Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода: Ҳузури тоҷикон дар сафи ДИИШ нигаронкунанда аст


Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи ДИИШ коҳиш ёфтааст, аммо ҳузури қобили мулоҳизаи шаҳрвандони кишвар дар сафи ин созмон ҳанӯз нигаронкунанда аст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" коҳиш ёфтааст, аммо ӯ ҳамзамон нигаронӣ кард, ки ҳанӯз садҳо тан аз шаҳрвандони кишвар дар сафҳои ин гурӯҳ қарор доранд. Ин матлабро ҷаноби Раҳимзода рӯзи 21-уми май зимни суханронӣ дар маросиме бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Кохи Ваҳдати Душанбе баён дошт.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки "имрӯз садҳо нафар ҷавонони мо бо оилаҳои худ, алалхусус занону кӯдакон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ дар сангинтарин шароит, ки ҳар лаҳза ба ҳаёти онҳо марг таҳдид менамояд, дар муноқишаҳои ҷангӣ иштирок менамоянд. Садҳо нафари онҳо ҳалок гардида, зану фарзандонашон ятим ва бесаробон монда, рӯзгори сангинро ба сар мебаранд."

Вазири умури дохилии Тоҷикистон айни замон гуфтааст, ки бо кӯмаки мақомот даҳҳо тан аз онҳое, ки аз шомилшавӣ ба ин гурӯҳ пушаймон гардиданд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ӯ сабабҳои асосии ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил шудани ҷавонони тоҷикро ба бетарафии ҷомеа, сустии таълиму тарбия, беназоратии волидон ва фирефтаи ба гуфтаи ӯ "зархаридони хориҷӣ" шудани ҷавонон рабт дод.

Ба гуфтаи оқои Раҳимзода, мақомоти корҳои дохилӣ аз чанд амалиётҳои террористӣ пешгирӣ намуда ва аъзои гурӯҳҳои ифротгароро боздошт кардаанд. Ӯ дар ин робита аз гурӯҳ ва ё нафаре ном набурд. Аммо дар авоили моҳи ҷорӣ вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои интизомии Русия аз амали террористии аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар рӯзи 9 май дар Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.

Ин вазорат он замон аз боздошти Менглиқулов Достон Ҳасанович ва се шарики ӯ хабар дода ва гуфт, ин сокини 22-солаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён рӯзи 6 май қасд доштааст, аз Маскав ба Душанбе омада, амалҳои террористиро роҳандозӣ кунад.

Аммо, ба гуфтаи ВКД, Менглиқулов дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст. Ба қавли масъулони ВКД, боздоштшудаҳо аз ҷониби мубаллиғони созмони "Давлати исломӣ" раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи "Красная свадьба" ё "Тӯйи сурх" номгузорӣ ва таҳрезӣ кардаанд.

Биноба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1400 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудаанд ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ кӯч бастанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамоиши шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи даҳшатафканро, ки ба бераҳмӣ ном баровардааст, рад мекунанд ва мегӯянд, ин шаҳрвандон аз гумроҳӣ мавриди мағзшӯии таблиғгарони ДИИШ қарор гирифтанд.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ҳудуди се сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст. Фаъолияти «Давлати исломӣ» дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG