Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз шиканҷа кӣ ба куҷо шикоят мебарад?


Бино ба иттилои созмонҳо дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз 37 ҳодисаи шиканҷа шикоят шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар бештар будааст.

Масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфтанд, ки то моҳи июни соли ҷорӣ онҳо дар бораи 37 ҳодисаи истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои кишвар шикоят дарёфт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд будааст.

Дар соли гузашта Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон дар бораи 45 ҳодиса шикоят гирифтааст. Аз ин ҷумла, 15 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздикони худ дар тафтишоти аввалия ва волидайни сарбозони аз зӯроварӣ ба фарзандони худ дар хидмати ҳарбӣ хабар додаанд.

Хонавода дар сӯги Фирдавс Раҳматов
Хонавода дар сӯги Фирдавс Раҳматов

Масалан, соли гузашта Фирдавс Раҳматов, ҷавоне аз шаҳри Хуҷанд, ки ихтиёран ба хидмати артиш рафта буд, аз лату кӯби ҳамхизматони худ ба ҳалокат расид. Шахсони гунаҳкор дар марги сарбоз аз ҷониби додгоҳ ҷазо гирифтанд. Айни ҳол вакилони дифои ин эътилоф дар бораи рӯёнидани зарари моддиву маънавӣ ба хонаводаи ин сарбоз ба додгоҳ муроҷиат карда, ба волидайни ин сарбоз ёриҳои ҳуқуқӣ мерасонанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳусниддин Нидоев, муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар ҷараёни мониторинг ё бозрасии ин ниҳод дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ аз бошандагони ин муассисот дар мавриди истифода аз шиканҷа ҳеч шикояте нарасидааст.

Ӯ гуфт: "Солҳои пеш чунин муроҷиатҳо буданд. Ҳоло агар гӯем, ки чунин муроҷиатҳо қариб, ки нест, хато намекунем. Ҳамин сол дар 8 муассисаи ислоҳӣ ва СИЗО мониторинг гузарондем. Вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст".

Аммо ба гуфтаи масъулони созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башари Тоҷикистон, боздоштшудаҳо, зиндониён ва пайвандон онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилоту фишорҳо болояшон аз ҳар гуна шикоят ё муроҷиат дар мавриди истифода аз шиканҷа дар ин муассисот худдорӣ мекунанд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Дилрабо Самадова, раиси созмони ҷамъиятии "Озодиҳои шаҳрвандӣ", ҳоло бештар падару модарон ва наздикони шахсони боздоштшуда ва маҳбусон аз истифодаи шиканҷа дар қиболи пайвандонашон ба созмонҳои ҳуқуқи башар шикоят мекунанд.

Хонуми Самадова гуфт: "Дар бораи зиёд ё кам шудани ҳодисаҳои шиканҷа дар Тоҷикистон маълумоте надорам, зеро дар ин бора таҳқиқоте анҷом нашудааст. Ҳар ташкилот омори худро дорад. Масалан, дар омори Додситонии кулл дар бораи боз шудани парвандаҳо оиди шиканҷа аз омори мо камтар аст. Ҳоло эътимоди шаҳрвандон дар бораи адолат нисбати қурбониёни шиканҷа бештар шудааст. Онҳо бештар ба созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа муроҷиат мекунанд."

Ӯ афзуд, ки ахиран дар Тоҷикистон ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ тағйироту иловаҳо ворид шуда ва тибқи онҳо муҳлати боздошти айбдоршавандаҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ё СИЗО 3 рӯз муқаррар шудааст. Ҳамчунин, масъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шудаанд, ки аз лаҳзаи боздошт пайвандон ва вакили мудоферо аз ин амал огоҳ кунанд. Тибқи ин тағйирот, боздоштшуда ҳатман мавриди ташхис ё муоинаи тиббӣ қарор гирад.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа ва ба хотири огоҳии бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавриди шиканҷаю роҳҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб шурӯъ аз ҳамин рӯз дар шаҳрҳои кишвар маърака ё аксияи зидди шиканҷа оғоз шуд.

Шоира Давлатова, раҳбари гурӯҳи иттилоотии Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯзи 15 то 26 июн, Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа тавассути шабакаҳои иҷтимоии Интернет, намоиши аксҳо, наворҳои видиоию аудиоӣ ва таблоҳои бузурги рекломии шаҳри Душанбе ба сокинон дар мавриди шиканҷа, Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва зӯроварӣ маъракаи фарогире анҷом хоҳад шуд.

"Масалан, ҳамарӯза дар шабакаи Фейсбук як ҳодисаи қурбонии шиканҷа (фавтида ё зинда) бо аксҳо чоп мешавад. Дар таблоҳои бузурги назди телевизони "Сафина", муҷасаммаи Исмоили Сомонӣ ва меҳмонхонаи Тоҷикистон моддаҳои Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ба забонҳои тоҷикию русӣ пахш мешавад. Дар рӯзи 24 июн дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа бо ҳузури кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони созмонҳои байнмилалӣ ва журналистон намоиши аксҳои қурбониёни шиканҷа баргузор хоҳад шуд".

Масъалаи бадрафториву шиканҷа яке аз масоили умда дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳарчанд бар асоси қонун барои шиканҷа дар кишвар ҷазои сахт ва то 20 соли зиндон таъин шудааст. Ҳамакнун созмонҳои ҷамъиятии ҳуқуқи башар талош мекунанд, аз тариқи баргузории маъракаҳои зидди шиканҷа шаҳрвандонро аз ҳуқуқҳояшон дар роҳи мубориза алайҳи шиканҷа ва нуқтаҳои қонунҳои Тоҷикистону Конвенсияи СММ алаҳи шиканҷа огоҳ созанд.

Сабти мавориди шиканҷа ва пешниҳоди ёрии ҳуқуқиву равонӣ, роҳандозии тадбирҳо ба хотири аз бурдани шиканҷа бо роҳҳои қонунӣ, бахусус аз роҳи такмили қонунгузорӣ вазифаи аслии ин Эътилофи зидди шиканҷа номида мешавад.

Моҳи апрели соли 2012 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки “ба усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандҳои ҷиноятӣ роҳ надиҳанд.” Моҳи апрели ҳамон сол ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои бори аввал банди алоҳидаи “шиканҷа” ворид ва ба омилони навъҳои мухталифи шиканҷа ҷазо таъйин гардид. Моҳи июни соли 2012 Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарореро “Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза зидди шиканҷа” ба тасвиб расонд.

Зимнан, то ҳол Тоҷикистон тавсияи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба масъалаи шиканҷаро напазируфта ва аз имзои протоли иловагии Аҳдномаи байналмилалии муқобила бо шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ худдорӣ кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад, Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки ба нозирони байналмилалӣ иҷоза бидиҳад, ки худашон ба кишвар омада ва вазъи зиндонҳову боздоштгоҳҳои кишварро таҳқиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG