ба вуҷуд меояд, ки волоияти қонун аз ҷониби давлат таъмин карда шавад. Ба моликияти хусусӣ арҷ гузошта шавад, ғасби рейдерӣ, ришвархорӣ ҷой надошта бошад. Танҳо дар ҳамон ҳолат қонунҳои бозор кор мекунанд. Вагарна ин капитализм не, балки як бозори авбошӣ ё олигархизм аст.”

Ҷаноби Эшонқулов мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии соҳибкорӣ аз ҷониби монополияҳои алоҳида маҳдуд карда шудааст. Бинобар ин, нархо дар чунин шароит танҳо боло мераванд, чунки рақобати ҳақиқӣ вуҷуд надорад. Албатта мардум дар ин вазъият ҳамаи ғазаби худро болои соҳибкорони “мумсик” мерезанд, вале дар ин ҷо Ҳукумат гунаҳкор аст, ки шароити яксони фаъолиятро барои ҳама фароҳам намеорад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ, рақобати шадид вале солим миёни соҳибкорон бояд монеи боло рафтани нархи молу хадамот шавад. Вале тавре Баҳром Шарипов, иқтисодони тоҷик мегӯяд, чун бозори дохилии Тоҷикистон ниҳоят хурд аст, ҳар ширкати миёна ва калон дар як муддати кӯтоҳ метавонад мавқеи монополиро ишғол карда, нархҳоро дар бозор ба дасти худ гирад:

“Дар Тоҷикистон ҳоло шумораи соҳибкорон дар нисбат ба саршумори аҳолӣ хеле кам аст. Бинобар ин, дар бозор низ рақобати шадид вуҷуд надорад. Рақобати заиф боиси дар сатҳи баланд боқӣ мондани нархҳо мегардад. Масалан, ҳоло нархи баъзе аз маҳсулот дар Тоҷикистон баробари нархи шаҳрҳои калони дунё, назири Маскав аст. Ин набояд бошад, чунки сатҳи маоши Маскаву Душанбе муқоисанашаванда аст.”

Озодии нархҳо ва иқтисоди бозорӣ ба фарқ аз иқтисоди нақшавии давлати Шӯравӣ камбуди молу маҳсулотро дар бозор аз байн бурд ва растаҳои дӯконҳоро ғанӣ кард. Мушкили дарёфти молҳои хушсифати истеҳсоли хориҷӣ низ, ки қаблан фурӯшандаҳо онро пинҳонӣ ва ё ба истилоҳ “под прилавка” мефурӯхтанд, аз байн рафт. Аммо бозори дохилии Тоҷикистонро сахт вобастаи мол ва асъори хориҷӣ кард.

Бинобар ин камтарин тағйири нархи маҳсулот дар хориҷи кишвар ва камчинии асъори хориҷӣ дар дохил, боиси ба таври назаррас боло рафтани нархҳо мегардад. Ҳатто пас аз каме боло рафтани нархи доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ, нархи анвои сабзиҷот дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва фурӯшандагон онро ба гароншавии доллар нисбат медиҳанд. То куҷо ин даъво асос дорад, маълум нест, аммо маълум аст, ки нархҳо озоданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG