Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даврон Муҳаммадиев: "Ба тоҷик буданам мефахрам..."


Даврон Муҳаммадиев.

Даврон Муҳаммадиев.

Дар даври ниҳоии эстафетаи машъали Бозиҳои олимпиии Сочӣ, Даврон Муҳаммадиев, раиси намояндагии Федератсияи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ширкат дошт.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Даврон Муҳаммадиев гуфт, ки Федератсиони байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва ширкати Coca-Cola, ҳампаймони асосии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳамкории наздик дорад ва ӯ барои бардоштани машъали олимпӣ аз сӯи ин ду ниҳод пешбарӣ шуда буд.

Ӯ афзуд, “новобаста аз он ки ман аз тарафи Федератсияи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ширкат доштам, вақте меҳмонҳо аз гӯшаи канори ҷаҳон дар ин ҷо мепурсанд, ки “аз кадом созмон ва аз кадом кишваред”, ман, пеш аз ҳама ҷавоб мегӯям, ки тоҷик ҳастам, яъне ҳам ташкилоти худ ва ҳам Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам”.


Ба гуфтаи Даврон Муҳаммадиев, дар марҳалаи ниҳоии машъали олимпӣ ба гурӯҳи хурди онҳо ду қаҳрамони пешини Бозиҳои олимпӣ, ки қаблан дар машъалбардории чаҳор Олимпиада ширкат доштанд, ва писари раиси пешини Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Хуан Антонио Самаранч ҳам шомил буданд.

Бозиҳои олимпӣ одамони сайёраро новобаста ба нажоду мазҳаб ва афкори сиёсияшон муттаҳид мекунад”.

Даврон Муҳаммадиев гуфт, ки ҳамагӣ се рӯз дар Сочӣ мемонад ва, аз ҷумла, шоми ҷумъа дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар варзишгоҳи “Фишт” ширкат хоҳад кард: “Баъдан бояд ба Маскав баргардам, зеро корҳои муҳим интизоранд”.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш Алидод Исмоилов, варзишгари тоҷики муқими шаҳри Новокузнетски Русия, дар сафи варзишгарони номдори Русия машъали Бозиҳои олимпии Сочиро дар шаҳри Кемерово бардошта буд.



Даврон Муҳаммадиев хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва аз шогирдони яке аз нобиғаҳои тибби муосири тоҷик академик Минҳоҷ Ғуломов мебошад. Баъди гирифтани диплом чанд муддат устоди Донишгоҳи тиббӣ ва корманди Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон буд. Рисолаи номзадияшро зери назорати Минҳоҷ Ғуломов навишта, аммо онро баъд аз даргузашти устодаш дар Маскав ҳимоя кардаст.

Ӯ рисолаи докторияшро дар пойтахти Русия навиштааст. Ба доктори илмҳои тиб Даврон Муҳаммадиев соли 2005 Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ дар бахши илму фановарӣ эҳто шуда буд. Аз соли 2005 ба ин сол ӯ корманди Федератсиони байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҳоло раиси намояндагии ин федератсион дар Русия аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG