Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯз ба рӯз: Муруре ба рӯйдодҳои муҳими соли 2013. Ҷилди 1 (8 ВИДЕО)


Соли 2013 бо як силсила таҳаввулоти муҳимаш моли таърих мешавад. Дар поёни сол муҳимтарин рӯйдодҳои солро рӯзбарӯз бароятон ёдовар мешавем.

Январ: Созишномаи марзӣ бо Чин ва “Дилзанак-2013”

1 январ. Узбакистон аз шаби соли нав интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва барои соли 2013 бо ин кишвари ҳамсояаш шартнома набаст.

2 январ. Хабари худро дар маҳбаси “Кирпичний”, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат овехтани маҳбус Файзуллоҳ Мансуров нашр шуд. Маълум шуд, ки ӯ ҳанӯз рӯзи 30 декабр худкушӣ кардааст.

3 январ. Узбакистон транзити газ аз қаламравашро ҳам манъ кард. Дар Душанбе бар инанд, ки ҳадафи Тошканд роҳ надодан ба таъмини Тоҷикистон бо газ аз ҳисоби гази Туркманистону кишварҳои дигари газхези минтақа аст.

3 январ. Ихтиёр Некқадамов, як афсари нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳудуди 23 кило ҳашиш дастгир шуд.

5 январ. Фурқат Алишибеков, сокини 32-солаи рустои Шикеви ноҳияи Дарвоз ҳамроҳ бо як афғон ҳангоми қочоқи маводи сӯхт ба тарафи Афғонистон аз тири марзбонон кушта шуд.

Искандари Фирӯз

Искандари Фирӯз

6 январ. Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-сӣ, ки 9 октябри соли 2012 дар як садама дар Душанбе сахт захмӣ шуда буд, баъди қариб3 моҳи табобат аз бемористон ба хона баргашт.

7 январ. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ирсоли як нома фурӯши сохтмонҳои ниматамоми ширкати «Мовароуннаҳр»-ро, ки раисаш Ҷӯрабек Охунов ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст, манъ кард.

8 январ. Дар задухӯрд бо қочоқчиёни афғон дар минтақаи марзии Ҳамадонӣ як марзбони тоҷик кушта, якеи дигар ҷароҳат бардошт.

8 январ. Димон Ашӯров, яке аз афроди гумонбар дар нооромиҳои тобистони соли 2012 дар шаҳри Хоруғро, ки дар Урумчии Чин табобат мегирифт, ба Душанбе истирдод карданд.

9 январ. Маҷлиси намояндагон созишномаи узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷоратро тасвиб кард. Танҳо Шодӣ Шабдолов аз ҳизби коммунист алайҳи ин санад раъй додааст.

Дилбар Самадова, раҳбари "Ампаро"

Дилбар Самадова, раҳбари "Ампаро"

9 январ. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд созмони “Ампаро”-ро, ки асосан ба ҳимоят аз ҳуқуқи сарбозон дар артиш машғул буд, барҳам дод. Ҳомиёни ҳуқуқ ин ҳукмро зарба ба ҷомиаи шаҳрвандӣ хонданд.

10 январ. Умаралӣ Қувватов, ки дар Дубай дар боздошт қарор дошт, навореро нашр кард, ки гуфта мешавад, забти сӯҳбати ӯ ва Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Қувватов иддао дорад, ки Соҳибов тиҷоратҳои ӯ дар Тоҷикистонро ғасб кардааст.

10 январ. Дар ҷараёни амалиёти боздошти ду нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон дар Мастчоҳ як афсари нирӯҳои вижаи пулис захмӣ шуд.

12 январ. Бунёди Мерос ё Heritage Foundation Тоҷикистонро аз нигоҳи озодии иқтисодаш дар мақоми 131-ум гузошта, фасоду авлодбозиро аз мониаҳои умда дар роҳи рушди кишвар номид.

13 январ. Раёсати маорифи Душанбе ба таҳқиқи наворе шурӯъ кард, ки зоҳиран забти саҳнаи ишқварзии хонандагони яке аз мактабҳои пойтахт аст. Ин навори 21-дақиқаӣ дар телефонҳои мобил паҳн шуда, сару садои зиёде ба по кард.

Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков

14 январ. “Амонатбонк” гуфт, фармондеҳони Хоруғ Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов 50 дарсад аз 800 ҳазор сомонӣ қарзашонро то ҳол барнагардондаанд.

15-16 январ. Ҷаласаи солонаи ҳукумат имсол бидуни кадом тағйироти муҳими кадрӣ анҷом ёфт.

16 январ. Додгоҳи вилояти Иркутски Русия шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Аслиддин Ҳомидовро бо ҷурми қатли 4 сокини шаҳри Зима ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Аслиддин Ҳомидов мегӯяд, барои дифоъ аз худу корхонаи коркарди чӯбаш аз мафия даст ба силоҳ бурдааст.

16 январ. Хадамоти гумрук эълон кард, ки Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон ва раҳбари бахши мубориза бо қочоқи хадамот муовини раиси ин ниҳод таъйин шудааст.

17 январ. Маҷлиси намояндагон созишномаи марзӣ бо Чинро тасвиб кард. Бар асоси он, Тоҷикистон 1158 километри мураббаъ аз хокаш дар ғарби Бадахшонро ба Чин дод.

17 январ. Дар Душанбе ду тифле ба дунё омад, ки натиҷаи нахустин талоши бордоркунии сунъӣ дар Тоҷикистон аст. Табибон мегӯянд, ҳарду тифл дукилоӣ вазн доранд.



Холмӯъмин Сафаров

Холмӯъмин Сафаров

18 январ. Додгоҳи олии Тоҷикистон Диловаршоҳ Қосимовро бо ҷурми қатли Холмӯъмин Сафаров - шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Сафаров 13 июни соли 2012 дар назди манзилаш дар маҳаллаи Автовокзал кушта шуда буд.

19 январ. Эълон шуд, ки дар соли 2012 аз хориҷ тобути 1055 тоҷикро ба ватан овардаанд.

21 январ. “ТоҷикЭйр” хабар дод, ки Афғонистон ҳарду чархболи дар Кобул боздоштшудаи ин ширкатро раҳо кардааст. Ин ду чархбол барои нирӯҳои НАТО бор мекашонданд.

24 январ. Кумитаи андоз ширкати “Барқи Тоҷик”-ро бо 256 миллион сомонӣ қарзаш қарздори рақами як аз андоз боқӣ мемонад.

25 январ. Мақомоти низомии Амрико “Ком Эйр”- бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии Афғонистонро ба далели қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳ дароварда, ҳамкорӣ бо онро барои нирӯҳои Амрико дар Афғонистон манъ кардаанд.

26 январ. Бар асари сӯхтор дар бинои навбунёди “Газойл-Ситӣ” дар шаҳри Маскав ду шаҳрванди тоҷик - Юсуфхон Давлатови 33-сола ва Ҳасан Иброҳимови 48-сола ҳалок шудаанд.

28 январ. Мақомот аз боздошти боз 4 гумонбари дигар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон дар амалиёти Мастчоҳ хабар доданд.

29 январ. Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон алайҳи мақолаи “Имрӯз Нюс” бо номи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» ба додгоҳ шикоят бурда, аз ин нашрия 50 000 сомонӣ талаби ҷуброн кард.


30 январ. Дар як сӯхтор дар кӯчаи Херсони шаҳри Маскав 9 нафар ҷон бохтаанд. Се тан аз қурбониён муҳоҷирони тоҷик будаанд.

31 январ. Се украиниро, ки гуфта мешуд, аз 27 январ дар Душанбе дар асорат қарор доштанд, аз дасти гаравгонгирон озод карданд.

Феврал: Боздошти Абдуллоҷонов ва дида ба ҷаҳон кушодани Сумайя

Саидвалӣ Узбеков

Саидвалӣ Узбеков

1 феврал. Додситонии кулл ҳанӯз як моҳ пеш боздошт шудани Саидвалӣ Узбеков, вакили собиқи парлумон ва муовини собиқи раиси вилояти Хатлон тасдиқ кард. Узбеков, ки аз поёни солҳои 90 дар хориҷ ва ахиран дар Дубай ба сар мебурд, дар арафаи Соли нав ба Душанбе баргашт.

2 феврал. Маҳмадшариф Насриддинов, як маҳбуси 22-сола дар зиндони рақами яки Душанбе худро овехтааст. Аммо наздикони ӯ ба фарзияи худкушӣ бовар надоранд.

5 феврал. Нахуствазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов дар фурудгоҳи Борисполи пойтахти Украина боздошт шуд. Абдуллоҷоновро, ки аз соли 1995 дар хориҷ дар ҳоли фирор ба сар мебарад, дар Душанбе ба ҷиноятҳои сангине – аз ҷароими иқтисодӣ то терроризм ва талоши табаддуллоти давлатӣ – айбдор мекунанд.

Сумайя, сокини 8-миллионуми Тоҷикистон

Сумайя, сокини 8-миллионуми Тоҷикистон

5 феврал. Бо таваллуди тифле бо номи Сумайя, ки соати 7-и субҳ дар зоишгоҳи рақами 3-и Душанбе ба дунё омад, шумори аҳолии Тоҷикистон расман ба 8 миллион расид.

6 феврал. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳори Боқир Харрозӣ ном довталаби курсии раёсати Эронро, ки гуфт, дар сурати пирӯзӣ мулкҳои гумкардаи Эрон, аз ҷумла Тоҷикистонро бар хоҳад гардонд, моҷароӯёна ва як хаёли хом номид.

7 феврал. Додгоҳи Борисполи Украина сарвазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро то замони баррасии парвандаи истирдодаш барои 40 рӯз ба ҳабс гирифт.


9 феврал. Дар як даргирӣ дар минтақаи Кокули марз бо Афғонистон ду қочоқчӣ кушта шуд.

9 феврал. Ҳавопаймои "Boeing–737-300"-и ширкати "Тоҷик Эйр" бо 141 мусофир, ки аз Душанбе ба Маскав мерафт, пас аз чархиши сесоата бо талоши халабонҳояш ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

11 феврал. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳси Рустам Ҳукумов бо “Имрӯз Нюс”-ро пушти дарҳои баста оғоз кард, чунки, ба гуфтаи додгоҳ, дар ин баҳс исми афроди баландпоя матраҳ аст.

12 феврал. Бонки ҷаҳонӣ дар Алма-Ато даври севуми баҳси тарҳи Роғунро барпо кард.

13 феврал. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Умаралӣ Қувватовро дар ғайбаш бо иттиҳоми қаллобӣ ва сирақти 6 миллион сомонӣ пули ширкати “Фароз” ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

15 феврал. Сомонаи Centrasia.ru баъди қариб 3 сол дубора дар Тоҷикистон дастрас шуд.

18 феврал. Asian Express Airline, яке аз ширкатҳои дар Тоҷикистон фаъоли марбут ба тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ таҳти таҳримҳои Амрико қарор гирифт.

Роберт Блейк

Роберт Блейк

20 феврал. Ёвари вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк аз Душанбе боздид ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

21 феврал. Фаъоли тоҷик Бахтиёр Сатторӣ дар Маскав ҳадафи ҳамлаи нафари ношинос қарор гирифта, бо чанд захми корд бистарӣ шуд. Ӯ ба таҳияи тарҳи нави қонуни интихобот машғул буд.

23 феврал. Барномаи имиҷсозии “Раҳбарони Асри 21” дар Маскав овозхони тоҷик Афзалшоҳи Шодиро бо ҷоизаи “Хиради Миллат” сарафроз кард.

24 феврал. Пахши барномаҳои ТВ “Пойтахт” қатъ шуд. Ширкати “Тоҷиктелерадиоком” гуфт, фиристандаи барномаҳои ин шабака сӯхтааст.

25 феврал. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро ба пардохти 50 000 сомонӣ ҷуброн ба Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати роҳи оҳан муваззаф кард.


26 феврал. Дар Маскав дар кӯча дар мазҳари омм Муқимҷон Абдуғаниев, як шаҳрванди 15-солаи Тоҷикистон кушта шуд. Навори ин куштор дар Интернет сарусадои зиёде барпо кард. Қотилони Муқимҷон то ҳол ёфт нашудаанд.



28 феврал. Додгоҳи олӣ Ҳамза Муродовро бо ҷурми даст доштан дар қатли раиси идораи амнитяи Бадахшон генерал Абдулло Назаров ба 16 ва Оқил Аёмбековро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Қатли Назаров дар тобистони соли 2012 боиси шурӯъи амалиёти Хоруғ ва ҳалокати даҳҳо нафар шуда буд.

28 феврал. Мақомоти беҳдоштии Ростов бо гумони гирифтории 3 нафар ба вабо 150 мусофири ҳавопаймои Хуҷанд-Ростовро таҳти карантин гирифтанд. Иддаои вабо баъдан собит нашуд ва сафорати Тоҷикистон расман ба вазорати хориҷаи Русия дар ин робита нотаи эътирозӣ супурд.

Март: Лимит лағв шуд

2 март. Тоҷикистон расман узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд.

4 март. Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон бо ризоияти тарафайн пардохти 30 000 сомонӣ ҷуброн ба ҳамсари Исмоил Бачаҷоновро ба гардан гирифт. Бачаҷонов соли 2011 бар асари латукӯб дар боздоштгоҳ даргузашта буд.

5 март. Нуриддин Давронов, футболбози 22-солаи тоҷик ва узви тими миллӣ бо бошгоҳи “Слобода”-и шаҳри Ужитсаи Сербистон қарордод баст.

7 март. Барои бори аввал дар 15 соли охир лимити барқ дар Тоҷикистон дар арафи иди занон лағв шуд. Ин лимит маъмулан то моҳи май идома меёфт.

8 март. Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро ҳамчун тӯҳфа ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон ба сафири Душанбе дар Лондон Эркин Қосимов супурд.

10 март. Додгоҳи Дубай дархости истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистонро рад кард.

11 март. Алихон Сафаров, омӯзгори забони русӣ ва падари 10 фарзанд аз ноҳияи Ҳамадонӣ дар бозии “Лотоспорт” 150 000 сомонӣ бурд.

12 март. Хабарнигорони бидуни марз ба далели мавридҳои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои Азия Плюс, РИА Новости, Lenta.ru, Fergananews.com, Centrasia.ru, торнамоҳо Би-Би-Си, Youtube ва шабакаи Фейсбук Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои сонсуркунандаи Интернет ном бурд.

Бобак Занҷонӣ

Бобак Занҷонӣ

12 март. Расми гушоиши терминали автобусҳои Душанбе дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ доир шуд. Ин терминалро ширкати Занҷонӣ бозсозӣ ва бо 40 автобус ва беш аз 100 таксӣ таъмин кардааст.

13 март. Додгоҳи Лондон соҳибкори фирории тоҷикистонӣ Аваз Назаровро ба пардохти 24 миллион доллар ба тоҷири рус Валерий Воробёв муваззаф кард. Аваз Назаров бизнеси алюминийи Тоҷикистонро дар назорат дошт, вале соли 2005 ба Лондон фирор кард.

Зардолуи наврӯзӣ

Зардолуи наврӯзӣ

14 март. Дар Хуҷанд барои бори аввал ҳамчун рамзи Наврӯз дарахти зардолуро оростанд.

14 март. Маъмурони бахши танзими расму оини ноҳияи Шоҳмансур монеъи баргузории ёдбуди раҳбари фақиди ҳизби наҳзати исломӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ шуда, деги оши ин маъракаро ба хонаи ятимон супориданд.

15 март. Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев замони ҳабси сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро то 12 моҳ тамдид кард.


15 март. Як раҳбари собиқи ҷамъияти узбакҳои Хатлон Салим Шамсиддинови 58-сола аз хонааш берун рафта, ғайб зад. Шамсиддинов бо гузашти беш аз 9 моҳ ҳанӯз ёфт нашудааст.

16 март. Дар Маскав рассоми маъруфи тоҷик Хушвақт Хушвақтовро ба хок супурданд. Ин манзаранигори шинохта рӯзи 13 март дар синни 87 даргузашт.

20 март. Дар арафаи Наврӯз мулоқоти анъанавии президенти Тоҷикистон бо зиёиён доир шуд.

Мавзеъи Дӯлоба

Мавзеъи Дӯлоба

21 март. 4 сокини Шӯрообод дар мавзеъи Дӯлоба дар наздикии марзи Афғонистон худро аз асорат раҳо карда, 3 қочоқчии афғонро куштаанд. Дар ин даргирӣ сокини 52-солаи Деҳи Қозӣ Пирназар Исматов низ ҷон бохтааст.

23 март. Бо як анҷуман дар Ню-Йорк Соли дипломатияи об расман оғоз ёфт. Ин сол аз сӯи СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон эълон шудааст.

24 март. 4 донишҷӯёи тоҷикро баъди як занозанӣ дар бозии футбол аз донишгоҳи Астрахани Русия ихроҷ кардаанд.

25 март. Марзбонони тоҷик гуфтанд, бо вуҷуди даргириҳои сангин бо ҷангиёни толиб дар минтақаи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Вардучи Бадахшони Афғонистон вазъ дар марз ором аст. Вардуч дар тӯли соли 2013 дастикам 3 дафъаи дигар ба як сангари доғи ҷанги нирӯҳои давлатӣ бо Толибон табдил ёфт.

25 март. Ду амакбачаи 5 ва 6-сола Сабина ва Малика Аралова дар Душанбе ғайб заданд. Барои ҷустуҷӯи онҳо маъракаи густардае роҳандозӣ шуд, вале ин ду тифл то ҳол ёфт нашудаанд.

27 март. Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ бо туфлии пошнапаст ба дарс омадани духтарон манъ шуд.

Апрел: Озодии Абдуллоҷонов ва зуҳури ҳизби Тоҷикистони нав

1 апрел. Додгоҳи шаҳри Ғафуров Моҳира Воҳидова, хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоноро”-ро барои “пахши хабари носаҳеҳ” 400 сомонӣ ҷарима баст. Воҳидова иштибоҳан шумори қурбониёни сӯхтор дар бозори “Корвон”-и Душанберо 38 нафар хонда буд.

2 апрел. “Барқи Тоҷик” хабар дод, ки исол қасд дорад ба Афғонистон 1,9 миллиард киловатт-соат барқ фурӯшад.

4 апрел. Додситонии кулли Украина сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро баъди 40 рӯзи боздошт озод кард. Рӯзе баъд як гурӯҳ дар назди сафорати Амрико дар Душанбе алайҳи раҳоии Абдуллоҷонов раҳпаймоӣ карданд.


6 апрел. Соҳибкори тоҷик Зайд Саидов бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав дарак дод.

8 апрел. Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста ба баррасии парвандаи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои Хоруғ оғоз кард.

9 апрел. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Брюссел ва мулоқотҳояш бо раҳбарони ИА ва НАТО оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо бо ваъдаи як интихоботи демократӣ гуфт, ҳанӯз барои ширкат кардан ё накардан дар ин корзор тасмим нагирифтааст.

13 апрел. Узбакистон дар қаламраваш боздошт шудани 4 вагони пойафзолҳои эрониро қонунӣ номид ва гуфт, ин амвол ҳамчун моли низомӣ санад нашуда буд. Тоҷирони эронӣ мегуфтанд, ин молҳо барои як намоишгоҳи маҳсулоти Эронӣ дар Душанбе ирсол шуда буд.

14 апрел. Дар пайи тафтиши як қатори роҳи оҳани Тоҷикистон дар исттгоҳи Оқсаройи вилояти Астрахан аз сӯи ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ва раиси Росселхознадзор Геннадий Онишенко равуои 5 вагони Тоҷикистон ба Русия манъ шуд.

15 апрел. Шовалиулло Адиб,. волии Бадахшон Афғонистон гуфт, садҳо толиб дар Вардуч, дар 30-40-километрии марзи Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.

Низомхон Ҷӯраев - чеҳраи асосӣ дар парвандаи исфарагиҳо

Низомхон Ҷӯраев - чеҳраи асосӣ дар парвандаи исфарагиҳо

16 апрел. Додраси собиқи Додгоҳи олӣ Нур Нуров, ки муҳокимаи парвандаи исфарагиҳоро бар дӯш дошт, ба 8 соли зиндон ва раҳбари гурӯҳи тафтишотии ин парванда Рустам Олимов ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

17 апрел. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо истирдоди сокини Исфара Исмон Азимовро ба Тоҷикистон манъ кард ва аз Русия хост, ки ба ӯ 5000 евро ҷуброн пардохт кунад. Азимов дар Тоҷикистон ба терроризм айбдор мешавад.

18 апрел. Душанбе ва Лондон созишномаи интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии Бритониё аз Афғонистон тавассути Тоҷикистонро, ба имзо расонданд.

М.Ҳайит баъди ҳамла

М.Ҳайит баъди ҳамла

19 апрел. Муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ Муҳаммадалӣ Ҳайит дар назди манзилаш дар Душанбе ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ҳамлагарон то ҳол ёфт нашудаанд.

20 апрел. Думаи давлатии Русия созишнома бо Тоҷикистонро, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-умро то соли 2042 тамдид мекунад, тасвиб кард.

20 апрел. Амрико дар гузориши солонааш вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро ба интиқод кашида, низоми ҳоким дар ин кишварро бори дигар худкома т сифат кард.

22 апрел. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон фаъолияти хабарнигорони “Садои Хуросон”-ро дар кишвар барои 3 моҳ мутаваққиф кард. Ин тасмим баъди пахши як сӯҳбати раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров буд, ки дар бораи вуруди нирӯҳои Чин ба дарунтари қаламрави Тоҷикистон дар Мурғоб ҳадс мезад.

23 апрел. Вазорати хориҷа гуфт, додани виза дар фурудгоҳи Душанбе ба иллатҳои фаннӣ қатъ шудааст. Дастгоҳи визадиҳӣ дар фурудгоҳ дар арафаи ҷашни 40-солагии ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ хароб шуда, мояи ҳадсу гумонҳои мухталиф дар ин робита гардид.

25 апрел. Бар асари сӯхтор дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа 4430 метри мураббаъ, бо шумули 47 мағоза, 4 ошхона, 6 анбор ва 456 дӯкон ба коми оташ рафт. Дар пайи ин сӯхтор ҳудуди 70 танро бо гумони яғмогарӣ дастгир карданд.

26 апрел. Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро ба парлумон ироа кард.

Ҷашни 40-солагии ҲНИТ

Ҷашни 40-солагии ҲНИТ

27 апрел. Дар Душанбе 40-солагии ҲНИТ таҷлил шуд, вале бисёре аз меҳмони аз хориҷ даъватшуда ба далели мушкили виза ба ин анҷуман расида натавонистанд.

28 апрел. Баъди се рӯзи танишҳо роҳи ҷазирақаламрави Ворух, ки бо 30 000 аҳолиаш дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст, боз шуд.



28 апрел. Шӯрои федеролӣ – маҷлиси болоии парлумони Русия низ қарордоди тамдид замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тасвиб кард.

30 апрел. Амрико дар гузориши солонаи озодиҳои диниаш аз маҳдуд шудани озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG