Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз "Интерпол" боздошти 15 нафарро дархост кард


Акс аз сафҳаи расмии "Интерпол"

Акс аз сафҳаи расмии "Интерпол"

Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди 15 шаҳрванди кишвар, ки ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва ё террористӣ шомил шудаанд, аз кишварҳои узви "Интерпол" кӯмак пурсид.

Мақомоти Тоҷикистон аз кишварҳои узви Интерпол - пулиси байналмилалӣдархост кардаанд, ки дар боздошт ва истирдоди 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва ё террористӣ пайвастаанд, кӯмак кунанд. Ному насаби ин афрод, ки аксарияташон ба “фаъолиятҳои зархаридӣ” ва терроризм муттаҳам мешаванд бо аксу маълумот дар бораи онҳо дар вебсайти Интерпол нашр шудааст.

Ба ғайр аз Содиқ Аъзамови 45-сола, сокини вилояти Суғд, ки ба “зархаридӣ ва терроризм” муттаҳам мешавад, бисёре аз афроди мавриди ҷустӯҷуи мақомоти Тоҷикистон камтар аз 30 сол доранд ва дар байни онҳо як ҷавони шаҳритусӣ Бахтовар Ҷӯрақулов низ ҳаст, ки акнун ба синни 19 расидааст. Ба эҳтимоли ғолиб ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ва ё гурӯҳҳои дигаре пайвастаанд ва дар ҷангҳои ин ду кишвар ширкат мекунанд.

8 нафари афроде, ки мақомоти Тоҷикистон боздошти онҳоро аз "Интерпол" дархост кардаанд, сокинони вилояти Хатлонанд. Дар ин рӯйхат се нафар аз ноҳияи Ванҷ ва боқӣ ва 4 тани дигар аз вилояти Суғд будаанд. Гуфта мешавад, ки яке аз ин ҷавонон дар хориҷ таҳсил кардааст ва ба ғайр аз забони тоҷикиву ӯзбакӣ ва русӣ забони латвиягиро ҳам медонад.

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро, ки бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамоиш ёфтаанд на танҳо дар хориҷи кишвар таъқиб мекунанд. Ахиран Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон алайҳи як гурӯҳ, ки дар барафрохтани парчами "Давлати исломӣ" дар фарози муҷассами Исмоили Сомонӣ муттаҳам будаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Нусхаи ин парванда дар як ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Шаҳритус қироат шуд ва ба гуфтаи мақомот, ҳадаф ин буд, ки мардум аз ифротгароии баъзе сокинони минтақа огоҳ бошанд.

Як намояндаи ҳукумати ноҳияи Шаҳритус, ки нахост номаш гуфта шавад, рӯзи 4 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин гурӯҳи иборат аз ҷавонону наврасон бо ду нафари дигар, яке аз ноҳияи Ваҳдат ва дигаре аз шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ доштаанд.

Гӯрӯҳи боздоштшуда бар пояи ду банди қонуни Тоҷикистон, банди 307, қисми 3 ва 187 -ба ташкили иттиҳодияи экстримистӣ ва таъсиси созмони ҷиноятӣ мурофиа мешаванд, ки то 20 соли зиндонро дар назар дорад.

Дар пайи ошкор шудани парчами ДИИШ дар фарози муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мақомоти ноҳияи Шаҳритус аз аксари мансабдорони ҷамоати шаҳрак, раисони маҳалаҳо баёнот гирифтанд ва як мудири мактабро аз мақом барканор карданд.

Бинои ҳукумати ноҳияи Шаҳритус.

Бинои ҳукумати ноҳияи Шаҳритус.

​Ин гурӯҳи иборат аз ҷавонон, ки парчами сиёҳро дар фосилаи 30 метр аз бинои ҳукумати маҳаллӣ дар фарози муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон - Исмоили Сомонӣ барафрохта буданд, баъди боздошт гуфтанд, ки онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи гумоштаҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ раҳнамоӣ мешудаанд.

Теъдоди боздоштшудаҳо дар оғоз 8 нафар гуфта мешуд, аммо дар ҷараёни бозҷӯӣ мақомот ду гумонбари дигарро ба ин парванда шомил карданд. Дар байни боздоштшудаҳо як духтари 19-сола ҳам будаст, ки барои ин ҷавонон аз бозор матоъи сиёҳ харидаст ва парчами ДИИШ-ро омода кардааст.

Аксари ин ҷавонон аз 18 то 20 сол доранд ва аз 16 август ба ин тараф дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд. Хонаводаҳои ин афрод мегӯянд, ки фарзандонашон аз гумроҳӣ ҷиноят содир кардаанд ва ҳоло аз карда пушаймон ҳастанд.

ҚИССАИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК, КИ АЗ ҶАНГИ СУРИЯ БАРГАШТААСТ

​Нориниссо Худойбердиева, модари Абубакр ва Рамазон, ду бародаре, ки аъзои ин гурӯҳи 8 нафар буданд, рӯзи 5 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фарзандони ӯро як нафаре бо номи Абусаид, ки дар Сурия будааст ба ин роҳи хатарнок бурдааст.

"Кӯдакҳоро дидам, мегӯянд, пушаймон ҳастем, ноболиғ ҳам ҳастанд, аз он тараф Абусаид сари онҳоро вайрон кард. Аз боздошташон се бор дидам, мегӯяд, ки мурофиаашон наздик аст, аммо шароит надорам, ки вакил гирем, ин бачаҳои ҷавонанд, шояд дар зиндон ислоҳ нашаванд, барои инҳо бо моддаи вазнин парванда боз кардаанд."- мегӯяд Нориниссо Худойбердиева.

Тӯйчибой Тошев, падари Худоибахш Тошев, як узви дигари ин гурӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ки як рӯзи пеш бо писараш мулоқот кардааст. "Писарам гуфт, хато кардааст, ки ба ин роҳ рафтааст, нафаҳмида парчам гузоштаанд." - гуфт Тошев.

Вокуниши волидони онҳое, ки фарзандонашон дар ҳудудан ду соли ахир ба Сурия рафтанд ва ё бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ дар дохили Тоҷикистон боздошт шудаанд, ҳамеша якранг аст. Ҳеҷ кадоми онҳо намедонанд, ки чӣ тавр ва кай фарзанди онҳо ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуд. Онҳо ба суоле, ки"сабаби ба ин ҷодаи хатарнок по гузоштани фарзанди худро дар чӣ мебинанад?" аксаран мегӯянд, ки фазандашон "бачаи хуб ва муъмину меҳрубон буд" аммо намедонем чаро интавр шуд."

Ноҳияи Шаҳритус дар заминаи ба ватан баргаштани баъзе сокинонаш аз роҳ ба сӯи Сурия ва ё кӯмакхоҳии бархи дигар, барои бозгардонидани онҳо аз Сурия, дар муқоиса бо навоҳии дигар бештар вирди забонҳо шудааст.

Парвиз Набиев, як сокини ҷавони ин ноҳия соли 2014 баъди тамрини 50 рӯза дар масҷиди "Имом Бухорӣ"- и Туркия аз қарори пайвастан ба ДИИШ даст кашид ва ба Тоҷикистон баргашт. Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Парвиз Набиевро аз ҷавобгарӣ озод кард ва ӯ дар таърихи 13 апрели соли 2015 ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро тариқи интернет ба Сурия даъват карда буданд.

​Ҳусейн Содиқов, сокини 30-солаи деҳаи "Ленинобод"-и ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритусро нерӯҳои амниятии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ ҳини бозгашташ аз Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт карданд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Ҳусейн Содиқов дар Туркия бо номи Қорӣ Ҳусейн шинохта мешуд ва яке аз вазифаҳои ӯ, роҳбаладии ҷавонон ва харидани чиптаи ҳавопаймои хатсайри Истанбул иборат будааст. Додгоҳи Тоҷикистон Содиқовро ба муддати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳусейн Содиқов.

Ҳусейн Содиқов.

​Як моҳи пеш зани ҷавоне аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон аз Сурия ба ҳамсараш пайғом додааст, ки агар ӯро ба ватан барнагардонанд, ҷангиён аз ӯ террористи маргталаб месозанд. Ин зан Марҷона Алланазарова ном дорад ва моҳи сентябри соли 2014 бо се кӯдакаш ба хонаи холааш ба Маскав рафт ва дар як корхонаи хайётӣ ба кор даромад.

Аммо авоили моҳи сентябри соли равон бидуни огоҳ кардани шавҳараш, ки дар Шаҳритус кор мекард, 3 кӯдаки ноболиғашро ба холааш вогузор карда ба Сурия рафт. Алланазарова баъди ҳамроҳ шуданаш ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" 15 сентябр аз тариқи шабакаи "Одноклассники" бо ҳамсараш дар тамос шуд ва гуфт, ки ӯро оҷилан баргардонанд, вагарна ҷангиён аз ӯ террористи маргталаб месозанд.

Дар тӯли ду соли ахир беш аз 500 тан аз сокинони Тоҷикистон, ки аксаран муҳоҷирони корӣ буданд, аз Русия ба Сурия рафтанд. Тибқи омори тоза, ки Озодӣ дарёфт кардааст, беш аз 300 нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта шуда, 50 нафар ба ватан баргаштанд ва ҳоло камтар аз 200 нафари дигар дар Сурия ва Ироқ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG