Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз афзоиши ҷиняткориҳои занон


Мақомоти интизомӣ ва ҷомеашиносони тоҷикро бо дасти занону духтарон содир шудани ҷиноёти сангин, назири одамкушӣ, кӯдакфурӯшӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, авбошӣ, қаллобӣ ва дуздии моликият, нигарон кардааст.

Танҳо дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон даст доштани беш аз 120 зан дар 150 ҷинояти «вазнин» ва «махсусан вазнин» ошкор гардида, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Милисаи маҳаллӣ мегӯяд, 4 мавриди қатли инсон, се мавриди кӯдакфурӯшӣ, 44 ҳолати қаллобӣ, 28 мавриди дуздии моликияти одамон, 15 ҳолати латукӯб ва 13 ҳолати авбошии занонро дар қаламрави вилояти Хатлон ошкор кардааст.

Ҳамчунин занон дар тасарруф, тӯҳмату бӯҳтон, танфурӯшӣ, ғайриқонунӣ ишғол кардани қитъаи замин, сохтакории хизматӣ ва таҳрик додани инсон ба худкушӣ муттаҳам дониста шудаанд.

Пушаймонии Гулчеҳра

Маҳбуси ягона зиндони занонаи воқеъ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон, ки худро Гулчеҳра Мақсудова муаррифӣ мекунад, бо иттиҳоми қатли кӯдаки хурдсол барои 27 сол равонаи зиндон шуда, ҳоло мегӯяд, аз карда пушаймон мебошад: «Фикру нияти куштан надоштам. Дигар хел мақсад доштам, аммо ба ҳамин кор чи хел даст зада мондам, намедонам. Ҳамон вақт ҳиссиёти модарӣ аз ман гум шуда рафт…»

Ба иддаои хонум Гулчеҳра, ӯро ба қатли духтараки ноболиғ эҳсоси рашк таҳрик дода, дар ниҳоят фаҳмидааст, ки қурбони як амалиёти маккорона аз ҷониби дӯстписараш шудааст:

Ӯ мегӯяд: «Намедонам чи хел ба ҳамон кор даст задам. Ҳоло мешинаму ба худ ҳазорҳо савол медиҳам, ки чаро ман, ки худ модар ҳастам, чи тавр рафта кӯдакеро, ки худро ҳимоя карда наметавонист, зӯрам ба ӯ расид. Вай хоҳарчаи ҳамон шахсе буд, ки ман ошиқ шуда будам…»

Дар баробари Гулчеҳра Мақсудова ҳамчунин беш аз 200 зани дигар феълан барои содир намудани ҷиноятҳои мухталиф пушти панҷараи маҳбаси Норак нишастаанд.

Омилҳои даст задани занон ба ҷиноят

Омилҳои аслии даст задани занон ба ҷиноёт тангдастии молӣ, таъмин карда натавонистани фарзандони дур аз падар ва бекорӣ хонда мешавад. Юсуф Ҳусейнов, додситони нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон, бо истинод ба пажӯҳишҳои анҷомшуда дар зиндони занонаи Норак, мегӯяд, дар бештари маворид занон бо ҳадафи дарёфти пулу мол ҷиноят содир мекунанд.

Ҷаноби Ҳусейнов афзуд, ба ҳамин хотир, шумори ҷиноёти иқтисодии кори дасти занони маҳбус бештар аз ҳама будааст: Ӯ мегӯяд, баъзе аз занҳое, ки ба озодӣ мерасанд, азбаски шуғли дурусте пайдо карда наметавонанд ва боз ба ҷиноят даст мезананд: "Мегӯянд, ки мо ба озодӣ рафтем, ҷойи кор наёфтем, маҷбур шудем, ки боз дуздӣ кунем, гашта биёем ба маҳбас. Баъзе аз онҳо дигар ислоҳношуданианд…»

Мақомоти интизомии Хатлон сабаби ҷинояткории занонро асосан ба ахлоқ ва фарҳанги онон рабт медиҳанд. Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон, мегӯяд, занонро дар бештари маворид нодорию бекорӣ ба ҷиноят таҳрик медиҳад:

Ӯ гуфт: «Мо таҳлил кардем, яке аз сабабҳо ин аст, ки масалан, дар вилоят 817 оила аз ҳамдигар ҷудо шудааст. Фақат дар 8 моҳи аввали соли 2010. Ҳамаи инҳо, ки хонавайрон шуданд, оқибаташ чӣ мешавад? На ҳама занҳо дар хонаҳои падарашон ҷо меёбанд, маҷбур мешаванд, ки ба ягон тарабхона ё мавзеъи дигар рафта, кор кунанд. Дар ҳамон ҷо бо ҳар гуна ашхос шиносоӣ пайдо карда метавонанд, баъзе занҳо ба фоҳишагию мисли ин машғул мешаванд. Асосан ҷиноятро ҳамон занҳое содир мекунанд, ки бо ҳар хел доираҳо ҳамкорӣ мекунанд, ба танфурӯшӣ машғуланд ва ё ба корҳои дурусту мувофиқи меъёрҳои ахлоқӣ сарукор намегиранд».

Бархӯрди "нарм"-и мардум

Ин ҳама дар ҳолест, ки беш аз 10 фисади кулли ҷиноёти содиршуда дар вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ кори дасти бонувон будааст.
Содир шудани ҷиноят, бавижа ҷиноёти сангин бо дасти занон, барои ҷомеаи Тоҷикистон, ба истилоҳ, «гапи нав» нест. Вақте аз сокинони маҳаллӣ шарҳи сабаби ҷинояткориҳои занон пурсида шавад, бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ба ин масъала бархӯрди «нарм» нишон диҳанд:

  • Зиндагӣ ҳам душвор шудааст, бисёр занҳо ба ҳар роҳ мераванд, фирефтаи гурӯҳҳои ҷинояткор мешаванд, дар зиндагӣ роҳгум мезананд. Бисёрашон дар зиндагӣ азоб доранд, шояд аз ҳамин ҳисоб даст ба ҷиноят мезананд…
  • Аз беақлӣ ва имони комил надоштани худи занҳо вобаста аст. Дар чи гуна оила ин занҳо калон шудаанд, ин ҳам рол бозӣ мекунад…
  • Аз бемардакӣ будагист. Бечора баъзе занҳо танҳо бачаҳошона наметавонанд таъмин кунанд

Мусоҳиби ахирамон мегӯяд, ки духтарони ҷавон феълан наметавонанд барои худ ҷойи кори мувофиқ пайдо кунанд, зимнан, шояд аз ноилоҷӣ, даст ба ҷиноят мезананд, дуздӣ мекунанд, бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул мешаванд.

Вале як идда ҷиноёте ҳам имсол дар Хатлон содир шудаанд, ки бештар хашми одамонро меоранд, то эҳсоси раҳму фаҳми бечорагии зани муттаҳам ба ин ҷиноят.

Ба унвони мисол, нимаи аввали соли равон зане дар ноҳияи Бохтар андаруни манзили зисташ худ ва се фарзанди ноболиғашро зинда ба зинда оташ зад, ки дар натиҷа, худаш бар ҳаёт, аммо тифлонаш кушта шуданд. Ин зан мегӯяд, дар пайи хушунати хонаводаӣ қасди куштани худ ва фарзандонаш кардааст.

Аммо сарфи назар аз ин, мақомоти додситонӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи кӯдакони ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG