Пайвандҳои дастрасӣ

Cе мушовири амрикоӣ, ки тибқи қарордод дар Афғонистон кор мекарданд, рӯзи панҷшанбе дар фурудгоҳи Кобул аз сӯи як сарбози афғон кушта шуданд.

Бар асари ҳамлаи як сарбози афғон дар фурудгоҳи Кобул, се корманди шартномавии амрикоӣ кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст. Як мақоми афғон ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки сабаби ин ҳамла то кунун маълум нест, аммо таҳқиқот дар ин бора ҷараён дорад.

Як манбаъ дар вазорати дифои Амрико, ки нахост номаш ошкор шавад, дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Франс-пресс", қурбониёни ин ҳамларо кормандони қарордодии вазорати дифои Амрико муаррифӣ кард, ки барои омӯзиши нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар ин кишвар ҳузур доштанд.

Фурудгоҳи байнамилалии Кобул на танҳо барои нерӯҳои эътилоф, балки барои ниҳодҳои имдодрасонии байналмилалӣ як роҳи калидӣ барои рафту омад ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ширкатҳои ҳавонавардии Emirates Airline, Turkish Airline, Fly Dubai ва хатсайрҳои дигари байналмилалӣ аз ин майдон парвоз мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки сарбозони афғон нерӯҳои байналмилалии мустақар дар он кишварро ҳадаф қарор медиҳанд. Бо он, ки масъулияти аксари ин ҳамлаҳоро Толибон ба ӯҳда мегиранд, аммо бархе аз нозирон нуфузи ин гурӯҳ дар сафҳои нерӯҳои амниятии афғон, муноқишаҳои шахсӣ ва тафовутҳои фарҳангиро омили аслии ин гуна ҳамлаҳо медонанд.

Дар силсилаи ҳамин ҳамлаҳо, соли гузашта як генерали амрикоӣ дар Кобул кушта шуда буд. Ин генерал баландпоятарин мақоми низомии амрикоӣ буд, ки дар ҷанги дувоздаҳсолаи Амрико дар Афғонистон кушта шуд.

Нерӯҳои амрикоӣ дар поёни соли 2014 ба маъмурияти низомиаш поён дод ва масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон супурда шуд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 12 ҳазор сарбози хориҷӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд, ки беш аз даҳ ҳазори он амрикоӣ мебошанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG