Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи FIFA чаҳор зина боло шуд


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 20 октябр, нашр шудааст, чаҳор зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 227 имтиёз дар ҷойгоҳи 140-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсиони футболи Осиё мақоми 24-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 27-ум), Австралия дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 40-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 44-ум) мебошанд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1621 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Олмон (1465 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Бразилия (1410 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии ФИФА Украина (29-ум), Узбакистон (48-ум) ва Русия (53-юм) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (48), Қазоқистон (90), Қирғизистон (99) ва Туркманистон (114) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 моҳи ноябр бо тимҳои миллии Афғонистон ва Туркманистон ду бозии дӯстона хоҳад кард. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мшавад.

Футболбозони тоҷик рӯзи 9-уми ноябр бо мунтахаби Туркманистон, ки дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 114-ум қарор дорад, рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шуруъ мешавад.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 13-уми ноябр дар ин иншооти асосии кишвар соати 16:00 оғоз меёбад. Дар айни ҳол тими миллии Афғонистон дар раддабандии ФИФА нисбат ба мунтахаби Тоҷикистон панҷ зина поин ҷойгир шуда, мақоми 145-умро касб кардааст.

Ёдовар мешавем, рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Феҳристи ФИФА 24-уми ноябр нав карда мешавад.

XS
SM
MD
LG