Пайвандҳои дастрасӣ

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш ҷараён дорад, рӯзи шанбеи 14-уми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақибаш Вахтанге Чидрашвили (Гурҷистон), қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Паҳлавони гурҷӣ чун соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Дар вазни то 57 кг Аимерген Аткунов (Русия) ва Ладзислау Бурдз (Булғористон) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадризо Қурбонзода дар рӯзи дувуми мусобиқаи самбои варзишӣ (14 ноябр) дар вазни то 100 кг мақоми панҷумро касб кард.

Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва довари мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби кишвар оид ба самбои варзишӣ шаш гуштигир - Ардашер Исмоилов (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Хушқадам Хисравов (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (беш аз 100 кг) ва оид ба самбои размӣ як нафар – Табрезшо Парпишоев (74 кг) - дохиланд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулло, довари дараҷаи байналмилалӣ, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доранд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифтааст.

Вале дар ду рӯзи мусобиқа – 13 -14 ноябр – се паҳлавони тоҷик ноком шуданд. Ардашер Исмоилов (52 кг) дар даври аввал, Мустафо Ҳасанов (68 кг) баъди ду пирӯзӣ дар сабқати самбои варзишӣ ва Табрезшо Парпишоев (74 кг) дар сабқати самбои размӣ дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 15 ноябр – боз ду гуштигири тоҷик - Хушқадам Хисравов (62 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (беш аз 100 кг) - дар сабқати самбои варзишӣ вориди рақобат мешаванд. Ҷаноби Абдулло иброз дошт, ки аз ҳарду паҳлавони маъруфи тоҷик натиҷаҳои баландро чашмдор аст.

Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тилои қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш оид ба самбои варзишӣ байни мардон:

Вазни то 52 кг

1. Беимбет КАНЖАНОВ (Қазоқистон)

2. Тигран КИРАКОСЯН (Арманистон)

3. Валерий СОРОНОКОВ (Русия)

3. Саттор ЭРГАШЕВ (Узбакистон)

Вазни то 57 кг

1. ЧИДРАШВИЛИ Вахтанге (Гурҷистон)

2. КАРИМОВ Акмалиддин (Тоҷикистон)

3. АТКУНОВ Аимерген (Русия)

3. БУРДЗ Ладзислау (Булғористон)

Вазни то 68 кг

1. Никита КЛЕТСКОВ (Русия)

2. Эмил ҲАСАНОВ (Озарбойҷон)

3. Леван НАХУТРИШВИЛИ (Гурҷистон)

3. Сорбон ЭРНАЗАРОВ (Узбакистон)

Вазни то 74 кг

1. СИДАКОВ Азамат (Русия)

2. ГАСИМОВ Амил (Озарбойҷон)

3. ПОПОВ Степан (Беларус)

3. БЕРУЛАВА Десарион (Гурҷистон)

Вазни то 90 кг

1. Алсим ЧЕРНОСКУЛОВ (Русия)

2. Иван ВАСИЛЧУК (Украина)

3. Андрей КАЗУСЕНОК (Беларус)

3. Хелге МОЛТ (Олмон)

Вазни то 100 кг

1. ЛОРИАШВИЛИ Давит (Гурҷистон)

2. ЕЛИСЕЕВ Дмитрий (Русия)

3. РИТКО Ярослав (Украина)

3. СЁМОЧКИН Евгений (Беларус)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG