Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯӣ роҳи раҳоӣ аз вобастагӣ ба пули муҳоҷирони корӣ


Мақомоти Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик вобастагии кишварро аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба маротиб коҳиш диҳанд.

Ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷ то се соли қабл ба 4 миллиард доллар ва ё нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар расида буд.

Зафарҷон Бурҳонзода, роҳбари Раёсати таҳлили макроиқтисод, ояндабинӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ рӯзи 17- уми июн дар як ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, соли севвум аст, ки Тоҷикистон асароти манфии бӯҳрони иқтисодиро бо коҳиши ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ эҳсос мекунад. Ҳоло барнома ин аст, ки то солҳои 2016- 2020 вобастагии кишвар ба пули муҳоҷирон коҳиш ёбад ва барномаи нави иқтисодӣ амалӣ шавад.

Зафарҷон Бурҳонзода аз ҷумла гуфт, ки “барои кам шудани вобастагӣ аз таъсири омилҳои хориҷӣ, Тоҷикистон модели нави рушди иқтисодро рӯи даст мегирад. Модели нави рушд дар се самт- сармоягузорӣ, гуногунсози содирот ва ҷойгузини ворид асос меёбад. Ин модели нав якчанд бартариҳо дорад. Таъмини рушди устувори кишвар ва ҳамчунин коҳиши вобастагии кишвар аз интиқолҳои пулии муҳоҷирон .”

Бурҳонзода афзуд, новобаста ба таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ ва то 62 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ, Тоҷикистон талош дорад рушди 6 дарсадиро нигоҳ дорад. Рушди 6 дарсадӣ ба таъкиди ин мақоми давлатӣ, аз ҳисоби ба кор даровардани 160 корхона дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолият дар солӣ ҷорӣ ба даст хоҳад омад.

Аммо иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ дар нисбати рушди иқтисодӣ ба мисли мақомдорони тоҷик ба рушди шашдарсадӣ чандон хушбин нестанд ва онро дар ҳудудуи 4 дарсад арзёбӣ мекунанд. Зеро ба гуфтаи Баҳром Зиёев, иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе, Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи чанд чолиши ҷиддие қарор дорад, ки имкониятҳои рушдро маҳдуд кардааст.

Ӯ мегӯяд, “мо мебинем, ки рукуди иқтисодиёти Русияву Қазоқистон ҳамоно ба шиддат идома дорад ва бинобар пешбинии мо, коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз ин кишварҳо низ давом хоҳад ёфт. Ҳаҷми содироти Тоҷикистон ва воридоти сармоя ба кишвар бинобар кунд шудани рушди иқтисоди Чину Туркия -- ду кишвари коршарики Тоҷикистон коҳиш меёбад.”

Зиёев афзуд, ки иқтисоди Тоҷикистон ба ҷуз аз чолишҳои хориҷӣ, инчунин дар рӯ ба рӯи якчанд мушкили дохилӣ низ қарор дорад: “Аксарияти корхонаҳои давлатӣ зиёноваранд ва бархе аз бонкҳои тиҷоратии кишвар қобилияти пардохтпазириашонро аз даст додаанд ва шумори қарзҳои бонкие, ки саривақт бозпас намегарданд, низ зиёд шудааст.”

Таъсири буҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон асосан дар пайи рукуди иқтисоди Русия ва ба таври бесобиқа коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пулии муҳоҷирон ба таври чашмгир мушоҳида шуд. Пули интиқолии муҳоҷирон, ки дар соли 2012 қариб ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохила баробар буд сар аз соли 2014 ба суръат пойин рафт.

Омори охирини Бонки марказии Русия нишон медиҳад, ки ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон имсол 3,5 маротиба коҳиш ёфта, тайи моҳҳои январ-март ҳамагӣ 103 миллион долларро ташкил додааст. Ин назар ба 2 миллиарду 129 миллион долларе, ки аз Русия дар семоҳаи аввали соли 2015 ба хориҷ таҳвил шуда буд, 43 дарсад камтар аст.

Дар чунин вазъият ҳукумати Тоҷикистон барои нигоҳдори устувори иқтисодаш талош дорад, то 500 миллион доллар аз Сандуқи байналмиллалии пул қарз бигирад. Гуфтушуниди ду ҷониб дар ин робита қариб ним сол боз идома дорад, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин созмони байналмилалӣ ба Тоҷикистон, ки як бор пули ин сандуқро “ғайримақсаднок” истифода карда буд, қарз медиҳад ё не.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG