Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, алакай моҳи июн дар ин минтақа бузургтарин корхонаи коркарди нафти Тоҷикистон ба кор оғоз хоҳад кард.

Интизор меравад, моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳияи Данғара бузургтарин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон оғоз ба кор кунад.

Маҳмадулло Сайдализода, раиси ноҳияи Данғара ахиран дар нишасти матбуотиаш бунёди бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди тиҷоратии “Данғара”-ро як иқдоми муҳим барои рушди иқтисодии ҷануби Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон унвон кард.

Ҷаноби Сайдализода гуфт, ки иқтидори истеҳсолии ин корхона дар як сол коркарди 1 миллиону 800 ҳазор тонна маводи нафтӣ хоҳад буд ва бо фаъол шудани он Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтӣ, ба хусус бо бензин таъмин хоҳад кард. Ӯ афзуд, дар оянда имкони ба хориҷ, аз ҷумла ба Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя содир кардани фаровардаҳои ин корхона вуҷуд дорад.

Раиси ноҳия афзуд, ки корхона дар як рӯз метавонад то 360 тонна нафти хомро коркард намояд. Ҳамзамон фаъол шудани ин корхона барои ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар низ саҳмгузор хоҳад буд. Чун ба иттилои раиси ноҳия, дар сол ба буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби ин корхона пардохти 49 миллион евро андоз аз аксиз ворид хоҳад шуд.

Раиси ноҳияи Данғара гуфт, «ҳоло таваҷҷӯҳи ҳукумат бештар ба ҳамин минтақа равон карда шудааст. Агар аз ҳама бузургтарин корхонаи нафт дар моҳи июн ба кори худ оғоз кунад, дар як сол 1 миллиону 800 ҳазор тонна нафт коркард ва истеҳсол мекунад. Пас аз коркард, дигар маводи он, аз ҷумла битум бо нархи арзон барои роҳсозон ба фурӯш гузошта мешавад.”

Ба иттилои раҳбарони ноҳияи Данғара, бо фаъол шудани бузургтарин корхонаи коркарди нафт, ки дар масоҳати 45 гектар сохта мешавад, дар марҳилаи аввал 600 нафар соҳиби ҷойи кор шуда ва баъдан теъдоди кормандон афзоиш меёбад.

Ҳамакнун ба гуфтаи масъулони минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, бузургтарин корхонаи коркарди нафт бо кони нафти “Шибирғон”-и Афғонистон ва ширкатҳои нафтии Қазоқистон, Русия қарордод баста ва ва музокирот дар ин замина бо Эрону Туркманистон барои ворид кардани нафти хом ҷараён дорад.

Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи “Данғара” моҳи феврали соли 2009 дар масоҳати 150 гектар замин таъсис шуда, ҳоло дар он сохтмони 21 корхонаи бузург ҷараён дорад.

Сафаралӣ Тайфуров

Сафаралӣ Тайфуров

Сафаралӣ Тайфуров, раиси минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” гуфт, ҳоло дар ин минтақа 31 корхонаи бузургӣ саноатӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 5 корхона ба сабаби фаъолият накардан аз қайд бароварда шуданд. Дар Тоҷикистон ба ҷуз “Данғара” боз минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Суғд” низ ташкил шудаанд.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка ворид мекунад. Аммо воридоти маҳсулоти тайёри нафтӣ назар ба воридоти нафти хом ва коркарди он дар дохили кишвар барои кишвари воридкунанда хеле гаронтар тамом мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG