Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорҳо доллар тӯъмаи муш шуд


Ё пулро дар хона нигоҳ дорем ё дар бонк?

Пасандози аҳолӣ дар бонкҳои кишвар назар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин муддати соли гузашта беш аз 20 дар сад афзудааст.

Як сокини шаҳри Душанбе, ҳодисаеро нақл кард, ки ахиран ба сари хонаводаашон омадааст. Ин мусоҳиби мо, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, падараш як сол пеш хонаи сеҳуҷраашонро, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд, ба 50 ҳазор доллар фурӯхт ва хост бо ин сармоя ба тиҷорат машғул шавад. Аммо барои оғози соҳибкории падар фурсати омодагирӣ зарур афтод ва ӯ маҷбур шуд пулро аз назари ҳама пинҳон дар сандуқ нигоҳдорӣ кунад. Бадбахтона, ин 50 ҳазор доллари сандуқро муш хӯрда, порча-порча кардааст. Акнун аҳли оила намедонанд, ки ин пулро чӣ кор кунанд, зеро бонкҳои Тоҷикистон маъмулан сомонии кӯҳнаву фарсуда ва даридаро бо пулҳои нав иваз мекунад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар вақти пошхӯрии ҳукумати Шӯравӣ маблағҳои зиёди бобову бибӣ ва волидонаш дар бонкҳои кишвар ночиз шуданд, аз ин рӯ онҳо то ҳанӯз бо гузашти 20 соли истиқлол намехоҳанд амонати худро дар бонк нигоҳ доранд.

Дар Тоҷикистон кам нестанд, оилаҳое ки то ҳанӯз пасандози худро дар хона нигоҳ медоранд. Баъзеҳо захираҳои худро бо доллар, дигарҳо бо ҷавоҳироти қиматбаҳо нигоҳ медоранд, то ки дар рӯзи сахт ба пул табдил карда шаванд.

Зебо Шарипова, сокини пойтахт мегӯяд, модараш ба ӯ насиҳат кардааст, ки ба пасандозаш тилло харад.

- Ман фикр мекунам агар пасандозро дар шакли тило нигоҳ доред, бой намедиҳем. Зеро қимати тило одатан боло меравад. Ман кӯшиш мекунам, пул ҷамъ карда ягон ҷавоҳироте бихарам, ки аз тилои холис ва бидуни ягон намуди санг бошад. Агар санг дошта бошад, ҳам хеле хурд бошад. Зеро дар вақти фурӯхтан тилоро ҳамчун маҳсулоти хом ҳисоб мекунанд ва сангҳояшро ба инобат намегиранд, - гуфт вай.


Баъзе аз сокинон пасандози худро дар шакли асъори хориҷӣ нигоҳ медоранд ва бо харидории доллар ё евро мехоҳанд аз беқурбшавии сармояи хеш пешгирӣ кунанд. Азиз, сокини ҷавони пойтахт дар ин замина гуфт, «Ман 1800 сомонӣ маош мегирам. Ҳар моҳ кӯшиш мекунам 100 доллар харидорӣ карда барои таҳсилам дар хориҷи кишвар, пасандоз намоям. Пулҳоямро дар назди худам гузорам ба назарам амнтар аст, зеро ҳоло ман ба бонкҳо эътимод надорам ва намедонам, ки то куҷо онҳо дар вақти муфлис шуданашон метавонанд пулҳои муштариёнро баргардонанд».

Абдувосеъ Ҳакимов, раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ гуфт, дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсӣ қонуне амал мекунад, ки мутобиқи он, Хазинаи суғуртавӣ таъсис ёфта бонкҳо ба он аъзо шуданд. Тибқи қонун, бонкҳо ба хазина аз ҳисоби маблағҳои умумии пасандозҳои шахсӣ дар ҳар се моҳ як маротиба 0,5 дарсад пардохт мекунанд.

Абдувосеъ Ҳакимов афзуд:

- Мо ин маблағҳоро ҷамъ мекунем, дар ҳолати муфлисшудани ягон бонк, онро барои пардохти ҷубронпулии пасандоздорон истифода мекунем. Мутобиқи қонун маблағи ҳадди аксари ҷуброн ҳафт ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи боқимонда баъд аз фурӯхтани дороиҳои бонки муфлисшуда ва ё аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии бонкҳо, ки дар Бонки миллӣ маҳфуз аст, пардохт мегардад. Аммо инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки худи пасандозгузор ҳам як қисми таваккали маблағҳои худро бояд ба гардан гирад. Аз ин рӯ, мо тавсия медиҳем, ки маблағҳояшон агар зиёд бошад, дар ду ё се бонк гузоранд ва ё дар як бонк бо номи аъзоёни гуногуни оила нигоҳ доранд. Дар ин ҳолат хатари нагардондани ин маблағҳо кам мешавад.


Дар ҳамин ҳол Абдуғаффор Қурбонов роҳбари хадамоти матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, нишондиҳандаҳои ташкилоти қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ, сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти кишвар гувоҳи он аст, ки рӯз аз рӯз эътимоди мардум ба бонкҳо бештар мешавад. Бино бар омор, бақияи пасандозҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзудааст:

«Таҳлили бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеъӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Масалан 39,5 фоиз ё ҳудудан як миллиарду ҳашсад миллион сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,5 фоиз наздик ба ду миллиарду ҳафсад миллион сомониро пасандози шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд».

Гуфтанист, дар ин давра бонкҳо ба соҳибони пасандозҳо барои сомонӣ наздик ба 16 фоизи солона ва барои асъори хориҷӣ 14 фоиз пардохт кардаанд, ки он ҳам барои ҷалби муштариён ба бонк бетаъсир нест.

Ҷаноби Қурбонов афзуд, низоми бонкии кишвар дар ҳоли рушд аст ва ба мардум хизмати беҳтару маҳсулоти нав пешниҳод мекунад. «Мардум диданд, ки кори бонкҳо беҳтар аст бовраиашон зиёд мегардад. Ҳоло аксари амалиётҳо аз тариқи бонк сурат мегиранд», гуфт вай.

Дар Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ бо баҳраи баланд додани қарз ҳам маъмул аст. Бисёре аз сарватмандон бо гирифтани гарав ва забонхат аз қарзгирандаҳо аз 10 то 20 фоиз ва баъзан то 100 дарсад дар як моҳ қарз медиҳанд. Маъмулан дар ин самт онҳое муваффақ мешаванд, ки дар воқеъ «дасти зӯр» дорад. Аммо нафарони маъмулӣ одатан қарзи бофоиз ҳам диҳанд, барои бозпас гардондани маблағи додаашон солҳо даву тоз мекунанд. Ин аст, ки ба хотири гардиши пули худ ин гурӯҳ дар бонк нигоҳ доштани сармояашонро авлотар мешуморанд.

Шаҳло Гулова сокини пойтахт ва модари 4 фарзанд яке аз онҳост. Шавҳари Шаҳло табиб аст ва дар Яман кор мекунад. Онҳо 6 ҳазор доллар пасандоз кардаанд ва бо фоизи наздик ба 14 дарсади солона онро дар бонк гузоштаанд. Шаҳло гуфт, маблағҳояшро дар бонк гузошт ва фоизашро пешакӣ гирифт. Вай мегӯяд, то хатнатӯйи писараш пулро намехоҳад беҳуда дар хона нигоҳ дорад, то ки худо накарда тӯъмаи меҳмонони доимии хонашон - мушу каламушҳо гардад.
XS
SM
MD
LG