Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки дар пайи даргириҳо миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Кундуз воқеъ дар шимоли Афғонистон, даҳҳо ҳазор нафар фирорӣ шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки беш аз 33 ҳазор нафар аз мардуми Кундуз барои наҷот ёфтан аз ҳамлаҳои Толибон ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои давлатӣ, аз ин шаҳр гурехтаанд. Афроди гурӯҳи Толибон ҳафтаи гузашта аз чанд самт барои ишғоли шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз ҳамлаҳоро оғоз карданд, аммо бо муқовимати нерӯҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд.

Дафтари ҳамоҳангсозии умури инсонии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки фирориён аз ҷангҳои Кундуз ба таври фаврӣ ба ғизо ва доруворӣ ниёз доранд. Даниэл Мойлан, як масъули ин ниҳод рӯзи 10 октябр дар сӯҳбати телефонӣ аз Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Созмони Милали Муттаҳид ба таври амиқ аз вазъи инсонӣ дар шаҳри Кундуз нигарон мебошад."

Созмони Милали Муттаҳид вазъ дар Кундузро "нигаронкунанда" хонд.

Вай афзуд, ки аз ҳашт рӯз ба ин тараф, сокинони шаҳри Кундуз ба таври маҳдуд ба обу барқ дастрасӣ доранд. Ба гуфтаи ин масъули Созмони Милали Муттаҳид, онҳо гузоришҳое дар даст доранд, ки дар ин шаҳр миқдори ками ғизо боқӣ мондааст ва мардум бо душворӣ метавонанд маводи хӯрокворӣ пайдо кунанд. Бар асари ин ҷангҳо, ҳоло ҳазорон нафар аз мардуми ин шаҳр ба мушкили камбуди ғизо, об, барқ ва дору рӯбарӯ ҳастанд. Бар пояи ин гузориш, нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти ҳавоии Амрико барои поксозии Кундуз бо душвориҳо рӯбарӯ ҳастанд, зеро афроди Толибон дар минтақаҳои аҳолинишин сангар гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати муҳоҷирати Афғонистон эълом кардааст, ки шумораи оворагони фирорӣ аз Кундуз эҳтимолан ба 100 ҳазор нафар хоҳад расид. Аксари фирориён аз Кундуз ба вилоятҳои ҳамҷавори Тахору Бағлон ва ҳамчунин Кобулу Бадахшон паноҳ бурдаанд.

Шаби 3 октябр ҳамалаҳои густардаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри Қундуз – маркази вилояти ҳамноми он, ки бо ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, шурӯъ шуд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, Толибон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда якбора аз чор тарафи шаҳр ҳамла карданд. Аз он замон то ба ҳол ҷангҳо дар манотиқи мухталифи ин шаҳр идома доранд.

Як сол пеш ҳам Қундуз барои чанд рӯз таҳти назорати Толибон даромад ва дар он ҳодисаҳо, бино ба ҳисобҳои СММ, 289 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG