Пайвандҳои дастрасӣ

ХАБАРИ ОҶИЛ: Шаҳри Кундуз ба дасти Толибон афтод


Тибқи охирин гузоришҳои расида, Толибон шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз дар шимоли Афғонистонро ба тасарруфи худ дароварданд

Як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бегоҳи рӯзи душанбе шаҳри Кундуз комилан ба тасарруфи Толибон гузашт. Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳамидуллоҳ Донишӣ, муовини волии Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Толибон бахши калони шаҳри Кундузро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ гаштугузори афроди гурӯҳи Толибон дар маркази шаҳри Кундузро нишон медиҳад. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шудааст, ки Толибон садҳо нафар аз зиндониёнро аз маҳбаси Кундуз раҳо кардаанд.

Гузоришҳо мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои давлатӣ ба самти майдони ҳавоии Кундуз ақибнишинӣ кардаанд. Зоҳирон вуруди нерӯҳои тозанафас аз вилояти Тахор, Балх ва ҳамчунин аз Кобул натавонист ҷилави пешравиҳои Толибонро бигирад ва ҳамин тавр онҳо ин шаҳри муҳим дар шимоли Афғонистонро дар камтар аз як шабонарӯз ба тасарруфи худ дароварданд.

Афроди гурӯҳи Толибон бомдоди рӯзи душанбе ба қисматҳои марказии шаҳри Кундуз ҳамла кардаанд. Ба гузориши хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ аз маҳал, шӯришиён соатҳои тақрибан сеи шаб ҳамла карданд ва бо низомиёни афғон даргир шудаанд.

Аз талафоти ҷонӣ дар миёни ҷонибҳои даргир то ба ҳол гузоришҳои дақиқ нарасидааст, аммо Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амниятии Қундуз қабл аз зӯҳри рӯзи душанбе гуфта буд, ки нерӯҳои давлатӣ ҳудуди 20 ҷангиро куштаанд ва дар миёни нирӯҳои давлатӣ низ қурбониҳо ҳастанд.

Гарчанде то ба ҳол мақомоти ҳукумати Афғонистон хабари суқути Кундузро расман таъйид накардаанд, аммо вакилони ин вилоят дар парлумони Афғонистон ҳушдор додаанд, ки суқути ин вилоят ба дасти Толибон боиси аз даст рафтани вилоятҳои дигар дар шимоли он кишвар хоҳад шуд.

Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

Моҳи декабри соли гузашта афроди гурӯҳи Толибон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз чаҳор марзбони тоҷикро ба гарав бурданд ва танҳо баъд аз шаш моҳ ва он ҳам бо мусоидати амири Қатар онҳоро раҳо карданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG