Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 рӯзи Бозиҳои Осиё: 268 медали Чину... 2 медали Тоҷикистон


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи ёздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар панҷ намуд ширкат карданд, вале медал ба даст наоварданд.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи ёздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар панҷ намуд - бокс, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, софт теннис ва таэквондо ширкат карданд, вале медал ба даст наоварданд.

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки рӯзи 30-юми сентябр дар сабқати бокс дар вазни то 91 кило рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ кард, қувваозмоиро ба рақибаш Маҳмуд Дарвеш Ал-Матбулӣ аз Урдун бо ҳисоби 1-2 бохт ва бе медал монд. Ҷаҳон Қурбонов, ки севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ширкат кард, аз ин пеш як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Рӯзи сешанбе ду варзишгари тоҷик дар риштаи гуштии юнониву румӣ рақобат карданд. Азизбеки Шарифзода дар вазни то 59 кило сабқатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, аз Наҳей Ҳасегава (Ҷопон) бо ҳисоби 0-5 шикаст хӯрд, баъдан барои роҳ ёфтан ҷиҳати дарёфти медали биринҷӣ аз Кие Тиан (Чин) бо ҳисоби 0-5 ноком шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҳабибулло Абдуллоев низ дар вазни то 98 кило сабқатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ кард ва аз Арслон Сафармамадов (Туркманистон) бо ҳисоби 1-3 мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза ҷиҳати дарёфти медал маҳрум шуд.

Дар сабқати варзиши сабук Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,86 сония ба нимфинал баромад. Вале дар ин масофа Даврон Атобоев бо натиҷаи 21,91 сония аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд. Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:50:55 ҷойи 9-умро гирифт ва аз ширкат дар даври баъдӣ бенасиб монд.

Рӯзи сешанбе, инчунин, варзишгарони тоҷик дар риштаи софт теннис дар сабқати инфиродӣ ширкат карданд. Неъматулло Раҷабалиев аз рақибонаш - Самбат Орн (Камбоҷа) ва Маноҷ Субба (Непал) бо ҳисоби якхелаи 0-4 мағлуб гашт. Мирҳусейн Яҳёев аз Гуанг Три Лам (Ветнам) бо ҳисоби яксони 1-4 шикаст хӯрд ва дар бозии дигар бар Читтаконе аз Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лао бо ҳисоби 4-1 пирӯз шуд.

Дар сабқати инфиродии таэквондо миёни занон дар вазни то 53 кг Фарзона Раҷабова аз Латика Бҳандари (Ҳиндустон) бо ҳисоби 2-7 ноком шуд. Шаҳриёр Каримов дар сабқати инфиродии таэквондо байни мардон дар вазни то 74 кг аз Анас Ҷалол Муҳаммад Ал-Адарбӣ (Урдун) бо ҳисоби 3-13 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷикдар 11 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар 14 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, камонварӣ, софт теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров , варзишгари маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбакистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0-1мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик боз аз рӯи варзиши сабук, гуштии юнониву румӣ, каратэ, қаиқронӣ ва таэквондо рақобат мекунанд. Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома меёбанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад.

Баъди натиҷагирии 11 рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 268 медал – 126 тилло, 80 нуқра ва 62 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 170 медал - 54 нишони тилло, 55 нуқра ва 61 биринҷӣ – дар ҷойи дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 146 медал - 37 нишони тилло, 54 нуқра ва 55 биринҷӣ дар мақоми севуманд. Тими Қазоқистон бо касби 56 медал (15тилло, 16 нуқра ва 25 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Эрон бо касби 35 медал (14 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 33 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони 24 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд. Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 27 медал (6 нишони тилло, 7 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи 11-ум, Тоҷикистон бо касби 1 медали тилло ва 1 нуқра дар ҷойи 22-юм, Қирғизистон бо касби 2 медали нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 27-ум ва Туркманистон бо касби 1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 28-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG