Пайвандҳои дастрасӣ

Театри махсус барои муҳоҷирон. Чаро не? (ВИДЕО)


Ҳунарпешаи тоҷик Аҷам Чакабоев дар саҳнаи Театр.док

Ҳунарпешаи тоҷик Аҷам Чакабоев дар саҳнаи Театр.док

Коргардони Театр.док Всеволод Лисовский ният дорад, як театри махсусе барои муҳоҷирони корӣ таъсис диҳад.

Всеволод Лисовский, коргардони Театр.док дар Маскав мегӯяд, фикри таъсиси чунин як муассисаи вижаи фарҳангӣ барои муҳоҷирон маҳз баъд аз ҳамкорӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар чаҳорчӯби намоишномаи "Акын-опера" омад.

Ӯ рӯзи 21 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили муҳоҷирони корӣ дар Русия хеле фаровон аст ва ҷомеаи ин кишвар ҳанӯз одат накардааст, ин гурӯҳи мардумро чун бахше аз ҷомеаи худ арзёбӣ кунад.

"Ташкили як театри махсус, ки дар он ҳам худи муҳоҷирон ҳунарнамоӣ кунанд ва ё бо иштироки ҳунарпешаҳои маҳаллӣ барояшон шоҳкориҳои театри русӣ намоиш дода шавад, кори хуб хоҳад шуд. Танҳо масъала ин аст, ки мо бояд як гурӯҳи доимиамалкунандаи ҳунармандонро дошта бошем ва онҳо аз ҳар гуна тағйироти марбут ба қонунҳои муҳоҷират ё фишорҳои ҳукумат осеб набинанд,"-гуфт ӯ.

Коргардон афзуд, ду соли охир дар фикри амалисозии ин пружа аст ва умедвор аст, базудӣ онро амалӣ кунад.

Всеволод Лисовский муаллифи нахустин спектакле бо иштироки муҳоҷирони кории тоҷик мегӯяд, баъд аз он ба чунин хулоса расид, ки ду иҷрокунандаи муҳими спектакли "Акын-опера" бино ба фишорҳои бӯҳрони иқтисодӣ Русияро тарк карданд.

Покиза Қурбонҳусейнова ба Тоҷикистон ва Аскар Рустамов ба зодгоҳаш – Самарқанд баргаштаанд ва ҳоло намоишномаи мазкур бо нерӯи танҳо се нафар ба саҳна гузошта мешавад. "Қаблан дар иҷрои ин намоишномаи шеърӣ 8 нафар иштирок мекарданд,"-мегӯяд Лисовский.

"Зиндагӣ дар Русия гарон шуд, доллар боло рафт, кор барои муҳоҷирон кам шуд ва ду артисти муҳими мо – Покиза ва Аскар маҷбур шуданд, ба зодгоҳашон баргарданд. Ҷои онҳо то ҳанӯз холӣ аст, намоиши спектакл аз рӯи нақша, албатта, пеш меравад, вале воқеият ин аст, ки таҳаввулоти марбут ба муҳоҷирон дар кишвар ба кори мо ҳам таъсиргузор шудааст,"-гуфт ӯ.

Аз оғози соли 2015 Русия қонунҳои муҳоҷиратро шадидтар карда, барои ҳар коргари хориҷӣ гирифтани патент, супурдани имтиҳони таърихи Русия ва забони русиро ҳатмӣ намуд. Аммо ҳамин чиз сабаб шуд, шумори муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар якбора коҳиш ёбад. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, дар ду-се моҳи аввали ҷоришавии муқаррароти шадидтари кор барои хориҷиҳо, танҳо муҳоҷирони тоҷик 80 миллион зарари молӣ дидаанд.

Намоишномаи Театр.док бо ширкати ҳунармандони тоҷик - Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чаккабоев ва Абдулмамад Бекмамадов, ки дар Тоҷикистон ҳунарпешаҳои касбӣ буда, дар Русия кори мавсимӣ мекарданд, тобистони соли 2014 барандаи ҷоизаи боэътибори "Золотая маска" (“Ниқоби тилоӣ”) шуд. Онҳо нахустин ҳунарпешаҳои тоҷик шуданд, ки сазовори ин ҷоизаи бонуфузи театрҳои касбии Русия гардиданд ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ин кишварро тавассути оҳангу суруд ва қиссагӯӣ ба мушкилоти муҳоҷирони корӣ ҷалб карданд.

Зимнан, Театр.док, ки танҳо намоишномаҳои иҷтимоиву сиёсиро ба саҳна мегузорад ва дар танзҳояш аз интиқоди симои президент Владимир Путин ҳам фаровон истифода мекунад, соли 2014 аз сохтмони театраш маҳрум шуд. Дар ҳоле ки мақомоти вазорати фарҳанг ин тасмимро ба вуҷуди мушкилоти коғазиву тамдид нашудани мӯҳлати иҷораи театр рабт доданд, раҳбарони театр мегӯянд, интиқоди онҳо аз рӯйдодҳои сиёсии кишвар боиси аз саҳнаи театрӣ маҳрум шудани онҳо гардид.

Ин ҳодиса мавриди интиқоди шадид дар матбуоти маҳаллӣ ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқи башар шуд ва моҳи феврали имсол ҳайати театр ба сохтмони наве дар майдони Разгуляй дар наздикии метрои Бауман кӯч баст.

XS
SM
MD
LG