Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

12 посухи радди вазорати адлия ба Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ


Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ -- созмоне, ки дар ростои дифоъ аз ҳуқуқи ҷавонони сини даъват ба артиш ва сарбозон фаъолият мекунад, барои бори 12-ум аз вазорати адлия барои сабти ном, посухи радд гирифт.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ки вазорати адлияи Тоҷикистон ин бор низ барои сабти намояндагиаш дар вилояти Суғд посухи рад дод. Хуршеда Раҳимова, намояндаи ин созмон рӯзи 12 май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар посухи вазорати адлия аз ҷумла омадааст, ки ин намояндагӣ ҳаққи қабули узуият ва баргузор кардани ҷаласаҳоро надорад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Хуршеда Раҳимова, дар як банди оинномаи созмон зикр шудааст, ки “намояндагии ташкилот ҳуқуқ дорад аъзо қабул кунад ва маҷлис гузаронад”, вале вазорати адлия таъкид кардааст, ки ин бандро бояд ҳазф кунанд. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи масъулони ин созмон, барои бори 12-ум талаби онҳо ҷиҳати сабти ном дар Суғд, бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Як намояндаи Раёсати сабти созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар вақти пешниҳоди санадҳо, ба иштибоҳҳо роҳ медиҳад. Вай афзуд, иштибоҳҳои асосӣ аслан дар ойинномаи созмон ҷой дорад ва бинобар ҳамин, ҳуҷҷатҳои ин созмонро барои ислоҳ баргардонидаанд.

Ҳоло бо дархости мақомоти адлия, идораи андоз ҳам ба дари намояндагии онҳо дар Суғд мӯҳр задааст ва ҳеҷ кас ҳаққи дохил шудан ба бинои ин намояндагиро надорад.

Қаблан раиси созмони мазкур Дилрабо Самадова ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "вазорати адлия ҳар дафъа сабабҳои мухталиф пеш меоранд ва дар номаи ахир зикр кардаанд, ки гӯё банду басти оиннома мувофиқат намекунад. Беҳад талош мекунем, ки Вазорати адлия моро фаҳмад, аммо фаҳмидан намехоҳад". Ӯ гуфта буд, ки маҷбур шудаанд барои бори 12-ум ба Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар асоси созмони собиқи “Ампаро” ташкил шудааст. Соли 2012 раёсати адлияи вилояти Суғд ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи “Ампаро” даъво бурда буд, ки гӯё ин созмон қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро нақз карда, бар хилофи меъёрҳои Оинномааш суроғаи ҳуқуқиро тағйир додааст ва бе огоҳ кардани раёсати адлия дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, зерсохтор кушодааст. Баъдан ин созмон бо қарори додгоҳ баста шуд.

“Ампаро” соли 2005 ташкил шуда, дар се самт – ҷавонон, маълулон ва сарбозон - фаъолият мекард. Ин созмон ҳар сол дар мавриди ҷалби ҷавонон ба артиш ва вазъи хизмати низомӣ дар Тоҷикистон мониторинг мегузаронд. Ҳамин корро баъдан Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ идома дод. Вакилони мудофеи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар баҳсҳои додгоҳӣ аз сарбозону навдаъватшудаҳое, ки мавриди латту кӯб қарор мегиранд ва ё бо роҳи “облава” ба артиш бурда мешаванд, ҳимоят мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG