Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон донишгоҳ зиёд, вале профессор кам шудааст


Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон вазъи мактабу маориф дар кишварро риққатбор мехонад. Масъулони ин марказ мегӯянд, солҳои ахир сифати таълим ба сатҳи ниҳоӣ поин рафта, ояндаи рӯшани насли наврасро зери суол бурдааст.

Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ, зимни як нишаст бахшида ба ҷавонон дар шаҳри Душанбе гуфт, барномаҳои зиёди давлатӣ дар ин самт ба таври зарурӣ амалӣ нашуда истодаанд ва кӯшишҳои Вазорати маориф барои дарёфти истеъдодҳо аксаран дар атрофи пойтахт маҳдуд мешаванд.

Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, масъулини Вазорати маориф ҳамавақт аз зиёд шудани теъдоди макотибҳои олӣ дар кишвар бо ифтихор ҳарф мезананд, вале ба паҳлуи дигари масъала диққат намедиҳанд.

Абдураҳмон Қурбонов, шеваи таълим дар донишгоҳу мактабҳоро танқид кард.
Абдураҳмон Қурбонов, шеваи таълим дар донишгоҳу мактабҳоро танқид кард.

Ӯ гуфт, “ҳар вақт аз минбарҳо дар бораи дастовардҳо гап мезанем ва мегӯем ки дар давраи истиқлолият мактабҳои олӣ аз 13 ба 39 адад расид. Ин албатта як пешрафт аст. Лекин ба паҳлӯи дигар бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки барои тарбияи хуби кадрҳо дар мактабҳои олӣ чӣ даркор аст? Муаллими варзида ва олимони соҳибтахассус. Миқдори мактабҳои олӣ ба 39 адад расид ва дар ин давра миқдори омӯзгорон нисбат ба соли 1991 4 ҳазор маротиба зиёд шудааст. "

Шумораи зиёд, мутахассиси кам

Абдураҳмон Қурбонов шумораи донишгоҳҳо дар замони гузашта ва имрӯзро муқоиса кард ва гуфт, "дар 13 мактаби олӣ чӣ қадар муаллими унвондор буду ҳоло дар 39 мактаби олӣ чӣ қадар устодони унвондор дорем. Миқдори унвондорҳо нисбат ба оли 1985 ҳоло 300 нафар кам аст. Дар инҷо мо сифатро бой дода истодаем. Имрӯз дар аудиторияҳо аз олимон, профессорон ва устодони соҳибтаҷриба хеле каманд."

Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчунин таълими фанҳои дақиқ дар макотиби миёна интиқод карда гуфт, таълими ин фанҳо бад ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Қурбонов, “дар самти омӯзиши фанҳои дақиқ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумат “Барномаи давлатии рушди илмҳои дақиқ”, “Барномаи тарбияи кадрҳои илмӣ” дар ду давра қабул шуда буд. Мутассифона ин барномаҳо дар он тарзе, ки бояд амалӣ шаванд, амалӣ нашуда истодаанд. Ман бо тамоми масъулият мегӯям, ки дар тамоми Тоҷикистон ягон кабинети физика, химия, биология бо таҷҳизоти лабораторие, ки даркор аст, таъмин нест. Тасаввур кунед зинаи мактаби миёнаро мактаббачча бе таҷҳизоти лабораторӣ мегузаронад. Мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Академияи илмҳо ва Академияи кишоварзӣ ҳам дар ҳамин ҳолат ҳастанд.”

Масъули Маркази таҳқиқоти стратгеӣ ҳамчунин аз сифати озмунҳои вазорати маориф ва илм ба хотири дарёфти истеъдодҳо интиқод карда гуфт, ин озмунҳо бештар дар ҳудуди пойтахт маҳдуд мешаванд ва ҷавонони боистеъдоди минтақаҳо дур мемонанд.

Масъулини вазорат мегӯянд, ба интиқодҳо розӣ нестанд.

Носир Буриев, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои олии касбӣ, муассисаҳои ибтидоӣ-миёнаи олии касби Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд монда шудааст. Дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 200 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул шуд ва он барномаҳои марбутае, ки ҳастанд албатта аз сатҳу сифати таҳсилот дар кишвар дараки худро медиҳанд.”

Ҷаноби Буриев медалҳои ба даст овардаи хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалиро гувоҳи дигари баланд будани сатҳи таълим дар Тоҷикистон медонад. Ӯ аз Маркази милли тестӣ ном бурд, ки "тамоми ҷавонони боистеъдод тариқи он шаффоф ба донишгоҳҳо дохил мешаванд."

Носир Буриев интиқодҳо дар бораи аз меъёр зиёд шудани миқдори макотиби олии Тоҷикистонро қабул надорад ва мегӯяд, мақсад аз зиёд кардани теъдоди донишгоҳу донишкадаҳо ин босавод кардани тамоми шаҳрвандон мебошад.

Ин ҳамсӯҳбати мо дар бораи олимпиадаҳо ва омӯзиши фанҳои дақиқ дар макотиби миёна гуфт:

"Озмунҳо ва олимпиадаҳое ки доир мегарданд аввал дар худи мактабҳо доир мегарданд. Баъдан дар минтақа, ноҳия ва даври ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе ё ягон минтақаи дигар баргузор мешавад. Имруз бо дастгирии Ҳукумат чӣ қадар мактабҳои типи нав кушода шуданд, ки ҳамаашон бо технологияҳои муосир онҳо таҷҳизонида шудаанд. бо он таъминоти барқие ки имрӯз аст мо ин технологияҳоро дар сатҳу сифати баланд истифода бурда метавонем.”

Бозори маориф бояд ташкил карда шавад

Коршиносон мегӯянд, зиёд шудани теъдоди макотиби олӣ хуб аст, ба шарте, ки онҳо мутахассиси хуб омода кунанд.

Мунира Иноятова тарафдори рақобат дар донишгоҳҳо аст.
Мунира Иноятова тарафдори рақобат дар донишгоҳҳо аст.

Мунира Иноятова, вазири собиқи маориф ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳар як таълимгоҳ кафолат диҳад, ки баъди хатм донишҷӯ ҳамчун мутахассис аз даргоҳи донишгоҳ берун меравад, пас метавон гуфт, ки сифати таълим дар кишвар хуб аст. Аммо ба гуфтаи ин коршинос, аксарияти мактабҳои Тоҷикистон чунин кафолат дода наметавонанд.

Мунира Иноятова роҳи ҳалли масъаларо дар ташкили бозори маориф ва зиёд кардани рақобат дар ин соҳа медонад.

-Модом ки мо иқтисодиёти бозоргонӣ мегӯем, бояд бозори таълимгоҳҳоро ташкил кунем, то рақобат байни таълимгоҳҳо пайдо шавад. Кадомаш сифаташ баландтар. Ҳоло ин рақобат ба таври даркорӣ ташкил нашудааст, то довталаб тавонад, аз миёни 2-3 макотиби олӣ интихоб кунад, ки сифат ва натиҷаи кори кадом макотиб баландтар аст ва ӯ баъди хатм кардани ин донишгоҳ ҷойи корашро тез муайян мекунад. ”

Коршиносон мегӯянд, низоми маорифи Тоҷикистон дар ҳоле ба ҷомеаи кишвар метавонад кадрҳои хубро пешниҳод кунад, ки агар фасод дар он камтар шуда, донишҷӯ танҳо дар фикри азхуд кардани илм бошад.

XS
SM
MD
LG