Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даргириҳои шимоли Афғонистон ба вазъи марз таъсире нагузоштаанд, вале коршиносон бар инанд, ки таҳаввулоти ахир дар Кундуз набояд нодида гирифта шавад.

Садои тирпарронӣ дар амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон зидди Толибон дар наздикии марз ҳамакнун дар хоки Тоҷикистон низ шунида мешавад. Муҳаммад Ҷаъфаров, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба ғайр аз садои тирпарронӣ рӯшноии тирҳои оташгирифта дар осмон низ дида мешавад, аммо то ҳол ҳеҷ талоши убури гурӯҳҳои тундрав ба марзи Тоҷикистон рӯй надодааст.

Ӯ гуфт: “Тирпарронӣ шунида мешавад ва шабона гоҳҳо дар осмон рӯшноии тирҳо дида мешавад. Аммо дар марзи мо вазъ мисли пештара ором аст. Аз мардум хоҳиш дорем, ки ба ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд ва бовар дошта бошанд, ки марз ором буда, марзбонҳо имкони мубориза бо ҳама гурӯҳҳоро доранд. Ҳаминро гуфтаниам, ки дар ҷамъи умум ҳолати сарҳади давлатии Тоҷикистон тинҷу ором аст. ”

Ба сурати умум мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки алҳол гурӯҳҳои тундраве, ки дар наздикии марзи ин кишвар бо нерӯҳои амниятии Афғонистон меҷанганд, барои Тоҷикистон чандон хатари ҷиддие надоранд. Аммо рӯшан нест, бо оғози амалиёти густардаи нерӯҳои Афғонистон дар манотиқи ҳамарз чӣ таҳаввулот пеш хоҳад омад. Кобул гуфтааст, 12 000 сарбозу афсарро барои ин амалиёт басеҷ кардааст ва телевизиони давлатии Афғонистон аз сокинони ноҳияҳои Имом-Соҳиб, Алиобод, Қалъаи Зол ва Чордара хостааст, пеш аз оғози амалиёт дар нимирӯзии якшанбе хонаҳои худро дар ин ҷо тарк кунанд. Эҳтимол меравад 3000 хонавода ё наздики 30 000 нафар беҷо шаванд. Аммо барои онҳо ягон урдугоҳи муваққат ташкил дода нашудааст.

Дар рости ин амалиёти бузург мақомоти қудратии Афғонистон ҳамтоёни худро дар Тоҷикистон огоҳ кардаанд, ки бо шурӯи амалиёт дар ҷангалзорҳои соҳили рӯдхонаи Панҷ, воқеъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон бо тарафи Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.

Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳеҷ хатари ҷиддие ба марзи Тоҷикистон таҳдид намекунад ва гурӯҳи толибон дар он ҷаангалзорҳое пинҳон шудаанд, ки мутаалиқ ба хоки Афғонистонанд.

Ӯ гуфт: “Марз зери назорат аст. Ҳоло ҷанг асосан дар Имом Соҳиб идома дорад, ки аз марзи Тоҷикистон дуртар аст. Гап дар ин аст, ки он ҷазираҳое, ки мегӯянд, толибон қарор доранд, аз Афғонистон, аз он тарафи об аст. То имрӯз ба ҳудуди марзи мо ягон гурӯҳе ворид нашудааст.”

Ин генерали тоҷик мегӯяд, ба ҳар сурат марзбонони тоҷик ба таври маъмулӣ кори худро идома медиҳанд ва омодаанд, ба ҳар гурӯҳи марзшикан посух бидиҳанд. Аммо Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Кундузи Афғонистон рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҷангалзорҳои миёни марзи ду кишвар аз қабл толибон ҷой гирифта буданд ва ҳоло бар асоси бархе аз маълумот теъдоди онҳо ин ҷо афзоиш ёфтааст”.

Ин мақоми пулиси Кундуз мегӯяд, ҳоло бо ҷониби Тоҷикистон дар тамосанд то ҳангоми ҳамла ба ин гурӯҳи толибон бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. "Мақомоти амниятии Афғонистон ба танҳоӣ аз ӯҳдаи нобуд кардани ин гурӯҳи толибон мебароянд, аммо чун ин гурӯҳ дар марз ҳастанд, мо мехоҳем бо дар ҷараён гузоштани ҷониби Тоҷикистон зидди онҳо амалиёт гузаронем," -гуфт Саидсарвар Ҳусайнӣ.

Дар робита ба эҳтимол ба хоки Тоҷикистон мавҷ задани гурезаҳо аз миёни аҳолии осоишта мақомоти тоҷик мегӯянд, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ амал хоҳанд кард.

Комёб Ҷалилов

Комёб Ҷалилов

Беэътиноии мақомоти Тоҷикистонро ба хатари эҳтимоли тундгароён дар шимоли Афғонистон, бархе аз коршиносон дуруст намешуморанд. Аз ҷумла Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили Афғонистон мегӯяд, мақомоти тоҷик бояд ин гурӯҳи толибонро аз гурӯҳи қаблии толибон фарқ кунанд. Ба гуфтаи ӯ ҳоло гурӯҳе дар марзи Тоҷикистон ҷамъ шудаанд, ки иборат аз толибони Покистонанд, ки бо гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” байат кардаанд. Дар таркиби ин гурӯҳ, аъзои ҷамоати “Ансоруллоҳ” ва Ҳаракати Исломии Узбакистон низ шомиланд, ки ҳадафашон вуруд ба Осиёи Марказист.

“Ҳоло эҳсос мешавад, ки пуштибонҳои ин гурӯҳи толибон дигар ҳадафро дунболагирӣ мекунанд. Толибони пешин ҳадафашон дигар буд ва ба кишвари мо хатар надоштанд. Ин гурӯҳҳо ҳоло наметавонанд, ки суботи сиёсиро дар Осиёи Марказӣ ба ҳам зананд, аммо имкони халалдори кардани вазъро доранд. Муносибати мо бо Афғонистон хуб аст ва бояд мақомоти Тоҷикистон ин таҳдидҳоро хурд нагиранд ва барои мубориза бо онҳо бо мақомоти Афғонистон ҳамкории зич кунанд," -- мегӯяд Комёб Ҷалилов.

Ҳоло дар вилояти Бадахшон ва Кундузи Афғонистон, ки бо вилоятҳои Бадахшону Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, амалиёти мақомоти интизомии Афғонистон бо гурӯҳҳои тундрав идома дорад. Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ "марзи душворназорат" номида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG