Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи солонаи ҳукумат фардо баргузор мешавад


Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 15-уми январ баргузор мешавад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи душанбе итилоъ дод, ки дар назар аст рӯзи 15-уми январ, ҷаласаи васеъи ҳукумат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ҷаласаи навбатии солонаи ҳукумати Тоҷикистон охирин ҷаласаи солонаи ин ҳукумат дар даври кунунии ҳафтсолаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон ва қабл аз интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурист, ки бояд моҳи ноябр доир шавад. Аз ин нигоҳ, суханронии ҷаноби Раҳмон дар ин нишаст як навъ ҳисоботи кори ҳафтсолаи ӯ ҳам буда метавонад.

Тайи як моҳи ахир масъалаи баргузории ҷаласаи васеъи ҳукумат бо дар назардошти эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар вазоратхонаҳо ва мақомоти баландпояи дигари кишвар, сари забонҳо ва махсусан баҳси саҳифаҳои матбуот буд. Яке аз суолҳои матраҳ ин аст, ки оё вазирони нафақахӯр ҳам курсии вазоратхонаҳоро холӣ мекунанд?"

Дар ҳоле аз сӯи мақомот дар робита ба ин, ки кӣ аз фалон вазифа хоҳад рафт ва кӣ ба фалон вазифа хоҳад омад, ҳанӯз итилои дақиқе изҳор дошта нашудааст, вале аз суҳбат бо таҳлилгарон ба назар мерасад, дар ҷаласаи васеъи ҳукумат, ки ҳамагӣ як рӯз идома хоҳад кард, тағйироти ҷиддӣ ба амал хоҳад омад.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, «дар баъзе вазоратҳо, ки сардорҳояшон 5 сол сари вазифаанд, вазирон дигар мешаванд.»

Аммо бархе аз коршиносони дигар мегӯянд, ин тағйиротҳо ба сурати ҷиддӣ ва калидӣ амалӣ намешаванд, зеро ба таъкиди онҳо соли 2013, ба хотири интихобот барои ҳукумату президент бисёр муҳим аст ва раиси ҷумҳур кӯшиш мекунад, ки ҳайати ҳукумати имрӯзро, ки куллан ҷонибдори ӯ ҳастанд, дар атрофаш нигоҳ дорад.
XS
SM
MD
LG