Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рӯзи милиса дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 10-уми ноябр, дар толори “Кохи Ваҳдат” –и шаҳри Душанбе ҷаласаи ботантана дар иртибот ба Иди милитсия бо ширкати раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ баргузор шуд.

Имрӯз, 10-уми ноябр, дар толори “Кохи Ваҳдат” –и шаҳри Душанбе ҷаласаи ботантана дар иртибот ба Иди милитсия бо ширкати раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ҷараён дорад.

Бино ба иттилои масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин нишаст талошҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Паёми табрикии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба кормандони милисаро ёрдамчии президент дар умури амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ироа кардааст.

Дар поёни нишаст як теъдод аз кормандони фаъоли соҳаи ҳифзи ҳуқуқ барои корнамоӣ ва садоқатмандона иҷро намудани вазифаи хизматӣ, бо ифтихорномаҳо ва рутбаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Рӯзи милисии тоҷик дар ҳоле таҷлил мешавад, ки аз се соли пеш ислоҳоти ин сохтор ба тадриҷ ҷараён дорад. Тоҷикистон яке аз се кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба ислоҳоти ин соҳа даст задааст. Тибқи барномаи ислоҳот, дар баробари табдили номи милиса ба полис, ҳамчунин дигар тағйиру иловаҳо низ дар назар гирифта шудааст.

Бар пояи ин барнома, ки даҳ сол идома мекунад ва ба ин манзур низ 10 миллион доллар ихтисос хоҳад ёфт, маоши кормандони ин ниҳод ба беш аз 500 доллар расонда хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло вазири умури дохила, ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ, генералҳо 1, 5 ҳазор сомонӣ ва афсарони ин сохтори қудратӣ то ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Аммо коршиносони тоҷик бо ишора ба вуҷуди мавориди фасод дар ин сохтори қудратӣ бар зарурати ислоҳоти ҷиддӣ дар вазорати корҳои дохилӣ таъкид доранд. Онҳо мегӯянд, ин ислоҳот танҳо зоҳирист, дар ҳоле, ки ин соҳа ба дигаргунии ботинӣ ниёз дорад. Зеро гуфта мешавад, дар чанд соли ахир эътимоди мардум ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ то андозае коста шудааст.

Аммо масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ҷомеа сол аз сол густариш ёфта ва эътимоду боварии сокинон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ афзудааст.

Ин масъулон ба унвони мисол аз амалиёти ахири сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ёддоварӣ мекунанд ва мегӯянд, маҳз бо кӯмаки аҳолӣ макони будубоши ин гурӯҳ дар дараи Ромит ошкор ва теъдоде аз афроди он боздошт шудаанд.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нерӯҳои милитсияро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода гузоштанд.

Гуфта шуд, ки генерал Назарзода бо истифода аз мақом аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ миқдори зиёди силоҳро бо худ бурдааст, вале бахши аъзами ин таслиҳотро дар ҳамон рӯзи аввали амалиёт дар дараи Ромит кашф ва мусодира кардаанд. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо далели “содир кардани ҷиноят” аз мақомаш барканор ва баъди 12 рӯз дар пайи амалиёти низомии ҳукумат кушта шуд.

XS
SM
MD
LG