Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар он сӯи Ому кист? Ҳушдорҳо аз "эҳтимоли тағйири вазъ" дар марз


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз эҳтимоли тағйири вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон зимни афзоиши ҳамлаи террористӣ дар кишвари ҳамсоя ҳушдор дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, агарчи дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил аст, "аммо як қатор омилҳои дохилӣ ва хориҷие ҳастанд, ки аз эҳтимоли тағйири вазъ дар хатти марз ҳушдор медиҳанд." Оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро дар сӯҳбаташ бо сокинони вилояти Бадахшон баён дошт, вале дар бораи ин омилҳо шарҳи бештар надод.

Таҳлилгарони минтақаӣ низ ба имкони тағйири вазъ ишора мекунанд ва мегӯянд, аз ҳоло ҳукумати Тоҷикистон амнияти марз бо Афғонистонро дар минтақаи Бадахшон тақвият додааст. Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон, дар ҳоле ки аз минтақаи марзии Бадахшон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, вай дар сафарҳои қаблияш мисли имрӯз ҳеч гоҳ дар марз бо шумораи зиёди нерӯҳои сарҳадбонӣ ва амниятии Тоҷикистон дучор наомадааст.

ҲАДАФИ ТУНДРАВҲО ЧИСТ?

Суоле пеш меояд, ки дар он тарафи марзи Афғонистон кист ва чаро вазъро нигаронкунанда кардааст? Граем Смит, намояндаи Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо дар Афғонистон, Толибонро бузургтарин гурӯҳи шӯришии тундрав дар шимоли Афғонистон медонад.

Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон (ҳоло Ҷундуллоҳ) ва Ансоруллоҳ аз Покистон аз ду самт ба шимоли Афғонистон роҳ ёфтаанд. Самти ғарбӣ, ки аз минтақаҳои қабиланишини Покистон ва Зобули Афғонистон ба вилоятҳои Бодғису Форёб ва Ҷузҷону Сари Пул ва Балх меояд ва самти шарқӣ, ки ба вилоятҳои Бадахшону Тахор ва Кундузу Балх мерасад. Ин чаҳор вилояти охир ҳама бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд ва дар айни замон тундравҳо дар ҳамин вилоятҳо бештар нуфуз пайдо кардаанд.

Нерӯҳои амниятии Покистон дар Вазиристони Шимолӣ бештар аз якуним соли пеш бар зидди гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла бар зидди ҷангиёни Осиёи Миёна, чеченҳо ва уйғурҳои Чин, амалиёти густарда роҳандозӣ карданд ва шумораи зиёди аъзои ин гурӯҳҳоро водор сохтанд, ки минтақаро тарк кунанд. Тундравҳо дар шимоли Афғонистон паноҳгоҳ ёфтанд ва ба машқу тамрин ва фаъолиятҳои табаҳкоронаи худ дар ин минтақа идома медиҳанд.

АЗ ВАЗИРИСТОН БА ШИМОЛ

Муҳаммад Амин Мудаққиқ - коршиноси умури Афғонистон дар Радиои Озодӣ ба собиқаи ин гурӯҳҳо нигоҳ мекунад ва мегӯяд, дар давраи ҳукумати Толибон дар Кобул гурӯҳҳои тундрави иборат аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷоя бо Толибон ба Кобул омаданд ва дар ҷангҳо бо онҳо ширкат мекарданд. Вале баъд аз суқути Толибон дар моҳи октябри соли 2001 ва вуруди нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ ба Афғонистон ба манотиқи қабиланишини шимоли Покистон рафтанд.

Дар солҳои 2005-2006 ин нерӯҳо бо мардуми маҳаллӣ ихтилоф пайдо карданд. Ҳукумат ва созмонҳои кашфи Покистон ин ихтилофотро доман заданд ва дар соли 2007 бар зидди ҷангиёни кишварҳои Осиёи Миёна як қиёми хунин дар Вазиристони Шимолӣ ба вуқуъ пайваст. Толибони Афғонистон барои ором кардани ин қиём миёнравӣ карданд ва қисмати аслии ҷангандаҳои Осиёи Миёнаро ба вилояти Зобули Афғонистон интиқол доданд. Онҳо дар Зобул мисли Вазиристони Шимолӣ фаъолияти чандоне надоштанд.

Аммо дар соли 2014 Ғозӣ Усмон, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон эълон кард, ки зиндаву мурдаи Мулло Умар - раҳбари Толибон маълум нест ва ин ҳаракат байъати худ ё савганди садоқати худ ба Толибонро пас мегирад. Баъдтар эълон карданд, ки онҳо бо ДИИШ, яъне бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ҳамкорӣ мекунанд.

ҲИУ "ҶУНДУЛЛОҲ" ШУД

Муҳаммад Амин Мудаққиқ - коршиноси умури Афғонистон дар Радиои Озодӣ мегӯяд, Ҳаракати исломии Узбакистон баъд аз эълони ҳамкорӣ бо ДИИШ тақрибан якуним соли пеш номи худро ба "Ҷундуллоҳ" тағйир дод, то ҷангиёни тоҷику қирғиз, туркманҳо ва чеченҳову уйғурҳоро дар ин ташаккули худ муттаҳид созад. Вале ҳамзамон номи Ҳаракати исломии Узбакистонро чун "бренд" истифода мекунанд.

Бино ба маълумоти коршиносон, ба гурӯҳи Ҷундуллоҳ аз Тоҷикистон ононе дохил мешаванд, ки пештар дар таркиби нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон меҷангиданд, вале баъд аз имзои Созишномаи сулҳ бо давлати Тоҷикистон шарту шароити ин созишномаро қабул накарданд ва дубора дар Покистону Афғонистон ба нерӯҳои тундрави минтақа пайвастанд.

МАВСИМИ "ПУРБОР"-И ТУНДРАВҲО

Дар давоми як моҳи гузашта дар вилоятҳои Форёбу Ҷузҷон ва Сари Пули Афғонистон Ҳаракати исломии Узбакистон ё Ҷундуллоҳ рустоҳои зиёдро ба тасарруфи худ даровард. Дар ин вилоятҳо ба ҷуз аз ин ҳаракат баъзе гурӯҳҳои Толибон низ дар ҷангҳо ширкат мекунанд. Вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, яъне Кундузу Тахор ва Бадахшон низ аз баҳори соли ҷорӣ то ҳол ба саҳнаи даргириҳо табдил ёфтааст.

Кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷавоб ба ин даъвоҳо марзҳои худро таҳким мебахшанд. Коршиносон ба ин ақидаанд, ки дар ин миён марзҳои Туркманистону Тоҷикистон осебпазир мебошанд, вале Узбакистон нисбат ба ин ду кишвар аз лиҳози низомӣ омодагии бештар дорад ва нерӯҳояшро ҳам дар марз тақвият додааст. Узбакистон ҳарос дорад, ки ҷангиён мумкин аст марзи Тоҷикистон ё Туркманистонро рахна ва ба қаламрави Узбакистон роҳ ёбанд.

Вале дар дохили худи Афғонистон низ барои поксозии вилоятҳои шимолӣ ба ҷуз аз нерӯҳои артиш фармондеҳони пешини ҷиҳодӣ Атомуҳаммади Нур, волии Балх ва Абдулрашид Дустум, муовини раисиҷумҳур низ ихтилофоти пешомада баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳуриро канор гузоштаанд ва қавл додаанд, ки шимоли кишварро бо ёрии гурӯҳҳои пешини худ аз вуҷуди ҷангандаҳо пок хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG