Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посгоҳҳои нав миёни Хоҷаи Аъло ва Оқсой


Сокинони Исфара мегӯянд, ки марзбонони қирғиз дар байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон посгоҳи нав гузошта, даъво доранд, ки ҳудуди 50 гектар замини он ҷо ба онҳо тааллуқ дорад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, соҳиби ин заминҳо аз қабл онҳоянд ва дар ин бора дар даст санад доранд ва ба давлати Тоҷикистон андоз месупоранд. Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, ки худро аз саҳмдорони қитъае аз ин замин номид, субҳи рӯзи душанбеи 17-уми март дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, шаби гузаштаи якшанбе ба душанбе марзбонҳои қирғиз бидуни мувофиқа бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мавзеъи Тангӣ, тахминан 5 километрии шарқи деҳаи Хоҷаи Аъло канори роҳ як контейнер ва ҳудуди даҳ сарбозу афсарони худро мустақар карданд.

“Сарҳадбонҳои қирғиз даъво пеш оварданд, ки ин замини онҳо аст. Аммо мо инро қабул надорем ва намегузорем, ки онҳо заминҳоямонро аз худ кунанд. Баъди он ҳодиса мақомоти сарҳадбонии мо ҳам он ҷо контейнеру сарбозони худро гузоштанд. Ҳозир дар ду тарафи дар канори роҳи мошингард посгоҳҳои нави сарҳадбонҳо ҷойгир шудааст.” – афзуд вай.

Ба гуфтаи мусоҳибам, дар мавзеъи мазкур, дар ду тарафи роҳи Исфара - Ворух ҳудуди 50 гектар заминҳои кишт, ки ба хоҷагии деҳаи Хоҷаи Аъло тааллуқ дорад, доман паҳн кардааст. Ва аз даст додани он даҳҳо нафар саҳмдорони он заминро аз ягона ҷойи корау даромади зиндагиашон маҳрум месозад.

“Имрӯзҳо деҳқонони мо ба он заминҳоямон пору андохта, ҷӯйборҳоро тоза карда, ба кишти баҳорӣ тайёрӣ сар карда истодаанд. Ба он ҷо бачаҳову занон ҳам барои кор мераванд. Мо албатта, он заминҳои ба хуни дил корам кардамонро ба қирғизҳо намедиҳем. Аммо акнун зери назари сарҳадбонҳои мусаллаҳи қирғиз кор кардан бароямон бисёр ногувор аст.” - мегӯяд мусоҳибам.

Ба гуфтаи сокинони Исфара, ин ҳодиса вақте рух дода, ки дар Бодканд ҳайъатҳои тоҷику қирғиз мулоқоти навбатии худро сари ҳалли масъалаҳои марзӣ анҷом медоданд. Ҳайъати Тоҷикистонро Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният раҳбарӣ мекард. Ҳоло натиҷаҳои ин гуфтушунид эълон нашуда, танҳо гуфта мешавад даври дуввуми он 20-уми март баргузор хоҳад гашт.

Ин бор барои ҳалли масъала Хайруллоевро ба Бодканд фиристодаанд

Шералӣ Хайруллоев
Шералӣ Хайруллоев
Рӯзи 16 март дар шаҳри Бодканд, маркази вилояти Бодканди Қирғизистон музокироти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт. Дар дафтари волии Бодканд ба Озодӣ хабар доданд, ки ҳайати Қирғизистонро муовини сарвазираш дар умури амниятӣ Тоқон Мамитов ва ҳайати Тоҷикистонро ёвари президент Шералӣ Хайруллоев раҳбарӣ мекунанд. Баррасии маноқишаҳои рӯзҳои охир дар марзи Исфараву Бодканд ва роҳҳои ҳалли ин муноқишаҳо ва ҳамин тавр, баррасии ҷараёни иҷрои тавофуқоти қаблии бадастомада ба манзури рафъи танишҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзӯъҳои асосии музокироти ҳайатҳо дар Бодканд гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 15 март дар пайи гӯё аз тарафи як сокини рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара латтукӯб шудани як сокини рустои Оқсойи ноҳияи Бодканд сокинони ин рустои Қирғизистон роҳи ҷамоати Ворухро, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад, бастанд. Дар посух ба сокинони рустои Хоҷаи Аъло роҳи Оқсойро бастанд. Ин муноқиша танҳо баъди чанд соати музокироти тарафайн ҳалл ва роҳҳо дигарбора боз шуданд.

Волии Бодканд Ҷониш Раззоқов ба Озодӣ гуфт, роҳи Оқсой ва роҳи Ворухро сокинон танҳо шоми 15 март баъди музокироти муовини ӯ Саид Абдураҳмонов ва ҳокими ноҳияи Бодканд Саидмурод Холиқов бо раиси Исфара Даврон Зоҳидзода боз кардаанд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо талош кардаанд, шаҳрванди Тоҷикистонро бо сокини рустои Оқсой оштӣ диҳанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, сабаби муноқиша ронандаи тоҷикро дашном додани ин сокини Оқсой будааст. Ҳокими Бодканд гуфт, қазияро муштаракан таҳқиқ хоҳанд кард.

Лаҳзаҳое аз ин муноқишаро аз ин навор тамошо кунед:

Муноқиша дар марзи Исфараву Бодканд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00
Линки мустақим

Ду муноқишаи дигар дар ин қисмати ҳассоси марзи Тоҷикистону Қриғизистон рӯзи 14 март рух додааст. Ибтидо дар бораи латтукӯби духтарони синфи ҳафти мактаби рустои қирғизии Кӯктош аз сӯи хонандагони синфи нӯҳи мактаби тоҷикӣ гузориш расид. Баъдан раиси рустои Кӯктош Розия Усорова аз он шикоят кард, ки дар марз аз марзбонҳои тоҷик хостааст, ки вориди хоки Қирғизистон нашаванд, вале онҳо дар посух мили автомати худро ба сари ӯ рост кардаанд. Ин муноқиша ҳам ба таҷаммӯъи сокинон аз ду тарафи марз боис шуд, ки алайҳи ҳамдигар сангу чӯбу чахс ҳаво додаанд.

Марзи Исфараву Бодканд аз замони тирпарронии рӯзи 11 январ, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, пайвастан дар як ҳолати пуртаниш боқӣ мемонад. Чандин даври музокирот ба хотири ҳалли ин тарниш, ки дар ин ду моҳ байни Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд, тол ҳол натавонистааст як роҳкори собитеро пайдо кунад, ки ба ин танишҳо нуқта гузорад.

Манобеи ба ин музокирот наздики Озодӣ дар мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Душанбе дар ивази ризоияташ ба сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой – Тамдиқ, ки оғозаш сабаби асосии тирпарронии рӯзи 11 январ шуд, аз Қирғизистон ҷудо кардани як хатти 4,5-километрии замин аз рустои Хоҷаи Аъло то ҷамоати Ворухро пешниҳод кардааст. Ҳадаф аз ин пешниҳод ба марзи Тоҷикистон пайвастан ва аз ҳолати анклав (ҷазирақаламрав) баровардани Ворух аст.

Тоқон Мамитов
Тоқон Мамитов
Аммо ҷониби Қирғизистон то ҳол матраҳ шудани чунин пешниҳодеро дар музокираҳо бо Тоҷикистон рад мекунад. Тоқон Мамитов, муовини сарвазир ва раҳбари ҳайати Қирғизистон ба Радиои Озоӣ гуфта буд, ҳатто агар чунин пешниҳод шавад, Бишкек ба ҳеҷ сурат онро нахоҳад пазируфт.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар музокироти марзӣ Душанбе ба харитаи соли 1924 ва Бишкек ба харитаҳои навтари миёнаҳои солҳои 50 ва поёни солҳои 80 такя мекунанд. Аммо ихтилофи назарҳо байни ду кишвар боис шудааст, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар ҷараёни таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Болои ин, тирпарронии рӯзи 11 январ ин ду кишвари болооби Осиёи Марказиро, ки қаблан дар баҳсҳои умдаи минтақавӣ, аз ҷумла дар масъалаи тақсими обу сохтани нирӯгоҳҳо дидгоҳи ҳамсон доштанд, дар рӯбарӯи ҷиддитарин таниш дар 22 соли гузашта аз замони суқути СССР қарор дод.

Бишкек баъди ин муноқиша марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафирашро “барои машварат” фаро хонд. Урмат Саралаев дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт, вале марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунон баста боқӣ мемонад ва гоҳе дар ин нуқтаву гоҳе дар дигар нуқтаи марзи Исфараву Бодканд ҳар сари чанд вақт муноқишае нав сар мезанад, ки ҳар дафъа боиси таҷаммӯъи сокинон аз ду тарафи марз ва бастани роҳи Оқсой аз тарафи тоҷикҳо ва роҳи Ворух аз сӯи қирғизҳо мешавад.
XS
SM
MD
LG