Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми 3 август фурудгоҳи Хуҷанд нахустин ҳавопаймо дар хатсайри нави Истамбул-Хуҷандро қабул мекунад. Ин парвозро ҳавопаймои ширкати “Тurkish Airlines” анҷом хоҳад дод.

Ба гуфтаи масъулони ширкати “Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд”, сар аз 3 августи соли равон ҳафтае ду маротиба парвозҳо миёни Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд ва Истамбули Туркия ба таври мунтазам идома мекунад. Ҳусейн Шукуров, раҳбари ситоди ин ширкат гуфт, ин хатсайри нав бо дархости тоҷирони суғдӣ, ки қаблан тавассути Душанбе ба Туркия парвоз мекарданд, боз шудааст.

“Ҳудуди 200 тан аз тоҷирон ба мо муроҷиат карданд, ки барои рафтуомад ба Истанбул азоб мекашанд. Онҳо аз роҳи ағба Душанбе мераванд, аз он ҷо тавассути ҳавопаймо ба Истанбул. Вақти бозгашт бо бори зиёд, азоби онҳо дучанд мешавад. Мо ин дархости онҳоро ба ҳукумат расонидем ва билохира, ширкати ҳавопаймоии Туркия ҳам чун дид, ки аз ин масир хоҳишмандони парвоз бисёранд ва фоида ба даст меорад, хоҳиши парвоз ба Хуҷандро пайдо кард”, - афзуд вай.

Ба гуфтаи ҷаноби Шукуров, ин парвозҳоро ҳавопаймоҳои “Боинг” анҷом медиҳанд ва арзиши чиптаи парвозҳои рафтуомади Хуҷанд-Истамбул 330 евро ё муодили 2284 сомонӣ аст. Қаблан мусофирони суғдӣ, ки аз Душанбе ба Истанбул мерафтанд, дар ин масир ҳудуди 600 доллар масраф мекарданд. Дар парвозҳои нав мусофирон 30 кило борро ба бағоч супурда, ҳақ доранд дар даст 10 килограм бори дигар бардоранд.

Аҳмадҷон, як тоҷири хуҷандӣ, ки аз чанд сол ба ин тараф ба Истанбул аз роҳи ҳавоии Душнбе равуо мекунад, аз боз шудани масири нав ба Туркия истиқбол кард. Вале вай мегӯяд, боз кардани хатсайр ними кор аст: “Албатта, бо хатсайри нав аз Туркияву дигар кишварҳо меҳмонон, кам бошад ҳам, ба Хуҷанд меоянд. Агар нозирон дар фурудгоҳ вақти берун шудану савор шудани мусофирон онҳоро баҳудаю беҳуда кофтукову тафтиш карда, пул талаб кунанд, ин хатсайр ҳам дер намепояд. Ҳозир фурудгоҳ як ҷоест, ки бачаҳои мардикорро, ки аз Русия, аз муҳоҷирати корӣ меоянд, нозирон вақти баромаданашон дошта кофтуков карда, бо ҳар баҳона пул талаб мекунанд. Онҳо ва ширкатҳои тоҷикию русӣ ҳам ба ин одат кардаанд. Аммо ширкатҳои байналхалқӣ ин хел муомила бо мусофиронашонро таҳаммул карда наметавонанд. Агар ин тавр шавад, хатсайри бозкардаашонро зуд мебанданд.”

Хатсайри Хуҷанд-Истамбул дуюмин хатсайри парвозҳои мунтазам аз майдони ҳавоии Хуҷанд ба кишварҳои шарқӣ хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир ба самти Шарқ танҳо ба Урумчии Чин ҳафте ду бор парвозҳо сурат мегирад. Боқӣ парвозҳои ҳавопаймоҳо аз майдони ҳавоии Хуҷанд умдатан ба самти Русия аст, ки муҳоҷирони кориву тоҷиронро мебарад.

Ва ин дар ҳолест, ки дар 6 моҳи аввали соли равон парвози ҳавопаймоҳо ба Русия аз Хуҷанд рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ширкати “Фурудгоҳи байнулмиллии Хуҷанд” мегӯяд, дар ин муддат 155 ҳазор нафарро умдатан ба Русия гусел кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соле пеш ҳудуди 50 ҳазор кам аст. Масъулони ин ширкат мегӯянд, шадид шудани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия, бӯҳрони пуливу молӣ дар ин кишвар, шумораи мусофирон аз Суғду манотиқи дигари кишвар ба Русияро коҳиш дода, фоидаи ширкатҳои ҳавопаймоиро камтар кардааст.

Ҳамакнун ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва майдонҳои ҳавоии Тоҷикистон азми боз кардани масирҳои нав ба кишварҳои шарқ, умдатан Туркияву Чин ва Дубайро доранд. Ойбек Дадобоев, мегӯяд, ҳоло онҳо барои боз кардани масири ҳавоии Хуҷанд-Дубай талош доранд. Вай афзуд: “Умед дорем то охири ҳамин сол ё нимаи аввали соли ояндаи 2016 ин хатсайр боз мешавад.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, онҳо талабгори анҷом гирифтани парвозҳо рӯи ин хатсайри ҳавоӣ аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷикэйр” ва “Сомонэйр” ҳастанд, вале дар сурати рад шудани пешниҳод аз сӯи онҳо, ба ширкатҳои хориҷӣ муроҷиат хоҳанд кард.

Майдони ҳавоии Хуҷанд, ки пеш як муассисаи томи давлатӣ маҳсуб меёфт, ҳавопаймоҳову таъини хатсайр ва парвози онҳо, идораи ҳавоӣ ва таъминоти сӯзишвориву хӯроквориро дар ихтиёр дошт. Вале 11 сол қабл бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҷдиди корхонҳои миёна, хурд ва калон, таҷзия шуд. Ҳоло ин ширкат танҳо масъулияти қабул ва гусели ҳавопаймоҳоро бар дӯш дорад, вале худ ягон ҳавопаймо надорад.

Ҳавопаймоҳои пешини майдонҳои ҳавоии Тоҷикистон сохти Русия буданд, ки ҳоло фарсуда шуда ё бинобар посухгӯ набудан ба стандартҳои муосир ва харҷи гарони парвоз, комилан аз истифода канор рафтаанд. Айни ҳол майдони ҳавоии Хуҷанд ба парвози ҳавопаймоҳои мусофирбари 3 ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ва 8 ширкати хориҷии ба истилоҳ "интиқолдиҳанда", хидмат мерасонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG