Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти ду фарзанди Мулло Амриддин дар зиндони Афғонистон


Зиндони Багром дар Афғонистон
Зиндони Багром дар Афғонистон

Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ, фарзандони Домулло Амриддин гуфтаанд, дар сурати озод шудан аз зиндони Багроми Афғонистон ба Тоҷикистон барнамегардананд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қазияи бародарон Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ, ки фарзандони Амриддин Табаров, раҳбари кушташудаи гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ном бурда мешаванд, изҳори бехабарӣ мекунад. Вале як манбаъ дар ин вазорат рӯзи 12 феврал ба Озодӣ гуфт, агар мақомоти афғон ин ду нафарро аз зиндони Багром озод кунанд, дигар бастагӣ ба худи онҳо дорад, ки ба Тоҷикистон бармегарданд ё на.

Дар ҳамин ҳол, The Washington Post, нашрияи муътабари Амрико, аз қавли генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон хабар додааст, ки муддати зиндонии ин ду нафар поён ёфта, аммо онҳо мондан дар маҳбаси Багромро ба бозгашт ба Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд.

Аммо вакили мудофеъи ду ҷавони тоҷик ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, муваккилонаш аз шароити ғайрибеҳдоштӣ ва шиканҷа дар зиндон ба танг омада ва дар моҳи гузашта ба нишони эътироз ба нигаҳдории ғайриқонуниашон даст ба гуруснанишинӣ зада буданд. Ин вакили мудофеъ гуфтааст, беҳтарин роҳи ҳалли ин мушкил интиқоли Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ ба кишвари сеюм хоҳад буд.

Тина Фостер, мудири иҷроияи Шабакаи байналмилалии адлия (International Justice Network) ба рӯзномаи The Washington Post гуфтааст: “Дар моҳи феврали соли гузашта додгоҳи Афғонистон ин ду бародарро ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз ба 3 сол зиндон маҳкум карда, аммо ба далели дар зарфи 5 сол дар зиндони Багром нигаҳдорӣ шуданашон онҳоро озод кард. Вале Додгоҳи олии Афғонистон аз ин ҳукм пуштибонӣ накарда ва онҳо то ҳол дар зиндон боқӣ монданд”.

Ба гуфтаи Тина Фостер, дар соли 2000 Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ ба иллати таъқиб дар Тоҷикистон ба Эрон рафта, дар мадрасаи ин кишвар таҳсил кардаанд ва баъдан вориди Афғонистон шудаанд.

Ин ду нафар дар соли 2009 дар як амалиёти неруҳои амниятии Амрико бо иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои тундрав боздошт шуда ва дар зарфи 8 соли ахир бидуни муҳокимаи додгоҳӣ дар зиндони Багром нигаҳдорӣ мешаванд.

Мӯсо Аҳмадҷонов, шаҳрванди Ӯзбакистон, ки дар зиндони Багром бо Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ ба сар мебарад, дар соли 2010 аз Туркия ба далели поёни муддати виза ихроҷ шуда ба Афғонистон омадаааст.

Ҳамакнун ҷониби Туркия ба ӯ иҷозаи вурудба ин кишварро надода ва Аҳмадҷонов натавонистааст бо ҳамсараш дар Туркия бипайвандад. Мӯсо Аҳмадҷонов ба мақомоти Афғонистон гуфтааст, аз имкони боздошту шиканҷа дар Ӯзбакистон ӯ низ наметавонад ба ватанаш бозгардад.

Зимнан, бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул феълан дар зиндонҳои Афғонистон ҳудуди 20 тоҷик нигаҳдорӣ шуда ва 6 нафари онҳо ба иттиҳоми терроризм дар зиндони Багром ба сар мебаранд.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул дар моҳи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳо талош доранд, тамоми зиндониҳои тоҷикро аз зиндонҳову боздоштгоҳҳои Афғонистон ба Ватан баргардонанд: “Ҳатто онҳое ҳам ки дар инҷо ба терроризм айбдор мешаванд, боз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва мо аз тариқи сӯҳбату ҳатто ҷалби наздиконашон талош дорем, онҳоро ба бозгашт моил кунем. Вале то имрӯз танҳо 3 нафар аз онҳое, ки ба терроризм айбдор мешаванд, барои бозгашт розӣ шудаанд.”

Амриддин Табаров соли 1953 дар рустои Ғуломони ноҳияи Нуробод ба дунё омада, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайвастааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 Амриддин Табаров ба Афғонистон ва аз онҷо ба Покистон паноҳ бурд.

Ӯ соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин ба Тоҷикистон баргашт, вале баъди чанде бо эълони норизоияташ бо ин қарордоди сулҳ аз ҳизби наҳзати исломӣ канор рафта, дар соли 2000-ум ҳамроҳ бо ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ аз Ҳаракати исломии Узбакистон дубора ба Афғонистон рафт. Баъди оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон пайравони ин созмони тундрав, аз ҷумла Амриддин Табаров ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд. ​

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 25 январ дар нишасти хабарии вазораташ дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи сарнавишти ҷангиёни “Ансоруллоҳ” гуфт, “тақдири онҳо маълум аст. Амриддин Табаров ним сол пеш ҳангоми як амалиёт дар Афғонистон кушта шуд.”

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки аз баданаи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шуда, ҷангҷӯёни тоҷики ин гурӯҳро муттаҳид мекард. Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, ин гурӯҳ дар як силсила амалиётҳои мусаллаҳонаи зидди давлат, аз ҷумла ҳамла ба шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Хуҷанд дар сентябри соли 2010 даст дошта, ошӯби мусаллаҳонаи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов дар водии Рашт дар солҳои 2010-2011 низ аз сӯи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" роҳандозӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG