Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Имороти Муттаҳидаи Араб


Мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии дӯстона дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 байни бозигарони то 19-сола рӯзи 14-уми сентябр дар шаҳри Дубай баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон мунтахаби ҷавонони кишвар дар ин дидор бо чунин ҳайат бозиро шуруъ кард: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов, Зиёвуддин Фузайлов, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов (капитан), Далер Ёдгоров, Ҳоҷибой Зиёев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Нуриддин Ҳамроқулов.

Бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр дар Дубай соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:45 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Дубай то рӯзи 20-уми сентябр идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 19-сола аз 13-ум то 30-юми октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн сурат мегирад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро дар ин мусобиқот бо тими Узбакистон анҷом медиҳад. Ин бозии даври аввали гурӯҳи D рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Манама барпо мегардад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум рӯзи 18 октябр бо мунтахаби ҷавонони Чин рақобат мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн баргузор мешавад. Бозии ниҳоии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо тими Австралия доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG