Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар байни 14 узви боздоштшудаи "Ат-Такфир"


Боздошти гумонбаршудагони узвияти "Ат-Такфир" дар Маскав, 27 ноябри соли 2013.
Боздошти гумонбаршудагони узвияти "Ат-Такфир" дар Маскав, 27 ноябри соли 2013.

Дар байни14 гумонбаршудаи узвият дар гурӯҳи мазҳабии "Ат-Такфир вал-Ҳиҷра" шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

Дар байни14 гумонбаршудаи узвият дар гурӯҳи мазҳабии "Ат-Такфир вал-Ҳиҷра" шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд. Ин гурӯҳ ахиран боздошт шудааст. Дар ҳоле ки шумори шаҳрвандони тоҷик дар ин гурӯҳи террористӣ ифшо намешавад, Хадамоти матбуоти пулиси Маскав ба радиои "Озодӣ" гуфт, ба ин гурӯҳи14 нафарӣ шаҳрвандони Узбакистон ва сокинони ҷумҳуриҳои мухтори Русия -- Ингушетия ва Доғистон шомил будаанд.

Намояндаи дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Маскав рӯзи душанбеи 9-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, алайҳи боздоштшудаҳобар пояи банди 222-и қонуни кайфарии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, ки дар сурати исботи ҷурми онҳо ҳар кадоме ба муддати то 8 сол аз озодӣ маҳрум мешаванд.

Ҳамаи ин гумонбарон рӯзи 27-уми ноябр дар як амалиёти махсуси нерӯҳои пулиси Маскав дар ин шаҳр дастгир шуда, қарор аст то ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ шаванд. Хадамоти матбуоти пулиси Маскав мегӯяд, ҳангоми боздошти ин гуруҳ аз маҳалли иқомати онҳо 3 норинҷаки худсохт, лавозимот барои сохтани таҷҳизоти инфиҷорӣ, тапонча, норинҷак, тирҳои ҳархела ва адабиёти экстремистӣ кашф ва мусодира шудааст.

Номи созмони то ҳол номаълуми «Ат-такфир-вал-Ҳиҷра» замоне дар Русия расман садо дод, ки дар ибтидои моҳи ноябр, як марди мусулмон бо иттиҳоми узвият дар он дар дар вилояти Маскав боздошт шуд. Ба иттилои мақомот, ин мард ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ бо духтарҳо шинос шуда, онҳоро ба дини Ислом даъват мекардааст. Ба гуфти ВКД-и Русия вай 4 духтари русро мусулмон кардааст.

Созмони тундгарои «Ат-Такфир вал- Ҳиҷра» соли 1960 дар Миср таъсис ёфта, эҳтимол меравад, солҳои охир он бо шабакаи террористии "Ал-қоида" пайваст шудааст. Фаъолияти "Ат-Такфир вал-Ҳиҷра" дар ҳудуди Русия аз соли 2010 ба ин сӯ расман мамнуъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG