Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон санадҳои лозимро барои дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додани Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, омода мекунад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки санадҳои лозимро барои ҷустуҷӯи байналмилалии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳия мекунанд. Як манбаъ аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин санадҳо “бо далелҳои боварибахш, ки даст доштани Муҳиддин Кабириро дар ҷиноят собит мекунад, дар ҳоли омода шудан ҳаст.”

Ӯ гуфт, бо ирсоли ин санадҳо Тоҷикистон аз "Интерпол"-- пулиси байналмилалӣ ва пулиси кишварҳое, ки эҳтимолан Муҳиддин Кабирӣ он ҷо ба сар мебарад, дархости боздошт ва истирдоди ӯро мекунад. Ин манбаъ аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ кард ва дақиқ нагуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Аммо рӯзи 17-уми сентябр бо нашри як изҳорот Додситонии кулли Тоҷикистон ӯро дар даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, собиқи муовини вазири мудофиа Тоҷикистон айбдор дониста буд.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.”

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 17 сентябр дар вокуниш ба ин изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кулл ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман бо мавридҳои сохтаи иқтисодӣ парванда омода карда буд. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаби 16-ум ба 17-уми сентябр 13 тан аз узви баландпояи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд, ки миёни онҳо ду муовини оқои Кабирӣ низ ҳастанд. Додситонии кулл онҳоро низ дар ҳамроҳӣ бо гурӯҳи Назарзода расман айбдор эълон кард.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт.

Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошт. Гуфта шуд, ки генерал Назарзода бо истифода аз мақом аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ миқдори зиёди силоҳро бо худ бурдааст, вале бахши аъзами ин таслиҳотро дар ҳамон рӯзи аввали амалиёт дар дараи Ромит кашф ва мусодира кардаанд. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо далели“бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақом барканор карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG