Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдурашидов: "Шашмақом" мисли забон бояд умумимиллӣ бошад


Раҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон гуфт, савту таронаҳои "Шашмақом" бояд чун забони давлатӣ умумимиллӣ шуда ва гурӯҳҳои ҳунарии "Шашмақом" дар гӯшаю канори кишвар фаъол шаванд.

Абдувалӣ Абдурашидов, раиси Академиияи мақоми Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъсиси гурӯҳҳои мақомхонон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Раштро як қадами муҳим дар роҳи умумимиллӣ шудани мусиқии Шашмақом хонда ва гуфт, ки ин ҳунари нодири бостонӣ бояд дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон низ роиҷ шавад.

Гуфта мешавад, дар вилояти Суғд аз ибтидо мусиқии "Шашмақом" ҷойгоҳи хоси худро дошта ва пас аз фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди эҳё ва рушди мусиқии "Шашмақом" дар соли 2000 теъдоди гурӯҳҳои мақомхон дар шаҳру навоҳии ин вилоят бештар шудаанд.

Соли 2003 дар Тоҷикистон ба манзури эҳёи анъанаҳои "Шашмақом" Академияи мақом таъсис шуд. Дар ин муддат навъи иҷрои мусиқии "Шашмақом" тавассути сози танбур, ки хеле мушкил буда ва дар солҳои ахир тақрибан аз байн рафта буд, эҳё гардид. Ҳамчунин, иҷрои оҳангҳои "Шашмақом" тавассути доира ва анъанаи силсилахонӣ дубора зинда шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдурашидов, теъдоди ҷавононе, ки дар донишгоҳҳо барои омӯзиши "Шашмақом" ҷидду ҷаҳд мекунанд, ҳамасола афзоиш меёбад. Вале ҳанӯз китобу дастурҳои таълимӣ дар мавриди асосҳои Шашмақом, асосҳои Арӯз, сохтори оҳанг ва таносуби шеъру мусиқӣ мунташир нашудааст. То дар заминаи онҳо донишҷӯён тавонанд ба суолҳои худ дар мавриди "Шашмақом" посух ёбанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, сабки "Шашмақом" барои дарки ҷавонони имрӯз, ки ба мусиқии сабук одат кардаанд, душвор аст. Аз ин лиҳоз, бахши аслии мухлисони мусиқию таронаҳои "Шашмақом"-ро афроди бузургсол ташкил медиҳанд.

Фурқати Саид, раҳбари Ансамбли "Шашмақом"-и Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон низ ба рағбати ками ҷавонон ба ин мусиқии бостонӣ ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, ғоя, авҷу фароз ва тӯлонӣ будани суруд ба дили ҷавонон наздик набуда, онҳо бештар мусиқии сабукро дӯст медоранд. Аммо насли калонсол пайваста ин мусиқиро тавассути шабакаҳои телевизион ва радио гӯш медиҳанд.

Фурқати Саид
Фурқати Саид

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Саид, таблиғу ташвиқи "Шашмақом" тавассути шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ назаррас набудааст. Ӯ гуфт: "Барномаҳо дар бораи "Шашмақом" бояд мавсимӣ набошад. Дар остонаи Рӯзи "Шашмақом" шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ба таври густарда дар бораи "Шашмақом" барномаҳо пахш мекунанд, ки тамошобинонро то андозае хаста мекунад. Пас аз рӯзи 12 май "Шашмақом" ба гӯшаи фаромӯшӣ меафтад. Дар як ҳамоиши раҳбарони шабакаҳои телевизиону радиои Тоҷикистон пешниҳод кардам, ки ҳадди ақал ҳафтае як бор дар шабакаҳои телевизионҳои "Сафина", "Шабакаи аввал" ва шабакаҳои дигари кишвар ба муддати ним соат барномаҳо дар бораи "Шашмақом" пахш шавад, то мардум дар бораи ин осори гаронбаҳои бостонӣ иттилое дарёфт кунанд. Дар кишварҳои хориҷӣ дар тарабхонаҳо мусиқиҳои суннатии он кишварҳо пахш мешавад. Дар Тоҷикистон баръакс аз пахши мусиқии "Шашмақом" дар тарабхонаҳо шарм мекунанд".

Қарор аст, шоми имрӯз дар иртибот ба Рӯзи Шашмақом дар Амфитеатри Боғи Ирами Душанбе консерти идона баргузор шавад, ки ба барномаи он чанд оҳангу таронаҳои ҷадид, аз ҷумла, таронаҳо бо ашъори шоирони мусоир шомил шудаанд. Ҳамчунин, бо истифода аз мероси хунёгарони маъруфи тоҷик, назири Акашариф Ҷӯраев, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Мирзоқурбон Солеҳов ва Барот Яхшиев барномаи рангини консертӣ омода шудааст.

Мусиқии "Шашмақом" дунёи бекарони савту навоҳост, ки онро аҷдодони мо дар тӯли садсолаҳо офаридаанд ва онҳоро садҳо ҳунармандони асил бо илҳоми саршор сайқал додаанд. Шакли имрӯзаи "Шашмақом" – ин маҳсули эҷоди бузургтарин ромишгарони тоҷик буда, ҳамчун боли баландпарвози назми олам шумули тоҷикӣ-форсӣ эътироф шудааст.

Шодравон Боймуҳаммад Ниёзов
Шодравон Боймуҳаммад Ниёзов

Бори аввал "Шашмақом"-ро ҳунармандони тоҷик Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев ба шакли нота сабт кардаанд. То ин вақт "Шашмақом" ба тарзи шифоҳӣ маъруф буд.

Бобоқул Файзуллоев, Боймуҳаммад Ниёзов, Шоҳназар Соҳибов, Барно Исҳоқова, Мастона Эргашова, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Фазлиддин Шаҳобов, Шоиста Муллоҷонова, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Шариф Бобокалонов ва дигарон аз устодон ва беҳтарин сарояндагони Шашмақом дониста мешаванд.

12 майи соли 2000 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи "Инкишофи минбаъдаи санъати Шашмақомхонӣ дар Тоҷикистон" ва додани мақоми давлатӣ ба гурӯҳи ҳунарии "Шашмақом" ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи давлатии радио ва телевизион фармоне содир кард ва аз он замон бад ин сӯ, дар кишвар 12 май ба унвони Рӯзи Шашмақом таҷлил мешавад.

Соли 2003 ин санъати мусиқии бостонӣ аз ҷониби ЮНЕСКО-Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шомил шуда буд. "Шашмақом" аз осори муҳими мусиқии классик дар Варорӯд маҳсуб мешавад, ки аз шаш бахши иборат аз чандин тарона ва ғазалиёти бузургони адабиёти форсӣ иборат аст ва тайи садсолаҳо ба миён омадааст. Ин мусиқии бостонӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон ҳаводори бештар дорад.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, ки бахше аз оҳангҳои Шашмақом ба даврони Борбади Марвазӣ, хунёгари дарбори Сосониён, мерасад ва он бо мусиқиҳои суннатии роиҷ дар Эрон (дастгоҳ), Туркия, Озарбойҷон (муғом) ва Ироқу Курдистон робитаи қавӣ дорад.

XS
SM
MD
LG