Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД боздоштҳо дар Роғунро шарҳ дод


Вазорати дохилӣ бо нашри як хабарнома қазияи боздошти бархе сокинони шаҳри Роғунро шарҳ дод. Ба иттилои манбаъ, ин афрод ба гумони шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ боздошт шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 10-уми март бо нашрия як иттилоия, қазияи боздошти бархе аз сокинони шаҳри Роғун аз сӯи пулисро шарҳ дод. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бархе аз ин сокинони Роғун барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ-экстремистӣ боздошт шудаанд ва иддаи дигарро барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, даъват кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, касе аз наздикону пайвандони ин боздоштшудаҳо дар назди идораи пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷамъ наомадаанд ва қонунгузориҳои Тоҷикистон чунин таҷаммӯи ғайриқонуниро иҷозат намедиҳад. Мақомоти ВКД таъкид кардаанд, ки чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти пулис ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, "баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона шудааст."

Ин дар ҳолест, ки субҳи чоршанбеи 9 март пайвандону наздикони гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун дар назди бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори озодии онҳо шуданд. Ҳанӯз шумори дақиқи боздоштшудаҳо маълум нест, вале хешутаборашон иддао доранд, ки онҳо даҳҳо нафар ҳастанд ва боздошташон давоми чаҳор рӯзи ахир дар масҷиди маҳаллӣ сурат гирифтааст. Аммо боздошти шумораи бештари сокинон 8-уми март дар масҷиди маҳаллӣ сурат гирифтааст.

Дар миёни боздоштшудаҳои шаҳри Роғун имомхатиби деҳаи Қалъаи Нав ва табиби ин маҳалла низ ҳастанд. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Роғун гуфт, 25 нафар сокинони деҳаи Қалъаи Нав ҳамроҳ бо имомхатиби масҷиди ин деҳ бо номи Муборакшо Ҳасанов ва пизишки деҳа бо номи Фазлиддин Гадоев боздошт шудаанд. Хешутабори афроди боздоштшуда иддао мекунанд, ки наздиконашонро барои "намозгузорӣ бо шеваи салафӣ" боздошт кардаанд.

Боздошти гурӯҳе аз сокинони Роғун
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Аксари онҳое ки рӯзи гузашта дар назди ШКД-и Фирдавсӣ ҷамъ омада буданд, иброз доштанд, ки пайвандонашон аслан дониши динии комил надоштанд ва мисли аҷдодони худ дар масҷид намоз мегузоштанд.

Нарзигул Кенҷаева, яке аз афроди дар инҷо ҷамъомада гуфт, бародарзодаи ноболиғашро, ки дар хонавода ягона писар аст, боздошт кардаанд: “Ҷиянам ҳеҷ дониши динӣ надорад, китобҳои диниро ҳам хонда наметавонад.”

Раҷабмоҳ Кенҷаева, ки бародаронашро ҳамроҳи дигар сокинони деҳаи Қалъаи Нави Роғун ба Душанбе овардаанд, бо тааҷҷуб мегӯяд, “наход шаҳрвандро барои намозхонӣ боздошт кунанд. Мо ҳамаамон намоз мехонем. Мо бе мардони хонавода чӣ кор мекунем?”

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ ва экстремистӣ нигарон буда, дастурҳоеро дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин раванд содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG