Пайвандҳои дастрасӣ

Дар лаҳзаҳои поёнии соли 2014 ва дар маросими истиқбол аз Соли нави мелодӣ дар яке аз майдонҳои шаҳри Шанхайи Чин, беш аз 35 нафар кушта ва 42 тани дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон карданд, ки зимни баргузории маросими истиқбол аз Соли нави мелодӣ дар майдони машҳури шаҳри Шанхай бо номи Чен Йи (Chen Yi Square), ки ҳазорон нафар ҷамъ омада буданд, даҳҳо нафар бар асари зери пои издиҳоми мардум монда ва ҷон бохтаанд. Бар пояи гузоришҳо, ҳодиса соати 23:35 дақиқаи шаб ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Хабаргузории расмии Чин ба нақл аз яке аз шоҳидон дар маҳали ҳодиса мегӯяд, ҳуҷуми мардум пас аз он анҷом шуд, ки шахсе аз яке аз биноҳои атроф шурӯъ ба рехтани коғазҳои монанд ба доллар кардааст. Бино ба гуфтаи шоҳиди ин ҳодиса, мардум барои ҷамъ кардани долларҳои тақаллубӣ ҳуҷум бурдаанд. Бино ба хабарҳо, дар ин фоҷиа дастикам 35 нафар ҷон бохтаанд.

Таҳқиқот дар ин маврид идома дорад ва мақомҳои шаҳри Шанхай гуфтаанд, як гурӯҳро масъули кӯмак ба наздикони кушта ва захмишудагон ин ҳодиса кардаанд. Бо ин ҳама, бар пояи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳе аз хешу табори қурбониёни ин ҳодиса дар назди яке аз бемористонҳо ҷамъ шуда ва аз надодани маълумот дар бораи бастагонашон ба хашм омадаанд.

Ҳафтаи гузашта рӯзномаи аглисизабони Shanghai Daily" гуфта буд, ҷашни Соли нав дар минтақаи Бунд (The Bund), бинобар мушкили тартибу низом, лағв шудааст. Дар ин минтақа ва атрофи он ҳамасола мардум ҷамъ меомаданд ва аз Соли нав истиқбол мекарданд.

Раисиҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин аз мақомҳои Шанхай хостааст, то сабаби аслии ин ҳодисаро ҳар чӣ зудтар ошкор кунанд. Ҳодисаи шаби гузаштаи Шанхай, яке аз фалокатбортарин тайи чанд соли гузашта ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG