Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия: "Курдҳо кӯмак хостанд, мо ҳам ҳимояти низомӣ кардем"


Биналӣ Йилдрам, нахуствазири Туркия гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар дар амалиёти бозспасгирии шаҳри Мавсил аз гурӯҳи "Давлати исломӣ", ба пешмаргаҳои курд кумаки низомӣ мекунанд. Ба гузориши хабаргузории расмии Туркия "Анадолу", нерӯҳои давлатии он кишвар дар ҳамла шаҳри Баъшиқа, ба нерӯҳои мусаллаҳи курд кӯмак карданд.

Нахуствазири Туркия рӯзи якшанбе 22 октябр дар ҳамоиши аъзои ҳизби ҳокими "Адолат ва тараққӣ" гуфтааст, ки "пешмаргаҳо (курди Ироқ) амалиёти поксозии шаҳри Баъшиқро оғоз кардаанд... онҳо аз артиши мо дар пойгоҳи Баъшиқа кӯмак хостанд, ва мо ҳам бо тӯпу танк ба онҳо кӯмак кардем."

Пойгоҳи низомии Баъшиқа дар 20 километрии шимол-шарқи шаҳри Мавсил воқеъ аст ва нерӯҳои низомии Туркия бо вуҷуди мухолифатҳои бор-бори нахуствазири Ироқ, дар ин пойгоҳ мустақар мебошанд.

Ин суханони нави нахуствазири Туркия пас аз он баён шуд, ки Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфта буд, ки дар ҷанги Мавсил ба кӯмаки Туркия ниёз надоранд. Хабаргузории "Анодолу" аз қавли мақомҳои курд мегӯяд, ки пешмаргаҳои курд муваффақ шудаанд, ки шаҳри Баъшиқаро дар ҷараёни амалиёти озодсозии Мавсил, рӯзи якшанбе ба контроли худ дароваранд.

Расонаҳои хабарии курдзабон, аз ҷумла шабакаи хабарии "Курдистон 24" дар Арбил, мегӯянд, мақомҳои курд ҳузур ё дахолати низомии артиши Туркия дар ҳимоят аз пешмаргаҳоро таъйид ва ё радд накардаанд. Бинобар гузоришҳо, нерӯҳои низомии курди Ироқ дар ҷангҳо барои ба даст гирифтани Баъшиқа, аз сӯи нерӯҳои ҳавои эътилофи ба раҳбарии Амрико ҳимоя шудаанд.

Чанд ҳафта қабл аз оғози амалиёти Мавсил, робитаи Бағдод ва Анқара бинобар ҳузури низомии артиши Туркия дар шимоли Ироқ ба таниш рӯбарӯ шуд. Ҳукумати Ироқ хостори хуруҷи нерӯҳои Туркия шудааст, аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия чанд дафъ таъкид кард, ки нерӯҳои Туркия барои анҷоми амалиёт дар он кишвар ба иҷозаи Бағдод ниёз надорад ва кишвараш аз сунниҳо ва туркманҳои Ироқ ҳимоят мекунад.

Биналӣ Йилдрам, нахустазири Туркия ҳам дар суханронии рӯзи якшанбеи худ гуфтааст, ки кишвараш чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ алайҳи терроризм мубориза мебарад ва "мо барои ҳифозат аз тамомияти арзӣ ва ҳамбастагӣ ва иттиҳоди миллати худ, қадамҳои лозимро мебардорем ва дар ин роҳ ҳеҷ тарсе ҳам надорем."

Ҳукумати марказии Ироқ аз ҷониби дигар, Туркияро таҳдид ба тамомияти арзии худ муттаҳам кардааст ва хостори баргузории ҷаласа дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид низ шуда буд.

Нерӯҳои артиши Туркия дар ҳоле, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шимоли Сурия даргир шудаанд, ҳамлаҳои васеъеро низ алайҳи ниманизомиёни курд дар Ироқ ва Сурия анҷом додаанд. Ду рӯз пеш вазири дифои Амрико гуфта буд, ҳифзи тамомияти арзии Ироқ барои эътилоф ба раҳбарии Вошингтон, яке аз авлавиятҳо ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG