Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олег Ширинбеков аз "Истиқлол" рафт


Мубин Эргашев, собиқ сармураббии дастаи«Хуҷанд»-и Хуҷанд, ба ҷойи Олег Ширинбеков сармураббии тими «Истиқлол»-и Душанбе таъйин шуд.

Чунон ки сомонаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст, бо қарори раҳбарияти бошгоҳ Олег Ширинбеков, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, ки ба тими «Истиқлол» соли гузашта, баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, сармураббӣ таъин шуда буд, ба истеъфо фиристода шуд.

Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар сомонаи бошгоҳ гуфтааст, ки Олег Ширинбеков ба иллати иҷро накардани вазифаи асосӣ – қаҳрамони кишвар нашудани даста - ва ҳам надоштани муҷаввизи дараҷаи «А» аз вазифааш сабукдӯш шудааст. Бояд гуфт, ки аз соли нав бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ба бошгоҳҳои лигаи олии кишвар танҳо мураббиёни дорои муҷаввизи дараҷаи «А» метавонанд раҳбарӣ кунанд.

«Мутаассифона, Ширинбеков танҳо муҷаввизи дараҷаи «В» дорад, ки ӯ наметавонад сармураббии бошгоҳи «Истиқлол» шавад. Бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Олег Ширинбеков барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар кори минбаъдаи мураббигиаш муваффақият мехоҳад,» - навиштааст сомонаи бошгоҳи «Истиқлол».

​Чунон ки зикр шудааст, қарордод бо Ширинбеков бо розигии тарафайн ва бе шикояти ҷонибҳо лағв шудааст.

Олег Ширинбеков, яке аз ситораҳои футболи тоҷик дар солҳои 80, ки дар дастаҳои "Помир"-и Душанбе ва "Торпедо"-и Маскав бозӣ мекард ва ҳоло 50 сол дорад, моҳи июли соли 2013 сармурабии тими "Истиқлол" таъйин шуд. «Истиқлол» бо раҳбарии Ширинбеков соли гузашта барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон-2013 шуда буд.

Мубин Эргашев.
Мубин Эргашев.
Сармураббии нави даста Мубин Эргашеви 40-сола, ки соли гузашта аз тими «Истиқлол» ба «Хуҷанд» ба вазифаи сармураббии даста гузашта буд, Мактаби олии мураббиёни Маскавро хатм кардааст ва дорои муҷаввизи дараҷаи «А»-и УЕФА мебошад. Мӯҳлати қарордод бо ӯ дар сомона зикр нашудааст.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Нӯъмонҷон Юсуфов, ки баъди ба «Истиқлол» омадани Олег Ширинбеков мураббии калони ин даста таъин шуда буд, дар рӯзҳои наздиктарин ба вазифаи сармураббии нави бошгоҳи футболи «Хуҷанд» таъйин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG