Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Васвосиҳои динамитбадаст”


Номаи Р. Абдуллоев ба сомонаи Сентразия

Номаи Р. Абдуллоев ба сомонаи Сентразия

Мақолае бо даъвати бомбаборон кардани Роғун сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард ва як идомаи ғайриинтизор ё интизор ба дунбол дошт.

Вақте ки академик Рустамҷон Абдуллоев (дар зимн, вай узви Академияи илмҳои Узбакистон набуда, ин унвонро аз Академияи байнулмилалии информатизатсия гирифтааст, ки онро ба таблиғи олиммаобӣ ва фурӯши дипломҳои академикӣ айбдор мекунанд) изҳор дошт, сомонаи Сентразия мақолаеро бо имзои ӯ нашр кард, ки вай нанавиштааст ва бино бар ин ӯ ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбакистон муроҷиат кард, то пайдо шудани имзояшро зери матлабе, ки даъват ба зӯроварӣ ва ҷанг дорад, таҳқиқ кунанд, ман шарҳи сардабири Сентразияро дархост кардам, то ба тарафи дигари қазия низ ҳаққи сухан дода шавад. Мабод ҷаноби Абдуллоев одамони бегуноҳеро, ки онҳоро «душманони мо» меномад, ба найранг ва тақаллуб муттаҳам мекунад. Дар матлабе, ки шӯру қиёмеро ба миён овард, пешниҳод мешуд, ки Ӯзбакистон нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистонро бомбаборон кунад. Азбаски дар торнамо шумораи телефон дарҷ нагаштаанд, ман ба сардабири Сентразия Хлюпин В.Н. номаи электронӣ фиристодам.

Посух маро такон дод. Чандин бор хондам ва то ҳоло бовар надорам, ки он аз тарафи олим, номзади улуми сиёсатшиносӣ ва мушовири дараҷаи 1-и Федератсияи Русия навишта шудааст. Дилам мехоҳад, чизи зиёед ба ӯ бигӯям, вале мабод ин ҳам як “фейк” бошаду каси дигаре аз номи ӯ ба ман нома фиристодааст? Ба вижа ки ман ба унвонии сомона навишта будаму ҷавоб аз почтаи электронии Виктор Зоргов омад:

“Дуруд, ҳампеша,

Фаҳмонидани асли мавзӯъ.

Бале, сомонаи Сентразия ин мақоларо ҷой дод, ки аз номи "академик Р. Абдуллоев" ба мо расида буд. Мақола барои он нашр шуд, ки он ба мо ҷолиб намудор гашт. Мо – сомонаи озодем ва мақолаи тезутунди аз ҷойҳо фиристодашударо нашр мекунам ва имконияти тафтиши муаллиф, шиноснома, РМА-и ҳамаи мухбирони худро надорем. Академик Р. Абдуллоев пештар дар мо мақолаҳои на камтар аз ин тезутунд нашр карда буд. Вай муаллиф будани худро рад намуд – мо раддияи ӯро нашр кардем. Ба додгоҳ муроҷиат кардан мехоҳад – бигзор муроҷиат кунад. Дар мавриди шумораи IP ва манбаи расидани мақола агар дархости расмӣ шавад, баррасӣ мекунем ва мумкин аст, онро пешниҳод намоем. Мумкин пешниҳод накунем. Гап сари ин ки, бо мутолиаи бодиққати мақола ман, Хлюпин Виталий Николаевич, номзади улуми сиёсатшиносӣ ва мушовири дараҷаи 1-и Федератсияи Русия, метавонам зери ҳар калимаи ин мақола имзо кунам. Рост аст, ки Роғун ба амнияти милли Ӯзбакистон рӯирост таҳдид мекунад ва Тошканд ҳақ дорад, масъалаи риск ва хатар ба халқи худро аз тарафи ин супер-дугона дар миён гузорад. Кӯшиши президент Э. Раҳмон барои ба даст овардани пуштибонии “ҷомеаи байнулмилалии коршиносӣ” ин хатарҳоро батамом бартараф намекунад.

Режими Раҳмон аз нигоҳи сиёсатшиносӣ як истибдоди классикии шарқӣ, дуздсолор ва наркосолор буда, аз он сиёсати бомасъулият ва назорати ҷиддӣ бар сохтмонро интизор будан қуллаи содалавҳист. Сарбандро Тоҷикистон, бешубҳа, сохта метавонад, вале ниме аз гил ва ниме аз пору ва ҳама чизи дигар дуздида мешавад. Зери чунин сарбанд чӣ гуна мешавад зист?

Аз зовияи сиёсати амалгароёна Тоҷикистон умуман давлат не, як ҷомеаи ҷиноист, ки аҳолии худро танг карда ба гастарбайтерӣ мефиристад ва заминҳои холишударо ба Чин мефурӯшад ё иҷора медиҳад.

Аз зовияи таърихшиносӣ Тоҷикистон «мева»-и таҷрибаи иҷтимоии болшевикҳо ва фигонаи хонигарии Бухорост, ки танҳо бо мақсади шӯравонидани Афғонистон пайдо шудааст. Мисли Қирғизистон дар пайванд бо Шинҷон. Дар «зодан»-и онҳо рафиқ И. Сталин ягон маънии дигареро намедид. Давраи таҷрибаҳои иҷтимоӣ гузашт, вале дурӯғдавлатҳои ниммурдаи «маъюб» боқӣ монданд.

Таносуби феълии нерӯ дар ҷаҳон ин гуна аст, ки ба доягӣ бо чунин «истон»-ҳо на захираҳои иловагӣ ҳасту на хоҳиш. Роғун дар дасти Раҳмон ва ба ҳамон андоза силсилаи Норинӣ дар дасти Атамбоев – ин динамит дар дасти васвосиҳост. Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба шакли ҳозираашон, ҳамчун давлатҳои ноком ба камияш сазовори мудирият аз берун ва беҳтараш тақсим шудан дар байни Ӯзбакистон ва Қазоқистонанд бо додани баъзе ихтиёрҳо ба тоҷикон ва қирғизҳо.

Табъан, ман ба ҳеч ваҷҳ ба бомбаборони Роғун даъват намекунам, вале роҳ додан ба сохтмони он барои И. Каримов – худкушии тадриҷӣ ва бебозгашт аст.

Усулан, тезисҳои пешниҳодшударо мешавад бо далелҳо густариш дод, аммо, ба сурати умум, бе он ҳам фаҳмост.

Мақоларо мо аз сомона намегирем. Муаллифии Р. Абдуллоев ҳазф шуд, аз ӯ узр мехоҳем, дигар чӣ саволҳо ҳаст?

Барори корҳо, Виталий Хлюпин, сардабири Сентразия.»

Фақат ин саволҳо мемонад, ки мушкил бо ду "президенти васвосист" ё аз байн бурдани ду кишвари Тоҷикистону Қирғизистон ва Худо накарда, ин машварат ба раҳбарияти Федерасиюни Русия дода шудааст? Ин ҳама аз куҷо меояд, шояд аз ҳолнома?

ХЛЮПИН Виталий Николаевич соли 1969 дар шаҳри Елгаваи Латвия таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ва дертар Академияи хоҷагии халқи вобаста ба ҳукумати Русияро хатм кардааст. Соли 1996 бо рисолаи «Вазъи геополитикии Қазоқистон: таҳлили омилҳои сиёсии беруна» номзади улуми сиёсӣ шудааст. Дар сохторҳои ҳукумати Қазоқистон ва сипас Русия кор кардааст. Солҳои 1997-99 ҷонишини гурӯҳи машваратии раҳбари ЛДПР В. Жириновский ва аз масъулони маъракаи интихоботии ӯ будааст. Аз соли 2001 сардабири сомонаи Сентразия аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG