Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Ҳарсе голро Манучеҳр Ҷалилов зад.

Ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз меёбад, доир шуд.

Ҳисобро мизбонон дар дақиқаи 35-ум боз карданд. Тӯбро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд. Баъди чаҳор дақиқа Манучеҳр Ҷалилов айнан аз чунин ҳолат тӯби дуюмро ҳам бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд. Ҳамин тариқ, нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон поён ёфт.

Голи сеюми мизбонон дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Ин гол ҳам ба Манучеҳр Ҷалилов мутааллиқ аст. Ӯ дар ҷаримагоҳи меҳмонон ба тӯб соҳиб шуд ва дар дақиқаи 60-ум аз масофаи наздик онро ба тӯри дарвозаи мунтахаби Туркманистон равона карда, ҳисобро афзун намуд – 3:0.

Дар ин бозии дӯстона дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов («Дунав», Булғористон) ва Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), инчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо-Брест», Беларус) - бозӣ карданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Туркманистон бошад, се нафарашон легионер буданд: нимҳимоятгарон Арслонмурод Амонов («Олмалиқ»), Артур Геворкян («Локомотив», Тошканд) ва Элман Тағоев («Андиҷон», ҳарсе аз бошгоҳҳои Узбакистон).

Ҳакамони ин бозӣ бо раҳбарии довари ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Денис Измайлов аз Қазоқистон буданд.

Ин бозии ҳаштуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон дар муддати 24 соли рақобати онҳо ба шумор мерафт. Се бозӣ бо пирӯзии футболбозони туркман анҷом ёфтааст. Дар се бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва ду бозӣ мусовӣ шудааст.

Пеш аз бозии ҳаштум ин дастаҳо дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) 24-уми феврали соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка рақобат карда буданд ва бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ба поён расида буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи якшанбеи 13-уми ноябр бо тими миллии Афғонистон бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шуруъ мешавад.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 35 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 60 (3:0).

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов (Эраҷ Раҷабов, 88), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 89), Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 63), Нозим Бобоҷонов (Ҷаҳонгир Алиев, 76), Парвизҷон Умарбоев (Мӯҳсинҷон Парпиев, 83), Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (Бахтиёр Чориев, 69).

Туркманистон: Маммет Оразмуҳаммадов (Ботир Гелдиев, 46), Беглӣ Муродов (Сардоралӣ Атаев, 84), Шӯҳрат Суюнов, Мекан Сафаров, Арслонмурод Амонов, Бахтиёр Хоҷааҳмадов, Сулаймон Муҳадов (Воҳид Оразсаҳадов, 66), Сардор Аннаоразов, Артур Геворкян, Иля Тамуркин, Элман Тағоев (Гуванч Абилов, 66).

Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Алиев (Тоҷикистон), Элман Тағоев, Арслонмурод Амонов (Туркманистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҷаҳонгир Эргашев (Тоҷикистон), 90+4 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Денис Измайлов (Қазоқистон).

Ёваронаш: Санҷар Исҳоқов, Самад Тергеусизов (ҳарду – Қазоқистон).

Довари эҳтиётӣ: Александр Алиев (Қазоқистон).

Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Тоҷикистон).

9-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 11 000 тамошобин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG